Медиаширкати куриёии "Channel News Asia - CNA" дар бораи Ӯзбекистон барнома омода мекунад

Аз 14 то 18 июн Вазорати фарҳанг ва варзиш сафари намояндагони клуби хабарнигорони хориҷии Куриёро (Seoul Foreign Correspondents’ Club) ва медиаширкати "Channel News Asia – CNA"-ро ба Ӯзбекистон ташкил менамояд.

Гурӯҳи наворбардорӣ дар бораи фарҳанги бой, анъанаҳо, имкониятҳои сайёҳии кишвари мо, шаҳрҳои бостонӣ, маконҳои фарҳангию таърихӣ, истироҳатгоҳҳо, анъанаҳои гастрономӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин шароите, ки барои сайёҳон муҳайё шудааст, барои пахш даро барномаҳои канали CNA намоиши махсус омода мекунад.

Тибқи барнома, наворбардорӣ дар мавзеъҳои фарҳангию таърихии шаҳри Тошканд, вилоятҳои Самарқанд ва Хоразми кишвари мо ба нақша гирифта шудааст.

Барои маълумот, клуби мухбирони хориҷии Сеул (Seoul Foreign Correspondents‘ Club) 1 июни соли 1956 дар Сеул таъсис ёфта, ассотсиатсияи хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ мебошад. Ҳоло дар байни 500 нафар аъзоёни он зиёда аз 100 нафар мухбирони матбуоти хориҷӣ ҳастанд.

"Channel News Asia" шабакаи пешрафтаи хабарии Осиё бо забони англисӣ мебошад, ки моҳи марти соли 1999 аз ҷониби "Mediacorp" дар Сингапур таъсис ёфтааст. Идораи марказии он дар Сингапур буда, мухбиронаш дар 27 кишвари ҷаҳон кор мекунанд.

Телевизиони мазкур на танҳо дар Кореяи Ҷанубӣ, балки дар Осиё ва Аврупо рейтинги баланд дорад ва пахши наворҳои видеоӣ дар бораи Ӯзбекистон ҳамчун таблиғи муассири иқтидори сайёҳии ҷумҳурии мо ва афзоиши гардиши сайёҳон аз ин кишварҳо хидмат хоҳад кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: