ЧОРАБИНИИ ХОТИРА ВА ХАЙРИЯ

Он солҳо ҳам чун дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳама ҳар чӣ зудтар ором шудани вазъи ноороми кишвари Афғонистонро орзу мекард.

 Онҳое, ки фарзандашон ба ин кишвар барои хидмати аскарӣ рафтааст, мунтазири номаи шодбошии ӯ буданд. Ҳар як номаеро, ки хаткашон меовард, волидайн ба дастони ларзон қабул карда, бо овози гирифта мехонданд. Чун аз сиҳҳатии фарзанд воқиф мегаштанд, аз умқи дил як нафаси ризомандӣ кашида:
«Шукри Худо! Сиҳҳату саломат аст», мегуфтанд. Модарон хуфту хобро фаромӯш карда буданд. Умри азизи  онҳо бо раҳпоиву  интизориҳо мегузашт. Рӯз мешумурданд, ки хидмати сарбозӣ сипарӣ шаваду фарзанди ба дилу ҷон пайвандашон боз ба Ватан баргардад... 
Дар вохӯрӣ ва мулоқотҳое, ки дар муассисаҳои таълимӣ миёни мактабиёну ҷанговарони «афғон» баргузор мегардад, ҳама ба нақли онҳо гӯш медиҳанд, ба саргузашташон таваҷҷуҳ  зоҳир мекунанд. 
Ба қатъ гардидани амалиётҳои ҳарбӣ дар Афғонистон 35 сол пур шудааст. Ба ин муносибат дар шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои хотира ва хайрия баргузор мешаванд. Мувофиқи маълумот танҳо аз вилояти Ҷиззах дар ин амалиётҳои ҳарбӣ 1956 нафар иштирок намудаанд. 35 нафари онҳо ҳалок шудаанд, 318 нафарашон бинобар ҷароҳатҳои вазнин як умр маъюб мондаанд. 186 нафари дигар ногиро баргашта, дар Ватан фавтиданд.
Ба муносибати 35-солагии қатъи амалиётҳои ҳарбӣ дар Афғонистон дар вилояти Чиззах  маросим ба амал омад. Дар он кормандони ҳокимияти вилояту шаҳр, садорату идораҳо, ҷавонон, донишҷӯён, хонандагони мактабҳо ширкат ҷустанд ва ба пояи муҷассамаи ёдгории майдони «Хотира», воқеъ дар шаҳри Ҷиззах гул гузоштанд. Ба поси хотири ҷанговарон лаҳзае  сукут варзиданд. Сипас аз ҷасорату мардонагии онон ёд оварданд, ба рӯзгори орому осудаи кунунӣ шукронаҳо гуфтанд.
Дар тарабхона барои 400 нафар иштирокдорони ин ҷанг зиёфат ороста шуд ва консерт барпо гардид. Ба ҷанговарон ва аҳли  оилаи онҳо туҳфаҳо тақдим шуданд.

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: