СУХАНГӮИ НОТАКРОР

Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон, суханвари тоифаи олӣ, дорои ҷозиба ва латофати ба худ хос Галина Мелниковаро аз хурдӣ мешиносем.

Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон, суханвари тоифаи олӣ, дорои ҷозиба ва латофати ба худ хос Галина Мелниковаро аз хурдӣ мешиносем. Овози фораму фараҳбахши ӯ солҳои тӯлонӣ дар ҳар як хонадон танин андохта, ба мардум оромӣ ва ҳисси боварӣ ба фардоро бедор намудааст.  Мардум вақте бо ӯ рӯ ба рӯ мегардад, “Ассалому алейкум, Ахборотапа” гуфта ҳолпурсӣ мекунад.
Галина солҳои донишҷӯияш дар Институти тиббии Тошканд дар озмуни сухангӯёни телевизион тасодуфан иштирок намуд ва аз аввалинҳо ба рӯйхати сухангӯёни Ширкати телевизион ва радиои Ӯзбекистон дохил карда шуд. Ҳамин тариқ, 55  сол дар ин соҳа фаъолият бурд.
Доир ба касби худ
– Рӯзе аз ман пурсиданд, ки  касбатро ба чӣ монанд мекунӣ. Ман ҷавоб додам: “Ба ҷанговаре, ки бе кулоҳ, бе аслиҳа, ба хато роҳ надода ватанро ҳимоя мекунад”. Ба мо – наттоқон бисёртар лозим меояд, ки бо матнҳои “ҷоннок” ҷоннок баромад кунем. Баъзан ин матнҳо, ки таъҷилӣ мошиннавис мешуданд, хатоҳои зиёд доштанд. Матнро бурро хондан, маънои онро пурра дарк намудан ва ба он оҳанги лозимиро додан зарур буд, аз ин боис доимо дар ҳаяҷон будем. Бегоҳӣ вақте одамҳо баъд аз кор ба тамошои кино, театр ё маскани дамгирӣ мерафтанд, ман дар телевизион заҳмат мекашидам. Танҳо баъди ба нафақа баромадан “барои худам” зиндагӣ кардам. Акнун ба консерт, театр ва шабнишиниҳои мухталиф меравам. 
Саҳнаҳои хиҷолатомез
– Баъзан ҳангоми баромад кардан дар саҳна аз ҳаяҷон ва хиҷолат ҳолатҳои нохуш рӯй медиҳанд. Ин воқеа чанд сол муқаддам дар Маскав рӯй дода буд. Дар қасри съездҳои Кремл ҷашнвораи санъат ва маданияти Ӯзбекистон барпо гардид ва ман барандаи он будам. Он вақтҳо либосворӣ ҳозира барин фаровон набуд. Модарам ба муносибати ҷашнвора аз матои гулҳояш калон-калони сабз куртаи дарози оддиро дӯхта дод. Дар минбар қатори дигар аъзоёни ҳукумат роҳбари ҳамонвақтаи Ӯзбекистон Шароф Рашидов низ нишаста буд. Худамро гум кардам, баромади санъаткори навбатиро эълон карда ба қафо гаштанӣ будам, ки ногаҳон аз як поям туфлиам кашида шуд. То паси парда ҳоло чанд қадам монда буд. Толор сокит, бо як табассуми хиҷолатомез туфлиамро пӯшида ба қафо гаштам...
Изҳори  дил
– Дар ҳаёт ҳар як шахс ҳуқуқи хушбахт шуданро дорад, қатъи назар аз синну сол. Никоҳи аввалаам хеле мураккаб гузашт. Ду инсони феълу атвораш зидди ҳамдигар якҷоя ҳаёт бурдан наметавонистааст. Баъд аз ҷудоӣ қарор кардам, ки дигар шавҳар намекунам. Шаш сол танҳо зиндагӣ кардам. Хостгорҳо ҳам пайдо шуданд, ба ҳамааш ҷавоби рад додам. Тасодуфан, дар ҳаётам Саркис Калустян пайдо шуд ва мо издивоҷ кардем. Ӯ инсони аҷоиб, меҳрубон ва дилсӯз буд, ҳамроҳ 27 сол хушбахт зиндагӣ кардем. Ӯ дар яке аз суҳбатҳояш бо дӯстон гуфта буд: “Ба ман ҳеч гоҳ калиди ҳуҷраамон лозим нашудааст, чунки ҳар доим Галина  дар назди дари боз бо чеҳраи кушод пешвоз мегирифт”. Панҷ сол муқаддам ҳаётро тарк кард...
Унвон ва мукофотҳои давлатӣ
Дар солҳои истиқлолият Галина Мелникова хабару навгониҳои расмии муҳимтарин, табрикномаҳои асосии солинавиро мехонд. 
Ҳукумат хидматҳои арзандаи ӯро ба назар гирифта, бо орденҳои “Дӯстлик”, “Фидокорона хизматлари учун”, ҷоизаи “Қалами тиллоӣ”, мукофоти миллии “Эътироф-2017” тақдир намуд.  Ӯ соҳиби медали “Пушкин” ва ордени “Дружба”-и Русия, нишони хотиравии Хонаи императории Русия мебошад. 
Галина Виталевна имрӯзҳо низ пешсаф аст, дар кӯмаки башардӯстона ба кӯдакони хонаҳои меҳрубонӣ фаъол иштирок менамояд, дар муассисаҳои таълими ҷумҳурӣ корҳои маънавию маърифатиро анҷом медиҳад.
 
С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: