МО АЗ КАСЕ КАМ НЕСТЕМ

Аксар мақолаҳои Абдулло Субҳонро тариқи рӯзномаи «Овози тоҷик» ду ё се маротиба мехонам.

Аз масъалагузориҳои муаллиф ҳавасам меояд. Кӯшиш ба харҷ медиҳам то ҳадаф, маъно ва моҳияти навиштаро дарк намоям. Эҳсос мекунам, ки ӯ бо замон ҳамнафас аст ва огоҳ аз бурду бохти ҷомеа. Дар ҳар гуна ҷомеа ҳангоми рушду нумӯи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ нокомиҳо, камбудию нуқсонҳо дучор меоянд. 
Чанде пеш зери рубрикаи «Таҳлил, хулоса ва пешниҳод» «Дар орзуи зиндагии бароҳат» («Овози тоҷик», №53, 5 июли соли 2023) ном мақолаи Абдулло Субҳон нашр гардид. Муаллиф дар мақола аз сиёсати пешгирифтаи Президент Шавкат Мирзиёев қаноатмандӣ ва шукргузории худро изҳор намуда, менигорад: «Пас аз он, ки Шавкат Мирзиёев ба сифати сарвари давлат ба кор шурӯъ намуд, дар кишварамон фазои ошкорбаёнӣ то ҷое боз гардид, бо мурури замон дар дили журналистон оташи ҷасорат забона зад ва пасу пеш ба мақолаҳои таҳлилӣ рӯ оварданд. Бахусус, дар шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрвандон доир ба мушкилоти ин ё он соҳа бепарда сухан мегӯянд». 
Бешубҳа, то ба сари давлат омадани Шавкат Мирзиёев журналистон дар бораи камбудӣ ва нуқсонҳои ҷомеа, ки толибилмон дар синфхона бемуаллим менишастанд, ҳарфе намегуфтанд. Дар мактабҳо кирмакпарварӣ мекарданд, ки ҳангоми дарс муаллим барг мезад. Муаллимонро ба ғунучини пахта сафарбар менамуданд, ҳангоми дарс ду-се рӯз барои таъмири биноҳо ба манзилҳои «Обод маҳалла» сафарбар менамуданд. Ҳатто омӯзгорон, ба ҷойи дарс гузаштан, кӯчарӯбӣ кардаанд... Журналисте дар ин хусус ҳарф намезад. Хушбахтона, солҳои охир кор ранги дигар гирифт. Имрӯз дар ин хусус ошкоро менависанд. Ё худ, дар бораи камбизоатӣ ё камбағалӣ журналисте ҳарфе намезад... 
Хуб ёд дорам, боре зимни як суҳбат муаллиме аз ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё гуфта буд: «Шумо – эҷиён фахр мекунед, ки шогирдонатон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ғолиб меоянд. Вале фаромӯш мекунед, ки онҳо танҳо аз забон ва адабиёти тоҷик дастболо гардидаанд. Фанҳои дигар-чӣ?» Ин буд ҷавоб ба суоли ман, ки: «Чаро фарзандонатонро ба гурӯҳҳои тоҷикӣ намесупоред?»
Офтобро бо доман пӯшонидан имкон надорад. Ҳақиқатро ҳаёт ошкор месозад. Бошандагони он ҷо асосан эҷиён мебошанд. Бобою падарони онҳо аз деҳаи Эҷи кӯҳистони Нурато ба он ҷо кӯч бастаанд. Онҳо низ мактаби тоҷикӣ доштанд. Мактаб пӯшонида шуд ва имрӯз ташкили синфҳои тоҷикӣ осон нест. Ба забони давлатӣ таълим гирифтанро афзал медонанд. Аз нуқтаи назари онҳо агар фарзандони тоҷик ба забони давлатӣ таҳсил гиранд, ба донишгоҳҳо дохил шудан осон мешудааст. 
Рост аст, хонандагони деҳоти бобоии сирдарёиҳо аз фанҳои дигар дар озмунҳои фаннӣ ҷойи муносиб нагирифтаанд. Инро касе инкор намекунад. Ошкоро бояд гуфт: дастбакорони шуъбаи таълими халқи ноҳияи Нурато ба ғолибияти тоҷикон имкон намедоданд. Ҳангоми баҳсу талошҳо бо онҳо борҳо ба забони тоҷикӣ, бале, ба забони тоҷикӣ шунидаам, ки мегуфтанд: «Чӣ хел мешавад, ки аз байни толибилмони 58 мактаб хонандаи мактаби тоҷикӣ ғолиб ояд?!» Мисолан: Шореҳ Тағоев дар озмуни ноҳиявӣ аз фанни математика ҷой нагирифт. Пас аз хатми мактаб ӯ ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ ба Ӯзбекистон 13 медали тиллову нуқраро дар озмунҳои байналхалқӣ аз фанни математика овардааст! Восеъ Ҳусинов аз фанни кимиё дар ноҳия ҷой нагирифта бошад ҳам, дар озмуни байналхалқии Менделеев ба шоҳсуфаи ғолибон баромад. Дар тӯли солҳои истиқлол ҷавонони эҷӣ қариб дар ҳамаи данишгоҳҳои Ӯзбекистон таҳсил намудаанд ва таҳсил доранд. Аксари кулли онҳо имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар сарбаландона фаъолияти меҳнатӣ доранд. Баҳриддин Бозоров – муҳандиси Комбинати кон ва металлургияи Навоӣ, Ҷалол Сатторов – омӯзгори Донишгоҳи техникии Тошканд, Манучеҳри Эгамзод ва Манучеҳри Султониён – муҳандис-лоиҳакашони яке аз компанияҳои бузурги Фаронса, ки дар 62 давлати ҷаҳон шуъбаҳои худро дорад, Шуҳрат Субҳонов – духтур, Мусурмон Мусурмонов ва даҳҳо нафари дигар дастпарварони солҳои истиқлол мебошанд. Доктори илмҳои техникӣ Ҷовиди Эгамзод дар калонтарин институти илмӣ-тадқиқотии Тенессии ИМА фаъолияти илмӣ пеш мебарад. Соли равон тариқи санҷиши тестӣ беш аз бист нафар ҷавонони Эҷу Соб ба донишгоҳҳои Ӯзбекистон ва филиали донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дохил шуданд. Алиҷон Ҷӯраев роҳи дохилшавӣ ба донишгоҳро кушод. Ӯ донишҷӯйи Донишгоҳи нафту гази ба номи Губкин гардид. Аваз Муҳаммадов бошад, ба филиали НИЯУ МИФИ бо 203 хол дохил шуд. Ӯ дар айни ҳол донишҷӯйи Донишгоҳи ахбору технологияи Ӯзбекистон аст. Ба ҳар ду донишгоҳ бо гранти давлатӣ дохил шуд, интихоби яке аз онҳо дар ихтиёри ӯст. Акобир Тӯев, Шаҳзода Иброҳимова, Ифтихор Бакиров, Алиса Раҳмонова, Аҳлиддин Давронов, Интизор Ҷӯраева, Ситорабону Пардаева ва дигарон ба орзуи мубораки донишҷӯ шудан мушарраф гардиданд. 
Ин ҷавонон ҳама тоҷик буда, дар мактаб ба забони модарии худ таҳсил гирифтаанд.
Оиди як мушкилоти дигар андешаронӣ мекунам. Мегӯянд, ки: 
Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,
То Сурайё меравад девор каҷ.
Толибилм дар мактаб нӯҳ сол таҳсил мегирад. Ба таъбире, дасти каҷи ӯро рост мекунад муаллим. Нӯҳ сол асосҳои донишро аз бар менамояд. Ошкор аст, ки хонандаҳои беҳтарин бо имтиҳон ба литсейи академӣ дохил мешаванд. Ду сол он ҷо таҳсил гирифта, донишҷӯй мегарданд. Ва зимни ҳисобот онҳоро танҳо дастоварди литсей медонанд. Заҳмати нӯҳсолаи омӯзгори мактаб ба инобат гирифта намешавад. Оё ин амал аз рӯйи адолат аст? Ба андешаи камина асло не. Магар ин заҳмати нӯҳсолаи омӯзгорро нодида гирифтан нест?
А. Субҳон дар идомаи мақолааш менависад, ки «... дар Ӯзбекистон 21 октябри соли 1989 ба забони ӯзбекӣ мақоми давлатӣ дода шуд. Ин маънои онро дошт, ки тамоми коргузорӣ дар идораҳои давлатӣ ба забони давлатӣ сурат мегирад. Бо вуҷуди ин, Қонуни Асосӣ ва Қонуни забони давлатӣ корбурди забонҳои миллиро дар маҷлису ҷамъомадҳо манъ накард. Тибқи ин қонун миллатҳои дигар, аз ҷумла тоҷикон, дар ҷойҳое, ки зич умр ба сар мебаранд, ҳаққу ҳуқуқи комил доранд, ки ба забони модарии худ табодули афкор намоянд, маҷлис гузаронанд, дари мактабҳои худро кушоянд, шиору деворовезаҳоро ба забони модарии худ навишта, дар ҷойҳои ба назар намоён насб намоянд ва ҳоказо». Афсус, ин бандҳои Қонуни Асосӣ ва Қонуни забони давлатӣ ба назари эътибор гирифта намешавад. Дар маҳаллаи «Каттасой», ки фақат намояндагони миллати тоҷик зиндагӣ дорад, шиору деворовезаҳо ба забони тоҷикӣ навишта нашудаанд. Ин ҳолат дар мактабҳои тоҷикии кӯҳистони Нурато низ ба назар мерасад. Дар баъзе мактабҳои кӯҳпоя ҳатто «Ҷадвали дарсӣ»-ро бо тоҷикӣ нанавиштаанд. Онҳо Қонуни забони давлатиро риоя накардаанд. 
Дар бисёр шабнишиниҳои деҳоти тоҷикнишини ноҳияи Фориш иштирок кардаам. Он ҷо, бо вуҷуди он ки иштирокчиён ҳама тоҷиканд, қариб касе ба забони тоҷикӣ сухани шодбошӣ намегӯяд... 
Сухане чанд дар бораи кору фаъолияти марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикон. Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ тӯли фаъолияташ чанд чорабинии судбахши фарҳангӣ гузаронд. 
Тибқи барномаҳои таҳияшуда марказ минбаъд чорабиниҳои гуногуни адабиву фарҳангии зиёдеро баргузор хоҳад намуд. Вале як чиз бисёр нороҳаткунанда аст, ки баъзе раисони марказҳои тоҷикон ё ба забони адабии тоҷикӣ ҳарф зада наметавонанд ё намехоҳанд. Инҷониб дар он андешаам, ки раисони марказҳои фарҳангии миллӣ бояд ба забони тоҷикӣ, барои он ки ба дигарон намунаи ибрат гарданд, бисёр мураттаб ҳарф бизананд, мардумро ба ин васила ба фарҳанги миллӣ дилгарм созанд. Фаромӯш набояд кард, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ сухан кардан ба забони модарӣ аз ҳастии марказ ва миллат дарак медиҳад. 
Медонем, ки дар вилояти Бухоро мактабҳои тоҷикӣ вуҷуд надоранд. Пас мақсад аз кушодани бахши забону адабиёти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Бухоро чист? Ҷойи он гурӯҳҳои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва муассисаҳои таълими томактабӣ таъсис дода мешуд, нур болои нур мегардид. Дар ин ҳолат барои кушодани гурӯҳҳои тоҷикӣ дар муассисаҳои таълими томактабӣ ва мактабӣ замина пайдо мегардид ва зина ба зина таъсиси бахшҳои тоҷикии дигар фанҳо имконпазир мегардид.
Имрӯз дар баъзе мактабҳои тоҷикӣ баъзе фанҳоро ба забони давлатӣ дарс медиҳанд. Сабаб – нарасидани мутахассис.
Забоне, ки дар тӯли 1000 сол дар ин сарзамин забони коргузорӣ, илму фарҳанг буд, имрӯз ба нокомиҳо дучор гардидааст, ки ин аз лоқайдӣ ва бетафовутии мо соҳибзабонҳост. Барои рушди забон ва фарҳанги миллӣ ҳама гуна шароит ва имконот вуҷуд дорад. Аммо мо аз ҳуқуқи худ самаранок истифода намекунем. 
Далелҳо собит менамоянд, ки агар мо – тоҷикон ба забони модарии худ таҳсил гирем ҳам, аз дигарон кам намешавем, дар зиндагӣ роҳи худро пайдо мекунем. Мо метавонем мақом ва мавқеи худро дар ҷомеа пайдо намуда, дар бунёди Ӯзбекистони Нав ва Эҳёи сеюм саҳми арзанда дошта бошем. Фаромӯш набояд кард, ки таҳсил гирифтан ба забони модарӣ арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эҳтиром овардан ба модар ва шири сафеди ӯст.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: