Эҷодкоре, ки хабар навишта метавонад, романнависиро низ ӯҳда мекунад.
Эрнест Хемингуэй.
***
Халқе, ки шоир надорад, мисли тани берӯҳ аст.
Габриела Мистрал.
***
Агар Лутсимий дар замони мо зиндагӣ мекард, девони шеъри худро аз нав дида мебаромад ва ба рӯйи аксарияти шеърҳояш хат мезад... Шоири боистеъдод баҳри ба ҳайрат овардани издиҳом набояд кӯшиш кунад.
Горатсий.
***
Арзиши осори адибон, аллома ва шоирони бузург танҳо дар ҳарфҳои зебо, ҷозибадории забон нест, балки дар руҳи бешикасти онҳост. Маънои асарҳои адибони бузургро бо як мутолиа дарк намудан мушкил, бинобар ин онҳоро бояд амиқ ва пухта омӯхт.
Сенека.
***
Ҳеч чиз ба монанди забон ба худшиносии инсон кӯмак карда наметавонад. Модоме ки ман худамро мешиносам, далели он аст, ки забони худро хуб медонам ва бо забони худ хуб менависам. Ҳарфҳое, ки аз онҳо истифода мебарам, маро роҳгум намезананд, ҳангоми навиштани онҳо хуб медонам, ки ман ҳеч касро фиреб намедиҳам.
Иосиф Бродский.
***
Дар байни ашё ва асбобу анҷоми мухталифе, ки инсон аз онҳо баҳра мебардорад, ғароибтаринаш, бешубҳа, китоб ба шумор меравад, боқимондаҳояш идомадиҳандаи ҳаёти ҷисмонии ӯянд.
Микроскоп ва телескоп – идомаи чашм, телефон – идомаи овоз, омоч ва ханҷар – идомаи даст аст. Аммо китоб – тамоман чизи дигар. Китоб давоми хотира ва тасаввурҳои моянд. Дар “Қайсар ва Клеопатра”-и Шоу дар бораи китобхонаи Искандария сухан меравад ва онро кошонаи хотираи инсон меноманд. Дарҳақиқат, китоб хазинаи бебаҳои хотираи шахс мебошад.
Хорхе Луис Борхес.
***
Ҳатто барои парвози шабпараки одӣ ҳам осмони васеъ лозим.
Пол Клодел.
***
Шумо нафаҳмидам мегӯед? Сабабашро аз худатон ҷӯед. Вақте ки ҳиссиётро бо ақл вобаста кардан наметавонед, бисёр фақир ҳастед.
Пабло Пикассо.
***
Навигарӣ дар шеър ба истеъдоди шоир вобаста аст. Услуб – на дастгоҳи оҳангарӣ, балки қалб ва руҳи шоир мебошад.
Рене-Ги Каду.
Тарҷума ва таҳияи
Б. ФАРИШТА.