Яке аз ҳодисаҳои муҳими иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳафтаи равони кишварамон 23-24 июни соли равон баргузор шудани ҷамъомади VI вазирони сайёҳии кишварҳои туркизабон дар шаҳри Қӯқанди латиф мебошад.
Яке аз ҳодисаҳои муҳими иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳафтаи равони кишварамон 23-24 июни соли равон баргузор шудани ҷамъомади VI вазирони сайёҳии кишварҳои туркизабон дар шаҳри Қӯқанди латиф мебошад.
Дар ҷамъомад раиси Шӯрои давлатҳои туркизабон Бағдод Амриев, вазирони туризм ва варзиши ҷумҳуриҳои Туркия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, намояндаи департаменти туризми кишвари Маҷористон ширкат карданд.
Барои инъикоси раванди ҷамъомади вазирони кишварҳои туркизабон ва ҳодисаҳои дигари марбут ба он гурӯҳи калони журналистони маҳалливу хориҷӣ, блогнависон даъват шуда буданд ва он аз тариқи расонаҳои мухталиф, садову симо ва интернет инъикос гардид.
Ба ҳайси ҳадафи асосӣ дар меҳвари ҷамъомад масъалаҳои барқарор намудани сайёҳӣ дар байни давлатҳои узви Шӯрои кишварҳои туркизабон дар давраи баъд аз пандемия, татбиқи лоиҳаи “Зиёрати табаррук”, ворид кардани шаҳри Қӯқанд ба барномаи “Роҳи абрешими замонавӣ”, ба роҳ мондани хати парвозҳои байналмилалӣ дар миёни шаҳрҳои бузурги ин давлатҳо муҳокимаву баррасӣ гардиданд.
Муовини Сарвазир – вазири туризм ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов дар маросими ифтитоҳи ҷамъомад ҳамтоёни худро ба шаҳри Қӯқанди латиф хайрамақдам гуфт. Вай афзуд, ки ин ҷамъомад бори нахуст дар Ӯзбекистон чунин доманфарох ва бошукӯҳ баргузор мегардад.
– Бояд тазаккур диҳам, ки чаро барои баргузории ин ҷамъомади байналмилалӣ маҳз шаҳри Қӯқандро интихоб кардем. Шаҳри Қӯқанд аз шумори шаҳрҳои таърихии Шарқ маҳсуб меёбад. Он дар канори худ бештар аз 200 нафар фарзонагонро зодаву парвардааст. Аз зумраи Гулханӣ, Махмур Ғозӣ, Муқимӣ, Фурқат, Анбар Отун, Зинат, Нодира, Увайсӣ ва дигарон дар равнақи илму фарҳанг нақши муассир бозидаанд,– гуфт Азиз Абдуҳакимов.
Ба таъкиди мавсуф ин шаҳри қадимӣ таърихи дуру дароз дорад ва асрҳо ба ин сӯ ба ҳайси маркази ҳунармандӣ, шеъру адаб ва фарҳанг, тиҷорату савдо шӯҳрат пайдо кардааст. Барои ҳамин бо баргузор намудани ин ҷамъомад кишварҳои Шӯрои давлатҳои туркизабон метавонанд дар бобати рушди сайёҳӣ ҳамкориҳои худро ривоҷ диҳанд.
– Пандемияи COVID – 19 дар радифи кишварҳои олам Ӯзбекистонро дар канор нагузошт. Бо вуҷуди ин, Ӯзбекистон талош ба харҷ медиҳад, ки туризм беш аз пеш ривоҷ ёбад ва ташрифи сайёҳон рӯ ба афзоиш оварад. Дар ин замина ҳукумати Ӯзбекистон аз фаъолиятҳои соҳибкорони соҳаи туризм пуштибонӣ ва аз он хеле моҳирона истифода мебарад, – иброз дошт А. Абдуҳакимов. – Забон, дин, таърих ва фарҳанги мо муштараканд, барои ҳамин созмони Шӯрои давлатҳои туркизабон ҳамеша пойдору барқарор боқӣ хоҳад монд. Мувофиқи суннат ва расму ойини мардуми мо барои ҳифзи робитаҳои хешутаборӣ бояд ба назди якдигар ташриф оварду меҳмон шуд, аз ҳоли якдигар хабар гирифт. Ин одати деринаи ниёкони мо тавассути туризм метавонад дубора эҳё гардад ва пешрафт намояд. Яке аз масъалаи муҳим, ривоҷ додани логистикаи нақлиёт дар байни кишварҳои туркизабон ва давлатҳои нозири он мебошад. Ин тақозо менамояд, ки пеш аз ҳама, мардуми олами турк тавассути парвозҳои мунтазам ва чартерӣ, қатораҳои туристӣ, ҳаракати автобусҳо ба кишвари якдигар равуо кунанд. Истифодаи мошинҳои шахсӣ низ аз тариқи фароҳам овардани шароит ва имкониятҳои лозимӣ туризмро фақат ривоҷ хоҳад дод.
Пешниҳод мекунам, ки дар назди Шӯрои давлатҳои туркизабон ва бо маблағи худи он Хазинаи ҳифзи объектҳои мероси фарҳангӣ таъсис ёбад. Ғайр аз ин, таҳияи тақвими чорабиниҳои ягонаи фарҳангӣ ва сайёҳӣ низ аз масъалаҳое мебошанд, ки мо онро бояд матраҳ намоем. Ин мусоидат хоҳад кард, ки бозиҳои мардумӣ, мисли бузкашӣ, дорбозӣ, кураш, тирпарронӣ аз камон, сангбардорӣ ва мусобиқаҳои бахшиён дар гирифтани пеши роҳи азбайнравии суннатҳои мардуми мо омили муҳим шуда хидмат кунад.
Дар ҷамъомад Дабири кулли Шӯрои кишварҳои туркизабон Бағдод Амриев ба сухан баромад. Вай доир ба рушду ривоҷи туризми кишварҳои узви шӯрои мазкур фикру ақидаҳои худро баён кард. Бағдод Амриев пешниҳод дар бораи номзадии шаҳри Қӯқандро ба ҳайси пойтахти туризм хеле гарм истиқбол гирифт ва вазирони туризмро ба пазируфтани ин пешниҳод даъват кард. Баъди муҳокимарониҳо ва ибрози назар вазирон бо як овоз қарор қабул карданд. Шаҳри Қӯқанд аз соли 2022 пойтахти сайёҳии ҷаҳони турк эълон гардид. Калиди рамзии “Пойтахти туризм” ба ҳокими шаҳри Қӯқанд Маъруфҷон Усмонов дар шакли тантанавӣ супурда шуд.
Дар доираи ҷамъомад меҳмонон аз маркази ҳунармандони вилояти Фарғона, воқеъ дар шаҳри Марғелон боздид карданд. Онҳо бо ҷараёни бофтани матоъҳои атласу адрас, рангубордиҳии он ошно шуданд. Баъд тамошои намунаҳои либосҳои атласу адраси ин марказ, ки хеле хуб ороиш шуда буданд, онҳоро мафтун намуд.
Дар идомаи сафар меҳмонон дар иҳотаи журналистону блогнависон ба Маркази байналмилалии кулолгарии Риштон ташриф оварданд. Дар ин ҷо онҳо медиданд, ки барои кулолони риштонӣ давлати Ӯзбекистон чи гуна шароити хубу созгор фароҳам овардааст. Арзи вуҷуд намудани бист хонаи дуошёнаи зебо ва бо тарҳи олиҷаноб меъморишуда таваҷҷӯҳи онҳоро ба худ ҷалб намуд. Ошёнаи аввали он ба ҳайси корхонаи кулолгарӣ ва ошёнаи дуюми он манзили зисти кулолон муқаррар шудааст.
Устоёни халқии Ӯзбекистон Алишер Назиров ва Шарофиддин Юсуфов ба меҳмонон доир ба ин ҳунари мардумии шаҳристони Риштон маълумот доданд. Баъд шогирдони онҳо барои меҳмонон дарси маҳорат гузаштанд. Тамошои осорхонаи ин маркази кулолгарӣ низ дар меҳмонон таассуроти хуб гузошт.
Сафари меҳмонон дар маркази саломатӣ ва парвариши гиёҳҳои дорувори “Меҳригиё”-и ноҳияи Учкӯприк идома намуд. Ҳамчунин, шиносоӣ бо фаъолияти Донишгоҳи Қӯқанд, боздид аз Ӯрдаи Худоёрхон, истиқболи гарму ҷӯшони дастаҳои фолклорӣ дар ин ҷо низ барои меҳмонон ҳодисаи ғайримунтазир буд. Баъд марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Меҳмонон таҳти сарварии Азиз Абдуҳакимов дар ин марафон бевосита ширкат карданд ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Қӯқандро бо ҷавонони зиёди маҳаллӣ бо велосипед давр заданд.
Ҷамъомади VI-и Шӯрои давлатҳои туркизабон дар шаҳри Қӯқандро шоми 24 июн тақдими галаконсерт ҳусни анҷом бахшид.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири махсуси
“Овози тоҷик”.
ТОШКАНД – ҚӮҚАНД –
ТОШКАНД.