Бузургонро бузургон зинда медоранд
Сиву анде сол қабл буд. Дар бемористоне дар Маскав бистарӣ будам. Сулаймон Лоиқ шоири хуби Афғонистон, ки он замон вазири ақвом ва қабоил буд, дар утоқи паҳлӯии ман бистарӣ буд. Аксаран дар тайи рӯз ҳамдигарро медидем. Ошиқи Афғонистон ба пашту шеър мегуфт ва дилбастаи Бедилу Ҳофиз. Асрҳангом буд, ки ба ман гуфт: рафиқ, соате дигар Расул Ҳамзатов – шоири бузурги Доғистон ба дидорам хоҳад омад. Биё, ки мутарҷим низ хоҳад дошт. Бисёр ширинсухан аст. Аз хушҳолӣ сар аз по намешинохтам. Қабл аз хориҷ шуданам аз Эрон китоби шеъргунаи ӯ «Доғистони ман»-ро бо тарҷумаи хуби Ҳабибуллоҳ Фурӯғиён хонда будам. Ҳанӯз шурӯи китобро бар ёд дорам. «Сахт чӯбе, сахт симе, сахт пӯст, Аз куҷо меояд ин овои дӯст!» навишта бар дастаи торе.
Китоб саросар ишқ буд ва муборизаи як халқ барои озодӣ! Шӯр буд, зиндагӣ буд, ҳамроҳи мусиқӣ ва шаробе, ки сармаст мекард, ба кӯҳҳои саҳаромези Қафқоз мебурд, чархе мезад дар муқобили зеборӯйе меистод, шеъре мехонд. Аз оби чашмаҳо менӯшид ва ба нахустин хонае, ки мерасид, бар дар мекӯбид ва чунон соҳиби хона ворид мешуд. Бар сари суфрае менишаст: «Агар ба сари замини ман ворид шудед, пушти панҷараи ҳар хона чароғи равшане дидед, бидонед, ки дар хонаанд ва чароғ барои рӯшан кардани роҳи ғарибе ниҳодаанд, бар даре бикӯбед! Дар хоҳанд кушуд, дар оғӯшат хоҳанд гирифт. Меҳмон бар дар истодааст, чӣ башорате зеботар аз ин. Бар ҳар чашмае расидӣ, зону бизан, кафе аз оби он бинӯш, мардоне қабл аз ту бар он зону задаанд, баргашта аз ҷанг хаставу ташна. Ҳоло соате баъд ӯро хоҳам дид.
Соате баъд дар канори ҳам нишаста будем. Бо ҷаъбае мамлӯ аз меваҳои Доғистон. Бо анорҳои сурх ва дурушт, ки бо худ оварда буд. Дидани як эронӣ барояш бисёр лаззатбахш буд.
«Ту аз сарзамини Ҳофизу Хайём меоӣ?
Ман бандаи он дамам, ки соқӣ гӯяд,
Як ҷоми дигар бигиру ман натвонам».
Эрон сарзамини ман низ ҳаст. Рӯҳи ман он ҷо дар боғҳои Нишопур ҳамроҳи Хайём, дар боғҳои Шероз канори оби Рукнобод дар гулгашти Мусалло ҳамроҳи Ҳофиз мечархад. Бо зеборӯёни сияҳчашм менишинад ва аз бодаҳои куҳани Шероз маст мешавад.
Сухан мегуфт, шеър мехонд. Сурате нисбатан чоқу дилчасп дошт, бо ду чашми шӯху дурахшон, ки шӯри дарунашро мунъакис мекарданд.
Ман ҳар замон, ки даст дар гардани ёреву қадаҳи бода дар боғҳои Доғистон мегардам, Хайём бо ман аст. Дар гӯшам замзама мекунад! «Расул зиндагӣ гузаро аст! «Ин як дами умрро ғанимат шумар, ки агар аз ин дайри фано даргузарӣ, бо ҳафтҳазорсолагон сарбасарӣ».
Аз сафараш ба Эрони замони шоҳ мегӯяд.
Солҳо қабл буд, ки барои бузургдошти Хайём ба Эрон даъват шудам. Ба унвони раиси Иттиҳодияи нависандагони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ. Шӯру шавқам барои рафтан ба Эрон – сарзамини афсонавӣ бепоён буд. Дар хилвати худ борҳову борҳо дар Эрон гардида будам. Ҳисҳои ғарибе манро бо ин сарзамин пайванд медод ва Хайём асоси он буд. Зиёрати мазоре, ки марде ба бузургии коинот дар он хуфта буд. Мазоре, ки ҳар баҳор гулафшон мешавад ва шукуфаҳо онро дар худ мегиранд.
Ба Махачқалъа рафтам. Суроғи куҳантарин бода ва ду соғари қадимӣ, ки мешуд ёфт гирифтам. Тамомии Доғистон хонаи ман аст! Расул фарзанди шоирашон – фарзанди ҳар доғистонист. Ҳама ба ҷунбуҷӯш афтоданд. Расул дунболи як бодаву ду соғари қадимӣ аст.
Бароям шаробе бисёр куҳан ҳамроҳи ду соғари чандсадсола оварданд. Дар кифам ниҳодам ва чанд рӯз қабл аз барпоии маросим дар Теҳрон будам. Истиқболи гарму самимӣ. Аз меҳмондоронам хоҳиш кардам дар ин фурсати чандрӯза қабл аз маросим манро ба оромгоҳи Хайём бибурданд. Ҳамон рӯз аҷоиб шуд. Ман ба Нишопур рафтам. Сафаре дар рӯъё! Гӯйи ба аъмоқи таърих бармегаштам. Асрҳангом ба Нишопур расидем. Ҳама чиз дар ҳуллае аз зебоӣ печида буд. Суруде куҳану ошно ба гӯшам мерасид. Борбаде мезад, зуҳрае дар рақс буду ман шоири сармаст ғӯтавар. Кафе афюнхӯрда аз уқёнуси шеъру адаби форсӣ.
Гуфтам мехоҳам маро ёрӣ кунед! Изнам диҳед, ки тамомии шаб бар болои хоки Хайём бишинам ва бо ӯ бода бихурам. Ин танҳо хости ман аз шумост! Зеботарин шаби зиндагиам! Шабҳангом буд, ки аз даштҳои бостонӣ гузаштем ва ба оромгоҳи Хайём даромадем. Аз ҳамраҳонам хостам, ки манро танҳо бигзоранд. Мӯза аз пой кашидам, бар даргаҳаш ба эҳтиром таъзим кардам. Ором бар канори мазораш нишастам. Дар канори марде, ки нодираи замон буд ва нигоҳаш ба ҷаҳон якто! Ба осмони пурситораи Нишопур нигаристам, ба ситорагоне, ки қарнҳо қабл чашмони пурсишгару кунҷкови ӯ бар он нигариставу расад карда буд. Баргарданда фалаке, ки ҳанӯз дар кор аст ва муаммояш нохонда.
Фарзонамарде ошиқ, ки ҳоли даст бар хокаш ниҳода будам. Тапиши қалби ӯро аз варои қарнҳо эҳсос мекардам. Ҷоми латифе, ки суратгари даҳр сохтаву чархи фалакаш бар замин кӯфта буд. Ашке, ки ҳам аз дард буд ва ҳам аз шавқ чеҳраамро пӯшонда буд. Бода берун кашидам! Соғарҳо даровардам! Соғаре бар канори санги ӯ ва соғаре бар даст. Ҳар ду соғар пур аз бода кардам... Хоки ӯро бӯса задам, ҷуръае бар хоки ӯ афшондам ва ҷуръае бо ёди ӯ нӯшидам.
Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад,
Дарёб даме, ки бо тараб мегузарад.
Соқӣ, ғами фардои ҳарифон чӣ хурӣ?
Пеш ор пиёларо, ки шаб мегузарад!
Тамомии шаб нӯшидаму нӯшид. Тамошогар бӯстон, ғарқшудаву ҳайрон дар осори сунъ. Саранҷом маст аз бода сар бар сангаш ниҳодам ва хуфтам. Ӯ низ ором хуфта буд.
Ҳанӯз он ду соғарро дорам, соғаре, ки Хайём мутаҳҳараш сохта! Соғари дигаре, ки манро ба меъроҷи ӯ бурдааст! Субҳ кашон-кашон шоиреро, ки тамомии шаб бо Хайём бода зада буд, ба иқоматгоҳаш мебурданд.
«Ман бандаи он дамам, ки соқӣ гӯяд, Як ҷоми дигар бигиру ман натвонам».
Абулфазл МУҲАҚҚИҚӢ.
ш. ТОШКАНД.