СУХАНРЕЗАҲО

Кӯрмизоҷиро написандам.

Кӯрмизоҷиро написандам.
***
Гулҳои орзу гулшан шаванд, садоқатам – Ватан!
***
Аз хор гулу аз гул хор насозам.
***
Дар фасли сармо баҳорро написандам, дар баҳор сарморо.
***
Бахтро аз субҳи камол биҷӯям, на аз ҳусну ҷамол.
***
Камоли зиндадилонро дар вафо бинам, гуноҳи мурдадилонро дар ҷафо.
***
Ҷое, ки дида ҳаст, бовар накунам ба шунида.
***
Ҳамранги шери Мозандарон бошам, на думрави буздил.
***
Дар замири беандеша реша нахоҳам шуд.
***
Дарду аламам сурмаи қаламам шуд.
***
Некӣ хайру саховат, бадӣ қаҳру касофат аст.
***
Тинатамро қимматам донад.
***
Ҳимматбаландӣ каромат аст.
***
Нахли муродам аз чашмаи эътиқод об хӯрад.
***
Аз баҳри хониш гавҳари дониш ёфтам.
***
Санг шиканад, нашканад нангам.
***
Зинаҳои зиндагӣ қуллаҳои ҷовидона дорад.
***
Тифлони ҳавасро бо нафаси меҳр парваридам.
***
Аз дӯсти нонӣ саги маконӣ беҳ.
***
Дӯстони ҷонӣ – амну амонӣ.
***
Иттифоқи мӯрчагон ҳайрати шерон шуд.
***
Аз танаи захмхӯрдаи дарахти пир ашки ҳасрат резад.
***
Ҳамдилӣ миллати беиллат аст.
***
Зани поксиришт биҳишт аст.
***
Дасти дуо – субҳи сафо.
***
Нафасам чун шабнам дар рӯи барги сабзи умр меҳмон аст.
***
Тангчашмони ҷаҳон аз чашми мор андоза гиранд.
***
Мумсик ба сагаш чоплусӣ омӯхт.
***
Пулпарастон бе қиблагоҳанд.
Мутакаббирон табари зангхӯрдаро монанд.
***
Ришвахӯрон – ришгованд (аблаҳанд).
***
Кӯрмуш оқшудаи рӯшанӣ аст.
***
Ба нокас дарс деҳу даст мадеҳ.
***
Мор ба морбоз тан дод.
***
Заҳри забони зан морро кушад.
***
Нафс аз худкушӣ натарсад.
***
Аз тиҳимағзӣ тиҳидастӣ хуш аст.
***
Миннат заволи ҳиммат аст.
***
Қассобро сад каллаву як хаёл.
***
Қулфкушои ҳама дарҳост дузд.
***
Мансаб дару даричаҳо дорад.

Муҳаммадҷон РАҶАБӢ. 

Ҳикматҳо

Дасти хайру сахо

Аз Бузургмеҳр пурсиданд: «Дар боби хайру сахо абру борони замон аълост ё худ Маъан?» (Маъан бинти Зоида ном муслима ҳамеша дороиҳояшро ба одамон хайру эҳсон мекард).
Бузургмеҳр гуфт: «Маъан бинти Зоида»
Пурсиданд: «Сабаб?»
Гуфт: «Абру борон ҳар чӣ диҳад гирён медиҳад, Маъан бинти Зоида бошад, ҳамеша хандон».

Либоси сабз

Ду дӯст ду қутбро мемонд. Яке ҳамеша хайру сахоро баҷо оварда, тоату ибодат мекард, худотарсу муъмин буд. Дувумӣ худхоҳу мағрур. Ба ин даъвати  дӯсташ, ки «биё ба масҷид равем» доимо ҷавоби рад медод: «Хати рости шимам ҳангоми хаму рост шудан мешиканад» мегуфт ӯ. Ва ҳамеша либоси сабз мепӯшид.
Алалоқибат як рӯз ӯро дар масҷид диданд бо ҳамон либоси сабз. Аммо ин дафъа барои намозхонӣ наомада буд, балки ӯро дар масҷид бо матои сабз пӯшонда ҷаноза мекарданд.

Таҳияи
 Анорбои ШОДИПУР.

Аз пандҳои «Ганҷи ҳикмат»

Ба он ки бо забони сидқ сухан мегӯяд, бо забони сидқ сухан гӯй, ё хомӯш бош.
***
Ба оқил оқилона, ба золим золимона муомила кун, то донад, ки ту вуҷуд дорӣ.
***
Номардро ба номардӣ ҷавоб гардон, то русуми баробарӣ аз байн наравад.
***
Норозӣ шав бо асос, бахшиш макун бе асос.
***
Худро аз он дур кун, ки дар забон ҳимоятгари хубиҳост, вале дар амал пуштибони зишткориҳост.
***
Дониста бош, ба ҷуз ду роҳ: рост ва чап роҳи дигаре ҳаст, ки ин роҳи худ мебошад.
***
Созандаи тақдири худ бош, созандагони дигарро напазир.
***
Он ки туро мешиносад, шинос ва он ки туро намешиносад, нашинос.
***
Дувоздаҳ соат кор макун, як соат ақлатро кор фармой бас аст.

Андешаҳо

Нангу номусро номард ба зӯрӣ, ё ба зар меёбад, мард – бо меҳнати ҳалол.
***
Беҳтарин накӯӣ дар ҳаққи инсон навохтани рӯҳи ӯст.
***
Тафаккур баҳри беинтиҳоест, ки доно аз қаъри он дурр мечинад, нодон дар он раҳгум мезанад.
***
Ботинан боҳунар бош, ҳунари зоҳир худ аён аст.
***
Шиори сахӣ: ман ҳеҷ чиз надорам, он чӣ дорам, азони ман нест.
***
Эй инсон, шукри бахти буда кун, агар зиёда мебуд, ба ману ту насиб намекард.
***
Танбеҳи саривақт модари давоҳост.

Ҳикмат СУЛТОНОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: