ТАБРИК БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҚУРБОН БА МАРДУМИ ӮЗБЕКИСТОН

Ҳамватанони азиз!

Самимона, аз таҳти дил шумо, тамоми мусулмонони мамлакат, ҳамаи халқамонро бо ҷашни аҷоиб, ки некӣ, шафқат ва меҳрубониро таҷассум менамояд – Иди қурбон табрик менамоям, ки онро бо хушнудии беҳад бо тамоми уммаи ислом якҷоя қайд менамоем, ба шумо эҳтироми амиқ ва беҳтарин орзуҳоро таманно менамоям.
Дар ин рӯзҳо, вақте ки қалбҳоямон аз хушнудӣ ва некӣ дурахшон мегардад, мо пеш аз ҳама шукри Худованд менамоем, ки якҷоя бо мардумамон Иди қурбонро дар фазои сулҳ ва оромӣ пешвоз мегирем.
Ғояҳои олии сулҳу дӯстӣ ва инсондӯстӣ, ки меҳвари ин ҷашни муқаддасро ташкил менамояд, бо ислоҳоти ҷории Ӯзбекистони Нав, мақсад ва вазифаҳои олиамон ҳамоҳанг ва ҳамнаво ҳастанд.
Нақш ва аҳамияти чунин арзиш ва ҷашнҳои аслӣ дар ҳаётамон, мисли Иди қурбон афзун мегардад, ки он ба дар ҳар як маҳалла, ҳар як шаҳру деҳа, дар тамоми ҷамъиятамон барои пурзӯр гардидани фазои сулҳ ва фараҳмандӣ, эҳтироми ҳамдигар, таҳаммул ва салоҳ мусоидат менамояд.
Аз фурсат истифода намуда, ба ҳамватанони азизамон, ки бо меҳнати пурмашаққати худ ба таъмини озодӣ ва ҳаёти фараҳнок, шараф ва арзиши ҳар як инсон саҳми муносиб мегузорад, миннатдории самимӣ изҳор менамоям.
Дӯстони азиз!
Тавре ки маълум аст, солҳои охир дар Ӯзбекистон корҳои зиёд дар заминаи инкишоф ва ғанӣ гардондани арзишҳои миллӣ ва маънавӣ, таъмини озодии виҷдон ва эътиқод ба амал оварда мешавад.
Ба шарофати имконоте, ки барои мусулмонони мамлакатамон фароҳам оварда шудааст, дар рӯзҳои Иди қурбон 15 ҳазор нафар ҳамватанонамон дар Макка зиёрати ҳаҷро ба амал меоранд. Ҳамаи онҳоро бо ин ҷашни бузург табрик менамоем ва аз Худованд илтиҷо мекунем, ки дар ин рӯзҳои шариф дуоҳои онҳоро дар бораи шукуфоии Ватан, некуаҳволии халқ, хушбахтии оилаҳоямон иҷобат намояд.
Мо, бешубҳа, минбаъд низ барои ба ҳаёт татбиқ намудани орзуву омоли мардуми гуногунмиллат ва гуногундинамон, ҳифз ва инкишофи анъана ва арзишҳои тамоми халқу миллатҳо, ки намояндагони онҳо ин мамлакати аҷоибро Ватани худ мешуморанд, эътибори алоҳида медиҳем.
Боварӣ дорам, ки бо кӯшиши муштарак мо Ӯзбекистони Навро ба мамлакате табдил медиҳем, ки дар он дӯстӣ ва таҳаммул ҳукмронӣ намуда, дар он ҳар як шаҳрванд новобаста аз миллат, забон ва дин дар фазои озодӣ ва сулҳу фараҳмандӣ зиндагӣ хоҳад кард.
Тамоми мусулмонони хориҷии дуру наздикро самимона бо ин ҷашни муқаддас табрик намуда, барояшон тараққиёт ва шукуфоии мамлакат ва халқҳояшонро хоҳонем.
Ҳамватанони муҳтарам!
Бинобар анъанаи неке, ки вақтҳои охир дар мамлакатамон ҷорӣ гаштааст, имсол низ ба муносибати ҷашни Иди қурбон рӯзҳои иловагии истироҳатӣ эълон гаштааст.
Бовар дорам, ки Ид ал-адҳаи муқаддас ба ҳар як хонавода, ҳар як хонадон хушӣ ва кайфияти аъло меорад.
Барои мо ин боз як имконияте мебошад, ки аз маконҳои муқаддас зиёрат ба амал оварда, ба аёдати калонсолон, ба падарон ва модарони солхӯрда, хешон ва қарибон рафта, ба эҳтиёҷмандон кумак мерасонем, дар мамлакат саёҳат мекунем.
Бори дигар шумо, ҳамватанони азиз, тамоми халқамонро бо ҷашни Иди қурбон табрик менамоям, мехоҳам, ки онро бо мазмун, дар доираи оила, дӯстон ва наздикон гузаронед.
Бигзор, дар ин ҷашни нурафшон тамоми орзу ва умедҳои некамон ҷомаи амал пӯшанд!
Бигзор, дар мамлакатамон сулҳу субот ҳамеша ҳукмрон бошад!
Бигзор, Худованд кори моро дар тамоми умури некамон мададгор бошад!

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекисто
н.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: