Ҳосил пурбаракат мегардад

Чун дар тамоми ноҳияҳои вилояти Фарғона дар Риштон ҳам ҷамъоварии ҳосили зудраси пилла дар авҷ аст.

Мавсими ҷорӣ дар ноҳия 172 қуттии кирмак дар асоси қоидаҳои агротехникӣ парвариш карда шуд. Дар шабакаҳои қабули хоҷагиҳои фермерӣ ва хонакорӣ алҳол ин ашёи хоми саноатӣ бо сифати баланд супурда мешавад. Мувофиқи ҳисобу китобҳои пешакӣ дар ноҳия беш аз 126 тонна ҳосили пилла рӯёнида шудааст. Бинобар он ки аз ҷониби ташкилотҳои масъули парвариши кирми пилла шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуданд, ҳамчунин дар соҳа хонакорӣ васеъ ҷорӣ гардид, натиҷаҳои хуб ба даст меоянд. 
– Барои даромади иловагии хонавода ва баҳри зиёд намудани собиқаи кории худ ҳар сол як куттӣ кирмак парвариш мекунем, – мегӯяд хонакор Ҳабиба Назирова. – Рӯзҳои наздик ҳосили имсоларо ҷамъ меоварем. Ният дорем, ки беш аз 100 килограмм пиллаи хушсифат рӯёнем. 
Дар сурат: дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона ҷамъоварии ҳосили зудраси пилла бо авҷ идома дорад. 
Суратгир: М. ҚОДИРОВ. (ӮзА).      

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: