Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро бо пирӯзии боварибахшаш дар интихоботи президентӣ табрик кард.
Дар паёми роҳбари давлатамон қайд карда мешавад, ки иштироки баланди интихобкунандагон ва натиҷаҳои овоздиҳӣ бори дигар эътимоди бечунучарои аҳолӣ ва дастгирии қавии мардумро аз роҳи сиёсӣ ва барномаи ислоҳоти иҷтимоию иқтисодии Владимир Путин равшан нишон дод.
Роҳбари мамлакати мо ба Президенти Русия самимона саломатӣ, шукуфоӣ ва дар фаъолияти давлатиаш муваффақиятҳои калон ва ба мардуми Русия сулҳу шукуфоӣ орзу кард.