ЗАВҚИ ЗИНДАГӢ ДАР ШАРОИТИ ЗАМОНАВӢ

  • ЗАВҚИ ЗИНДАГӢ ДАР ШАРОИТИ ЗАМОНАВӢ
  • ЗАВҚИ ЗИНДАГӢ ДАР ШАРОИТИ ЗАМОНАВӢ
  • ЗАВҚИ ЗИНДАГӢ ДАР ШАРОИТИ ЗАМОНАВӢ

Бо ташаббуси Президент соли 2021 дар саҳрои ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Мурувват» (ҳоло «Гулистон»)-и ноҳияи Бағдоди вилояти Фарғона дар муддати кӯтоҳ шаҳраки дорои 66 хонаи бисёрошёна қад рост кард.

 Агар дар ин шаҳраке, ки имрӯз ба чашмҳо нур мебахшад, бо аҳолӣ ҳамсуҳбат шавед, аз хушу хурсандӣ ва аз тарзи хуби зиндагӣ қаноатманд будани онҳо воқиф мегардед. 
– Писарам Тӯлқинҷон бо оилааш дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунад, – мегӯяд собиқадори меҳнат аз Бағдод Лолахон Қодирова. – Вақти зиёди ман дар хонаи ӯ мегузарад. Ба тарбияи чор набера кӯмак мерасонам. Барои аз ҳар ҷиҳат комил ба воя расидани онҳо дар ин шаҳрак кулли шароит, аз ҷумла кӯдакистон, мактаб, майдончаҳои варзишӣ мавҷуданд. Аз он ки фарзанд ва набераҳоям дар чунин шароити мусоид зисту зиндагӣ доранд, хурсандам. Ба Президентамон, ки ташаббускори ин корҳои нек буда, қадри инсонро аз ҳама боло мегузорад, ташаккур мегӯям. 
– Бинобар он ки ташкилоти таълими томактабии мо дар асоси лоиҳаи замонавӣ сохта шудааст, имкон дорем машғулиятҳоро табъи дил гузаронем, – мегӯяд роҳбари муассисаи давлатии таълими томактабии рақами 58-ум Манзурахон Мадаминова. – Он барои 180 нафар пешбинӣ шудааст, ҳоли ҳозир мувофиқи талаби аҳолии шаҳрак боз як гурӯҳ кушоданием. 
Тавре ки раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Гулистон» Фозилҷон Халилов мегӯяд, дар ин ҷо бунгоҳи замонавии тиббӣ, шабакаҳои зиёди хидмати маишӣ, дуконҳои савдо, қасри санъат ва китобхона ба аҳолӣ хидмат мерасонанд. Дар шафати хонаҳои бисёрошёна минтақаи саноатии «Мурувват» ташкил шудааст, ки соҳиби 33 гектар гармхона мебошад. Ба аҳолии шаҳрак ба андозаи 5-10 садяк гектар замин ҷудо карда шудааст, ки баҳри фаровонҳолии онҳо омили муҳим мегардад. 
Дар суратҳо: дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Гулистон»-и ноҳияи Бағдоди вилояти Фарғона.
Суратгир: 
М. ҚОДИРОВ (ӮзА). 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: