Шавкат Мирзиёев: Дар асоси тамоми ҳаракатҳоямон гиромидошти қадри инсон ниҳон аст

Президент Шавкат Мирзиёев ба мактаб-интернати № 59 шаҳри Самарқанд ташриф овард.

Муассиса соли 1974 сохта, соли 2009 аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Дар биноҳои таълимӣ, хобгоҳ ва ошхона шароитҳои зарурӣ мавҷуданд. Имрӯз дар ин ҷо 259 кӯдаки нобино таҳсил мекунанд.

Дар мактаб маҳфилҳои илмию мусиқӣ амал мекунанд. Бисёр хонандагон дар санъат ва спорт ба муваффақиятҳои байналхалқӣ ноил шуданд. Соли гузашта аз 19 нафар тамомкунандагони мактаб-интернат 9 нафарашон ба донишкадаҳои олӣ дохил шуданд.

Сарвари давлат бо хонандагону омӯзгорон суҳбат кард. Онҳо хотираҳои худро дар бораи он, ки чӣ гуна Шавкат Мирзиёев соли 2003 ҳангоми ҳокими вилояти Самарқанд будан аз ин муассиса дидан кард баҳам дида, ба давлат барои шароит дар мактаб ва имтиёзҳо ҳангоми дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ изҳори сипос карданд.

 – Дар асоси тамоми ҳарактҳоямон мақсади баланд бардоштани қадру қимати одам ниҳон аст. Имрӯз ман ба ин ҷо барои он омадам, ки  хоҳиш ва мушкилоте, ки  шуморо ба изтироб меоранд, фаҳмам. Мақсади мо аз фароҳам овардани шароит барои маълумоти хуб гирифтан, кори муносиб пайдо намудан,  ҷойгоҳи худро ёфтани шумо дар ҷамъият иборат аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Омӯзгорон норасоии китобҳои нави дарсӣ, бахусус китобҳои забонҳои хориҷӣ, инчунин клавиатураҳои компютерӣ бо хатти Брайлро қайд карданд. Равоншиносони салоҳиятдоре, ки бо бачаҳои имконияташон маҳдуд кор кунанд, каманд.

Президент таъкид кард, ки бо назардошти ҳамаи мушкилоти гуфташуда, имконот барои нобиноён васеъ мегардад.

– Мо чунин қарор қабул мекунем, ки мувофиқи он таълими касбу ҳунар пеш аз ҳама дар мактаб сурат мегирад. Ҳар як мактаби олӣ, ҳар як ташкилот барои нобиноён квотаҳои алоҳида хоҳад дошт. Дар ин бобат аз ҳама мураккабтаринаш таълими томактабист. Аз ин рӯ, бояд дар назди ҳар як мактаб-интернат кӯдакистон бунёд карда шавад, – гуфт роҳбари давлат.

Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки лоиҳаи ҳуҷҷати дахлдорро таҳия намоянд.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: