Ҷавонони мо

МАҲБУБИ ДИЛҲО

Усмонҷон аз тақ-тақи дарвоза бедор шуд ва зуд либосҳояшро иваз карда берун баромад. Ба ин даркӯбиҳои нимишабӣ одат карда буд, охир худи ӯ чунин касби пурмасъулият ва таъҷилиро интихоб кард. 
Дар назди дарвоза нафаре аз деҳаи боло меистод. 
– Ассалому алейкум, духтур, мебахшед, шуморо нороҳат кардам. Таби модарам баланд, дору таъсир накард... 
Усмонҷон ба хонаи бемор роҳ пеш гирифт. Ҳаво ниҳоят сард, дар деҳа се рӯз боз барқ нест, ҳама ҷо ғори торик. Аз дур садои ак-аки сагони дайду шунида мешуд...
Бемор аз таби баланд месӯхт, канда-канда месурфид. Шифокори ҷавон наҳаросид, кумаки аввалиро расонд, таби бемор фаромад, чашм кушод. Усмонҷон ба келини хона фармуд, ки чойи гарм биёрад. Дар ин сардиҳои сахт ба куҳансолон ғамхории алоҳида лозим, ба хӯроки гарму бистари нарми онҳо эътибор бояд дод. 
Ин буд як лаҳзаи кори табиби деҳа. 
Падару модар фарзанди худро нахӯрдаву напӯшида ба воя мерасонанд, баҳри фарзанди муносиби халқу Ватан гардидани онҳо ба тамоми мушкилоти зиндагӣ тоб меоранд.
Муаллими Ҳазрат ва холаи Марям (равонашон шод бод!) фарзандони худро дар муҳити созгори зиндагӣ, меҳнаткаш, инсондӯст ва китобхону китобдӯст тарбия намуданд. 
Ёд дорам, соли 1967 вақте ба остонаи мактаби рақами 43-юми зодгоҳам – деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато қадам гузоштам, саводи аввалинро аз муаллим Ҳазрат Бакриев гирифтам. Бо меҳрубонӣ ва табассуми зебои худ ба дили ҳар як хонанда ҷой гирифта буд. Ҳусни хати зебо дошт, фидоии касби худ буд. Ба синфҳои болоӣ аз фанни география дарс медод. Шогирдони зиёди ӯ кори неку номи некашро идома дода истодаанд. 
Фарзанди хурдии муаллим Усмонҷон аз хурдӣ дар дил орзуи шифокориро мепарварид. Баъди хатми мактаби зодгоҳ ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ҷиззах супорид. Соли 1997 бо тахассуси фелдшерӣ ин даргоҳро хатм кард ва худи ҳамон сол фаъолияти пизишкиашро дар бунгоҳи тиббии деҳа оғоз намуд. 
– Баробари ба кор пардохтан, падарам даст ба дуо бардошта гуфта буд: «Дар деҳа табибони дасташон сабук, шифокорони соҳибтаҷриба, аз қабили Имомназар Нурназаров, Малик Ваҳҳобов, Моҳбика Турсунова, Тоҷибой Тағоев, Қумрӣ Мансурова, Шарофат Ҳайдарова, Зирагул Муродова баҳри табобати мардум хидмати арзанда намудаанд. Рӯҳи онҳо ба ту мададгор бошад», – мегӯяд Усмонҷон. – Деҳаи мо аз маркази ноҳия фарсахҳо дур аст. Лозим меояд, ки вазифаи шифокори умумиро ба зимма гирам. Пиру ҷавон, кӯдакони бемор, занони ҳомила бо чашми умед ба сӯят менигаранд, ба дарди худ дармон меҷӯянд. Табиб аз донишомӯзӣ, кашфи бемориҳо набояд бозистад, чунки ҳаёту тақдири инсон дар дасти ӯст. Як сӯзандоруву ҳабдоруи ноҷоя ба ҳаёти инсон хотима гузоштанаш мумкин. Бо шифокору ҳамшираҳои шафқат – Ҳақназар Амондуллоев, Олим Нурназаров, Гулойим Тилабова, Дурдона Тағоева ҳамфикру ҳамҷиҳат дар хидмати мардум ҳастем. 
Рӯзгоре мардуми деҳаҳои дурдасти силсилакӯҳҳои Нурато барои ҷустуҷӯйи доруву дармон савораю пиёда ба маркази ноҳия мерафтанд, дар роҳ ба мушкилиҳо дучор мешуданд, гувоҳи он ҳастем, ки занҳои ҳомила дар роҳ таваллуд кардаанд.
– Имрӯз маҷрои зиндагӣ дар деҳаҳои дурдаст низ дигар шудааст. Бунгоҳи тиббиамон  таҷдиду таъмир гардида, бо асбобу ускунаҳои тибби замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Мошини ёрии таъҷилӣ дар ихтиёри мост. Шабу саҳар бо давъвати мардум ба деҳаҳои ҳамсоя, бошишгоҳҳои чӯпонон меравем, – мегӯяд Усмонҷон.
Усмон Бакриев бо ҳамсари меҳрубони худ Марҳабо чор фарзанд – Исломбек, Шоҳқосим, Марям ва Мардонро ба воя расонданд, хононданд, соҳиби маълумоти олӣ намуданд. Мардон дар мактаби ихтисосонидашудаи назди Президенти шаҳри Навоӣ мехонад.
Марҳабо дӯзандаи моҳир, либосҳои дӯхтаи ӯ писанди занону духтарон мебошад. Ният дорад, ки сехи хурдакаки дӯзандагӣ кушояд ва духтарони ҷавони деҳаро бо кор банд намояд.
– Падарам мегуфт, ки роҳи зиндагӣ аз фарозу нишебиҳо иборат аст. Бо таҳаммул ва қаноату шукр онро бояд тай намуд. Марги  бемаҳали бародарам Бозорбой қомати падари омӯзгорамро хам намуд, бистарӣ шуд ва дигар нахест...
Ба хотири модарам  номи духтари ягонаамро Марям гузоштам. Вақте додар, апаю хоҳаронам – Тағойгул, Зирагул, Малоҳат, Саид, Шоира, Шоҳида, Сайёра ба ҳавлии бобоӣ меоянд, аз хурсандӣ ҷойи нишаст намеёбам. Дар симои онҳо падару модари зиндаёдамро мебинам, – шукрона мегӯяд Усмонҷон.
Хидматҳои шоистаи Усмон Бакриевро ҳукумати кишвар ба назар гирифта соли 2022 ӯро бо нишони сарисинагии «30-солагии Конститутсияи Ӯзбекистон» тақдиронид. Шифокори тоифаи олӣ  Усмон Бакриев дар роҳи пурмашаққат ва масъулиятнок пеш меравад. 
Унсуралмаолии Кайковус фармудааст: «Агар хоҳӣ, ки дар дилҳо маҳбуб бошӣ ва мардумон аз ту нуфур (нафрат) надошта бошанд, сухан бар муроди мардумон гӯй».            

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: