Қӯчқор НОРҚОБИЛ
(Ҳикоя)
– Модар, инҳо чист?
– Аслиҳа, автомат, танк ва бомба.
– Аз они кист?
–Аз они одамон.
– Одамон инҳоро чӣ мекунанд?
– Якдигарро мекушанд.
– Барои чӣ якдигарро мекушанд?
– Барои нафс.
– Нафс чист?
– Нафс шиками носери онҳост...
– Мо ҳам нафс дорем?
– Дорем. Мо мисли онҳо чашмгурусна нестем, ба меъёр мехӯрем. Онҳо бисёр ҳарисанд. Мехоҳанд ҳама чизро фурӯ баранд.
– Дарёву кӯҳу ҷангалҳоро низ?
– Бале, тамоми ҳастиро. Барои ҳамин ҳам якдигарро несту нобуд месозанд. Оташи ҷангро фурӯзон мекунанд.
– Модар...
– Боз чӣ мегӯӣ?
– Одамон ғазабнок шаванд, ба сари якдигар чунин бонг мезадаанд: «Ту ҳайвонӣ!»
– Бале, бачем чунин мегӯянд.
– Модар, рӯзе, ки шумо дар шикор будед, падарам бо амакам Кӯкёл ҷанҷол карданд. Амакам падарамро наҳ зад, ки «Ту одам будаӣ!»
– Исто, амакат чунин гуфт? Барои ҳамин оташи қаҳри падарат чанд вақт боз баланд будааст-дия.
– Бале, чунин гуфт.
– Амакат бо ҳамин як даҳон гап риштаи пайванди ҳазорсоларо аз ҳам гусастааст.
Амакат беҳуда ин гапро гуфтааст...
...Модагург дар ҷойи худ санг гашт. Гӯшту танаш ба ларза омад... Рӯ ба қуллаҳои барфпӯш ниҳода зӯза кашид. Барои ҷисмашро ба макони худ кашидан, дар вуҷудаш нерӯ намонда буд. Пеши чашмонаш хира гашт, аз қаъри дил нидое баровард: – Амакат ҳамин гапашро беҳуда гуфтааст, беҳуда! Эвоҳ...
Бачаи гург ба ҳеч чиз сарфаҳм нарафта, ҳайрон менишаст...
Аз ӯзбекӣ тарҷумаи
Раҳимшоҳи ШАРИФЗОДА,
вилояти ҶИЗЗАХ.