Сафарамон бо аҳли эҷоди рӯзномаи «Овози тоҷик» ба вилояти Бухоро пурбаракат буд.
Он бо хушу хурсандӣ гузашт, аммо ман дарахтони пурсалобати Боғи Сомониён, ё худ рӯ ба рӯи истгоҳи марказии шаҳр ва байни Донишгоҳи тиббии Бухорову ҳокимияти вилоятро, ки солҳои донишҷӯӣ роҳамон борҳо аз ин ҷо мегузашт, надидам, ки таассуфовар буд...
... Агар роҳатон аз кӯчаҳои шаҳри азими Тошканд гузарад, чашматон ба ниҳолҳои арчаву дигар ороишии хушкшуда меафтад, ки ба шинонда шудани онҳо вақти зиёд нагузаштааст. Сабаби ин ба шабакаи об нодуруст пайваст гардидани он ҳудуд ё ба ҷойи ношоям шинонда шудани ниҳолҳо мебошад.
Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард, – гуфтаанд. Албатта, ба парвариши ҳар як ниҳолу то ба дарахт мубаддал гардидани он заҳмати зиёди алоқамандони ин кор ниҳон аст ва табиист, ки он арзиши моддии худро низ дорад. Дар ин ҷо суоле пайдо мешавад: касоне, ки бо ин ҷараён сарукор доранд, пеш аз оғози кор чаро чӣ гуна обёрӣ кардани замин ё мувофиқи кишту кор будани онро наандешида бошанд? Ва оё шахсони масъул, ки ба парвариши ниҳолҳои аз ҳисоби маблағи зиёди давлат харидашуда беэътиноӣ мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд?
Дар сартосари мамлакатамон пас аз ба амал татбиқ гардидани лоиҳаи «Макони сабз», ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 30 декабри соли 2021 «Дар бораи чорабиниҳои пурсамар ташкил намудани корҳои босуръати кабудизоркунӣ ва ҳифзи дарахтҳо» рӯйи кор омада буд, ҳазорон ниҳол кошта мешаванд. Корхона ва ташкилотҳое, ки ба ин лоиҳа ҳиссаи муносиби худро гузоштаанд, кам нестанд. Чунки ҳифзи табиат, мисли гавҳараки чашм нигоҳ доштани долу дарахтон дар шароити ҷаҳонии имрӯза вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад.
Олимон натиҷа гирифтаанд, ки несту нобуд гардидани як навъи дарахт сабаби аз байн рафтани 30 навъи ҳайвонот мегардад. Ҳоло ниҳолҳои аз беобию беэътиборӣ хушкшударо дида, гузаштагонамон, ки ҳатто бо тоқии сар ниҳолро обёрӣ менамуданд, ба хотирам омад.
Дарахтон дар ҳаёти мо мисли обу ҳаво нақши муҳим доранд. Моҳияти баъзеи онҳо дур аз тасаввури мост. Мисолан, решаҳои дарахтон оби қаъри заминро полуда, софу зулол мегардонанд. Ҳамаи дарахтон, бахусус, сӯзанбарг, ки баъзе намуди он бо душворӣ ба обу ҳавои мо мутобиқ мегарданд, барои ба оксиген табдил ёфтани карбонати ангидрит нақши муҳим мебозад. Аз ҳама муҳимаш, дар рӯзҳои тафсони тобистон шохаву баргҳои дарахтон гармиро дошта, ҳаворо муътадил месозанд. Хусусиятҳои шифобахшии мева бошад, боз як мавзӯи алоҳида...
Солҳои охир обу ҳавои чангу ғуборолуд, хунукиву гармии ғайримуқаррарӣ дар зимистону тобистони сол ё норасоии об барин ҳолатҳои ҷиддии табиӣ рух медиҳанд, ки ташвишамонро барои ояндаи кишвару насли наврас дучанд мекунанд. Ба андешаи мутахассисон сабаби чунин мушкилот камбудиҳое мебошанд, ки тӯли солҳо ба он дониста ё нодониста даст задаем...
Аз қадим гузаштагони мо барои фарзанди навзод ниҳолеро мешинонданд ва мисли кӯдак аз пайи парвариши он мешуданд. Агар он мевадиҳанда бошад, аз 70-80 то 100 сол, ё мисли чанор дарозумр бошад, чандин ҳазорсолаҳо умр дида, ба ҳусну зебоии табиат меафзуд.
Ба андешаи мо ҳоло вақти он фаро расидааст, ки аз як гиребон сар бароварда, аз пайи ҳаллу фасли чунин мушкилот шавем, гулбуттаву ниҳолҳоро дар вақташ обёрӣ намуда, ба хушкшавии онҳо роҳ нагузорем.
3-3,5 сол пеш аз ин хабаре гӯшраси мардум гардид, ки дар мавзеи бо сояву салқинии худ ба маскани дӯстдоштаи мардум табдилёфтаи маркази шаҳри Тошканд — Чойхонаи «Гунбадҳои сабз» иншооти маъмурие барпо мегардад. Шаҳрвандони зиёди пойтахт ва бахусус, донишҷӯён баҳри нигоҳ доштани он дар ин ҷо ҷамъ омаданд ва аз ҳокими онвақтаи шаҳр хоҳиш намуданд, ки иншоот нигаҳ дошта шавад.
Хурсандиовар он буд, ки аксари иштирокдорони намоиш ҷавонон буданд, ки ба сарнавишти табиату гирду атроф беэътибор нестанд. Мо фардои кишвару модар-табиатро ба чунин ҷавонони ватандӯст бо боварии комил супорида метавонем.
Набия НОДИРОВА,
мухбири «Овози тоҷик».