Дар вилояти Сурхондарё кормандони гумрук қочоқи сигорро ба маблағи 10 миллиард сӯм боздоштанд

  • Дар вилояти Сурхондарё кормандони гумрук қочоқи сигорро ба маблағи 10 миллиард сӯм боздоштанд

Кормандони гумрук дар вилояти Сурхондарё як канали бузурги қочоқи маҳсулоти тамокуро, ки аз Тоҷикистон оварда шудааст, бастанд.

Бино ба иттилои хидмати матбуоти Кумитаи гумрук, ҳангоми аз сканер гузарондани таркиби роҳи оҳан дар постгоҳи гумрукии сарҳадии “Сариосиё”-и вилояти Сурхондарё, дар яке аз вагонҳо мавҷуд будани молҳое, ки дар ҳуҷҷатҳо зикр нашудаанд, ошкор гардидааст.

Дар рафти тафтиш маълум гардид, ки сигорҳои бе маркаҳои аксизӣ ба маблағи каме бештар аз 10 миллиард сӯм дар қуттиҳои чангкашак ва мошинхои ҷомашӯӣ ҷойгир карда шудааст. Ҳамагӣ 402 ҳазор бастаи маҳсулоти Esse Change кашф карда шуд.

Дар ҳоли ҳозир аз ҷониби мақомоти гумрук аз рӯи ин далел тафтишот идома доранд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: