ШУКӮҲӢ БУДУ ЧУНИН МЕНАВИШТ

Шеъри хуб вақте «ба оҳанг даромад» ва аз ҷониби овозхон иҷро гашт, дилангезии дигар пайдо мекунад.

 Муғанниву мутрибон одатан ба шоирони лирик муроҷиат мекунанд, ба шеърҳои равону хушоҳанг. Гӯяндаи ин гуна шеърҳо чун «суруднавис» низ маълум ва машҳуранд.
Дар солҳои панҷоҳум, шастум ва ҳафтодум зиндаёд Аминҷон Шукӯҳӣ дар сафи ин гуна суханварон, ки бо оҳангсозу овозхонҳо бештар ҳамкорӣ доранд, мақоми босазо дошт. Ба гуфтаи яке аз ҳамдеҳагон ва шогирдонаш Нурмуҳаммад Ниёзӣ (равонаш шод бод) «Шукӯҳӣ ҳануз дар охири солҳои чилум бо нафаси гарми ишқ ба майдони адабиёт ворид гашт ва аз ҳамин гармиву самимият тору пуди ҳама осори назмиву насрии вай танида шудаанд».
Даҳҳо офаридаҳои Аминҷон Шукӯҳӣ, ки дар адабиёти муосири тоҷик чун сарояндаи ишқ ҷойгоҳе дорад, ба пайдоиш ва болу парзании беҳтарин сурудҳои тоҷик асос гардидаанд.
«Суруди чашмасор» ном дошт нахустмаҷмӯааш (1948). Баъд дафтарҳои шеъриаш бо унвони «Ватани сулҳ», «Рӯзҳои мо», «Садои дил», «Муҳаббат ва оила», «Нафаси гарм», «Арзи қалам» ва ҳоказо рӯйи чоп диданд. «Чормағз» дар ибтидои асри нав бознашр гардид.«Шохаи райҳон» ва «Баргҳои тилоӣ» низ «бо шеърҳои ба назар тару тоза»  дар рӯзҳои мо ба дил ва рӯҳамон хуррамӣ бахшиданд.
Мегӯянд Шукӯҳӣ маҳз барои суруду сурудаҳои ширадораш соли 1965 ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сазовор шудааст. Ва ҳамин сурудҳо ба маҳбубияти томи ӯ дар байни хосу ом бештар сабаб шудаанд.
Як вақтҳо ҳамсинҳои роқими ин сатрҳо нафақат «Муҳаббат»-и Шукӯҳиро аз тариқи радио ё магнитафон бо завқ мешуниданд, балки дар «дафтарҳои кисагӣ», дар «дафтарҳои хотира» мисраъҳои дилпазири ин шеърро сабт мекарданд:
Муҳаббат – мавҷи дарёи
 хурӯшон,
Муҳаббат – чашмаи дилҳои 
ҷӯшон.
Муҳаббат – меҳри дунё, субҳи 
уммед,
Муҳаббат – навбаҳори умри 
инсон.
Муҳаббат хона дорад дар дили 
ман,
Аз он равшан чароғи маҳфили 
ман...
Муҳаббат омаду дунё дигар 
шуд,
Гуле, боғе, баҳоре ҷилвагар 
шуд.
«Муҳаббат»-ро ба кӣ бахшида буд шоири хушбаён? Ба ҳамсари бовафояш, ки Муҳаббат ном дошт. Онҳо хушбахт буданд?
Ба зану шавҳар, ки якдигарро хуб мефаҳмиданд, ҳаёти худро бе якдигар тасаввур карда наметавонистанд ва дар ҳаёти оилавӣ аз хушбахттаринҳо буданд, Худо панҷ фарзанд ато кард.
Яке аз писарони Шукӯҳӣ Каримҷон Ҳоҷибоев, ки алъон дар Амрико ба сар мебарад, дар бораи ҳаёти оилавии волидони хеш ин тавр гуфтааст: «Падару модари ман аз рӯйи одобу анъаноти вақт оила барпо карда буданд, вале байнашон меҳру муҳаббат қавӣ буд. Маҳз ҳамин буд, ки Аминҷон Шукӯҳӣ шоири маъруфи ашъори ишқӣ эътироф гашт. Он вақт дар рӯзгори суннатии мо вохӯрӣ бо духтар ва ибрози муҳаббат пушти пардаи шарм ва анъаноти мардуми кӯҳистон монда буд ва кам мардоне аз ишқ, аз муҳаббати худ ошкор ҳарф мезаданд. Аммо падарам баъди оила барпо кардан ин қолабро шикаст ва шеърҳои сирф ошиқона навишт. Дар шахсияти шоирии Шукӯҳӣ нақши модарам бориз аст».
Шукӯҳӣ дар як шеъри худ мегӯяд, «Агар ҷавонӣ боз меомад... боз туро меҷустам, туро меёфтам!»
Ин шеър низ далел бар он ки Шукӯҳӣ аз ҳаёти хонаводагӣ, аз тақдиру сарнавишти хеш (аз он ки Муҳаббат дар пешониаш будааст) бисёр мамнун ва шукргузор аст. На ба ҳар кас, на ба ҳар шоир насиб мекунад ин гуна саодат.
Нусхаҳои поки падару модар (фарзандҳо) гирди дастархони оилавӣ ба ситораҳо мемонданд. Модарро моҳ мешумурданд, падарро хуршед...
Вале падару модари хушбахт канори ҳам ба пирӣ расиданд? Ба тӯйи набераҳо сар шуданд?
Шояд бар асари вазнини кор (роҳбари Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ) Аминҷон Шукӯҳӣ дар авҷи камолоти эҷодӣ саломатӣ бой дод – сактаи мағзи сар. Лозим омад барои аз кор рафтан ариза нависад.
Баногаҳ маълум шуд солимии нахустфарзанди хонадон Наҷминисо низ хуб нест. Як дарди Шукӯҳӣ ду дард шуд. Духтар орзуҳои зиёд дар дил дошт. Баъди хатми риштаи филологии донишгоҳ дар хона-музейи Муҳаммадҷон Раҳимӣ ба пажӯҳиш машғул буд ва мехост адабиётшинос шавад. Вале...
Январи соли 1979 дар бемористони Қарияи Боло Наҷминисо аз олам гузашт. Хазоншавии он вуҷуди аз даҳ як гулаш нашукуфта волидонро ба чӣ ҳол афканд? Замин сахт, осмон баланд. «Ситора куҷост? Дар кадом гӯшаи дури фалак?»
Зилзила сахт такон дод хонадонро. Ларзонд... Хусусан ҳаёти саробони оиларо. Хароб гардид қалъаи зиндагиаш. Бале, марги фарзанд барои падар фоҷиае буд таҳаммулнопазир. Сактаи мағзи сар аз нав хурӯҷ кард ва моҳи майи соли 1979 ба ҳаёти адиби нуктадон нуқта гузошт. Ҳанӯз 56-ро пур накарда буд Шукӯҳӣ.
Ба донишкадаи мо чӣ тавр расидани ин хабари нохуш ҳамон дар хотирам. Соли хониш ба поён мерасид – дар пеш имтиҳонот.
«Аминҷон Шукӯҳӣ...» Пичир-пичире, ки сар шуд, ба гӯши мо, донишҷӯён, ки ба ҳарчӣ кунҷкобӣ мекардем, аранг расид. Вале ҷуз «Аминҷон Шукӯҳӣ» чизи дигар нафаҳмидем. Гумон кардем Шукӯҳӣ аз Душанбе ба Ленинобод (Хуҷанд) меоянд, вохӯрӣ мегузаронанд. Хурсанд ҳам шудем. Баногаҳ ҷияни адибро дидем, ки аз мо як курс боло мехонд. Вай мегирист. Аввал ҳайрон шудем. Баъд фаҳмем, Шукӯҳӣ вафот кардаанд...
Навъе ишора рафт, аксарияти томи ашъори Шукӯҳӣ дар мавзӯи ишқ. Кас гумон мекунад ин мавзӯъ – безарар. Ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ бояд эҳтиёт кард. Як ҳарфи ноҷо бало оварданаш мумкин ба сари шоир. Вале шеъри ошиқона низ, тавре фикр мекунем, чандон «бехавф» набудааст. Шоири ӯзбек Абдулло Орифов дар «Биринчи муҳаббатим» («Муҳаббати нахустин»)-и хеш навишт: «Мен кимга суянгайман, биринчи муҳаббатим?» Дар «боло» ӯро ба исканҷа кашиданд, гуфтанд, чизи такямекарда надорӣ? Ба партия такя кун!
Ин гуна ҳолат ба Шукӯҳӣ низ рӯй дода будааст. Яке аз ғазалҳояш бо чунин байт ба охир мерасад:
Куҷо, охир, барам ман арзи
 шабҳои фироқамро,
Ки бар дилдодагон ғайр аз дили 
ҷонон вазорат нест.
Назар ба нақли писари калонии шоир Ҳакимҷон, баъде ин шеър дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» эълон гашт, муаллифро мақомот ҷеғ зад. Гуфтанд «барои дилдодагон вазорат нест» гуфтанат аз ҷиҳати сиёсӣ нодуруст аст, вазорат ҳаст ва ба ҳар кор қодир, он метавонад муносибатҳои оилавӣ – масъалаҳои ишқу ошиқиро низ ҳал кунад!»
Бо ин сарзаниш қонеъ нашуданд дар мақомот. Ба Мирзо Турсунзода, ки дар Маскав буд, занг заданд ва гуфтанд бубинед шогирдатон чӣ гуна шеъри аз нигоҳи сиёсӣ хато навиштааст.Нақл мекунанд, баъди бодиққат хондани ин мисраъҳо Турсунзода лабханд кардаанд ва гуфтаанд «шеъри хуб аст, агар шоир ҳатто мегуфт, ки бар дилдодагон ҳукумат нест, ман зери он имзо мегузоштам, ба Шукӯҳӣ кордор нашавед!»
Донишҷӯ будему ду-се моҳи мавсими ғунучини пахтаро дар саҳро мегузарондем. Чанд сол қабл «Чормағз» баромада буд (дубайтиҳои Шукӯҳӣ), ки  ҳамон аз даст ба  даст мегузашт. Мазмун – обнарасида, қофия – устувор... Хиргоҳӣ мекарданд донишҷӯён: «Диламро деҳ, ки ман бедил намонам...»
Шукӯҳӣ баробари назм дар наср табъ меозмуд. Дар ҳамқаламӣ бо Ҳилолиён Аскар аввал «Шаҳло», пасон қиссаҳои «Шаҳло ва Шифо», «Имзои шахсӣ»-ро навишт. Баъдтар бо саъйи ҳарду романи «Печутоби роҳҳо» рӯйи дунё дид. Чанд ҳикояи лирикии Шукӯҳӣ чун шеър хушсадост. «Парии ҷазира»-аш, айни замон, повести лирикӣ, ки дӯстдорони адабиёт як вақтҳо бо як нишаст онро хонда мебаромаданд. «Муллолатиф» (меваи табъи латифи адиби зариф) бо наср шавишта шуда бошад ҳам, чун достон эътироф шудааст.
Шукӯҳӣ барои бачаҳо низ менавишт. Шеъру суруд, ҳикоя ва қиссаҳои яке аз дигаре марғуб: «Ил-18 омад», «Баррачаи дупо»...
Нақл мекунанд бачаҳоро беҳад дӯст медошт. Вақти бачаҳои худро пурмазмун мегузаронд. Мешуд, ки бо онҳо футбол ҳам бозад. Аз нақли писараш Ҳакимҷон: «Ҳар сол вақти гули лола аз Душанбе ба Хуҷанд меомаданд. Мо, бачаҳоро ба кӯҳи Мевағул лолачинӣ мебурданд». Духтараш Махфират: «Мо аз кор омадани падарро интизор мешудем, медонистем, ки бароямон китоб меоранд. Ман як шеър навиштаам дар бораи падар».
Шояд бо оби чашм навишта ӯ ин шеърро...
Достонҳои насрии бачагонаи Шукӯҳӣ «Об аз куҷо меояд?» ва «Асад ва Самад»-ро аз маҷаллаи «Машъал» мехондем овони бачагӣ. Олам-олам завқе, ки он солҳо гирифтаем, ҳамон ба диламон нур ва ҳузур мебахшад. Ёд меорем бачагии худро бо як ҳузни ширин. Ба худ мегӯем ҳоло куҷо бошанд дӯсти айёми бачагиамон Асад ва Самад?
Боре гузорамон ба Рӯмон (зодгоҳи Шукӯҳӣ) афтод. Манзараҳо гӯё шинос ва ба дил қарин. Асаду Самади шӯху шаддоду кунҷкоб дар ҳамин кӯчаҳо равуо, дар ҳамин ҷӯйбор оббозӣ карда бошанд?
Агарчи ба Шукӯҳии дилҷавон умри дароз насиб накард, асарҳое чун «Асад ва Самад» дарозумранд.  Аз рӯйи ин асар филми бадеӣ офарида шуд. «Об аз куҷо меояд?» дар Амрико бо англисӣ рӯйи нашр дид.  Воқеан, мароқангез ин гуна достонҳо, ки на ҳар адиб...
Шукӯҳӣ буду чунин менавишт.

Муҳаммадҷон ШОДИЕВ,
шаҳри ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: