Сарвари давлатамон дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон соли 2023-ро «Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат» эълон кард, ки ба зиммаи омӯзгорон масъулияти бузургеро гузошт.
Зи илму касби обо тӯша андӯз,
Дигар илму забони аср омӯз.
Тошхӯҷаи АСИРӢ.
Сарвари давлатамон дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон соли 2023-ро «Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат» эълон кард, ки ба зиммаи омӯзгорон масъулияти бузургеро гузошт. Зеро, рушди ҷамъият ба дараҷаи шуур ва сатҳи дониши инсонӣ вобастагӣ дорад. Чунки пешравии ҷамъият ва ҳалли аксари мушкилоти иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ба таълими босифат вобаста аст. Боиси хушнудист, ки бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президент дар кишварамон шумораи муассисаҳои таълими олӣ 2,5 баробар афзуда, ба 198-то расид.
Яке аз мактабҳои олии навтаъсис Донишкадаи педагогии Ӯзбекистон – Финландия мебошад, ки дар тасарруфи Донишгоҳи давлатии Самарқанд аст.
Агар кас ба ҳудуди донишкада ворид шавад, нигоҳаш ба муҷассамаи муҳташами асосгузори адабиёти навини тоҷик, Устод Садриддин Айнӣ афтода, чунин ба назар мерасад, ки гӯё ӯ ба ташрифовардагон «хайра мақдам ба олами дониш!» гуфта истодааст. Бояд тазаккур дод, ки замоне дар ин ҷо Донишкадаи педагогӣ ба номи Устод Айнӣ ташкил шуда, писаракону духтаракон аз тамоми гӯшаву канори кишварамон таълиму тарбия мегирифтанд. Таърих гувоҳ аст, ки Устод Айнӣ дар ҷунбиши ҷамъияти ҷадидҳо ширкат варзида, дар ташкили мактабҳои усули нав ва маорифпарварӣ саҳми арзанда гузошта, шеърҳои «Нидо ба ҷавонон», «Заминро нафурӯшед» далели фикри мо аст. Афсӯс, ки бо баъзе сабабҳо ин маскани таълим барҳам хӯрд.
Ҳоло дар асоси фармони Президент доир ба ривоҷ додани Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар тасарруфи он Донишкадаи педагогии Ӯзбекистон – Финландия таъсис ёфааст. Мо оиди кору фаъолияти мактаби олии навтаъсис бо ректори он, доктори фанҳои фалсафа (PHD) Акбар Сафаров суҳбат ороста, ба чанд пурсиши худ посух гирифтем.
– Дар масъалаи таълиму тарбия ва педагогика Финландия дар дунё пешқадам аст, – гуфт дар оғози суҳбат Акбар Сафаров, – ана барои чӣ бо ин мамлакат шартномаи ҳамкорӣ бастем. Имрӯзҳо чанд нафар омӯзгорон аз Финландия ба Самарқанд омада, ба талабагон сабақ медиҳанд. Дар донишкадаи мо ба масъалаи педагогика тарзи навини устодӣ, яъне муаллимӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Зеро мақсади мо тайёр кардани мутахассисони баландихтисос барои мактабҳо аст.
– Дар донишкада самтҳои таълим ва омӯхтани фанҳо ба кадом забонҳо мебошад?
– Устодон ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва хориҷиён ба англисӣ дарс гузашта, бо мақсади бевосита ба амалиёт пайвастани ҷараёни таълим дар мактабҳои миёнаи вилоят таҷрибаомӯзӣ мекунанд. Боз як навид он аст, ки хатмкунандагон соҳиби ду диплом – донишкадаи мо ва Финландия хоҳанд шуд. Ҳоло дар институт аз кишвари ҳамкор чанд нафар профессору омӯзгорон сабақ медиҳанд. Инчунин бо донишгоҳҳои Финландия ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон ба раванди таълим ба тарзи онлайн ҷалб карда шудаанд.
– Дар кадом факултаҳо гурӯҳҳои тоҷикӣ арзи вуҷуд дорад?
– Математика ва информатика, физика ва астрономия, кимиё, биология, таълими томактабӣ, омӯзиши технология тоҷикони вилояту ҷумҳурӣ ба забони модарии худ сабақ мегиранд.
– Таъминот бо китобҳои дарсӣ ва омӯзгорон чӣ хел аст?
– Ана ҳамин масъала муаммо мебошад. Мехостам дар ин мавзӯъ мудири кафедра, доктори фанҳои педагогӣ Фирӯза Ҳамроева ҷавоб диҳад.
– Мо ҳайрон, – сухан оғоз кард Фирӯза Асроровна, – тибқи қарордод 13-16-уми марти соли равон дар шаҳри Душанбе анҷумани ректорони донишгоҳҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор шуд, вале институти моро таклиф накарданд, гарчанд гурӯҳҳои тоҷикӣ дорем ва шартнома оиди ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баста шудааст.
– Фаҳмо, таъминот бо китобҳои дарсӣ чӣ хел?
– Соли гузашта бо имзои собиқ роҳбари донишкадаи мо А. Бегматов ба номи вазири таълими халқи Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода мактуб ирсол гардид, ки бо китобҳои дарсӣ кумак диҳад. Ҷавоб нашуд. Чанд маротиба занг зада илтимоси хешро гуфтем, аммо то ҳол ваъда ҳаст амал нест. Чӣ ҷойи руст кардан аст, мушкили омӯзгорон низ вуҷуд дорад. Ба наздикӣ сафар ба шаҳри Хуҷанд пешбинӣ шудааст. Умедворем, ки дар асоси шартнома баъзе мушкилоти мо ҳалли худро хоҳанд ёфт…
– Самарқанд шаҳри пурҷозиба ва бостонӣ буда, солҳои мактабхонӣ бо ин гӯшаи афсонавӣ шинос шуда будам, – иброз дошт профессор Ҳанне Коллӣ, – бинобар ҳамин, таклифи ҳамкориро пазируфта омадам. Қариб ду моҳ аст, ки дар факултаи таълими тоибтидоӣ ба талабаҳои самарқандӣ дарс гузашта, бо таҷрибаи Финландия шинос мекунам. Хушҳол ҳастам, ки шогирдонам бо шавқу завқ аз усулҳои таълиму тарбияи кишвари мо баҳраманд мегарданд. Таъкид кардан ҷоиз аст, ки бачагони то синни мактабӣ хотираи мустаҳкам доранд. Пӯшида нест, ки онҳо низ ба телефон ва ҳар гуна бозиҳо дилбаста ҳастанд. Мо ҳатто тавассути телефон дар қалби онҳо муҳаббат ба фанҳои табиӣ – биология, математика, кимиё, физика ва ғайраро бедор мекунем. Охир ба қавли сарвари давлати шумо Шавкат Мирзиёев Ренессанси саввумро онҳо бунёд мекунанд. Ва барои ба муроди дил расидан илму дониш лозим. Неъмати бузург илм аст.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.