– Бас, зиндагӣ бо модари ту ба дилам зад.
– Бас, зиндагӣ бо модари ту ба дилам зад. Ё маро мегӯйӣ ё модаратро! Ҳар рӯз аҳвол ҳамин, баҳонае ёфта ба корам, шину хезам эрод мегирад. То кай шақ-шақи вайро гӯш карда мешинам? Ман ҳам одамам, тую фарзандони туро гуфта гаштаам. Модарат пир шуда серҷоғ шудааст...
Ин суханони зани Икром аз ҳад гузашта бошанд ҳам, ӯ пасту баланд нагуфт. Чунки Санам боре дӯғу пӯписаи ӯро ба бародараш ва падари дукондораш расонда, нафасашро ба дарун занонда буд. Медонист, ки аз бинӣ боло гап занад, ҳам зану фарзандон, ҳам хона ва ҳам автомобили «Нексия», ки падарарӯс ба духтараш ҳадя карда буд, аз даст меравад.
Икром медонист, ки модари бемораш ба Санам сахт пеш намеояд. Вале чӣ илоҷ, занаш на як бору ду бор ба ӯ гапи худашро гузаронда буд. Кастумашро ба китфаш гирифта, аз хона баромада равад, модараш танҳо мемонад, фарзандонаш зиндаятим мешаванд. Беҳрӯз имсол синфи ҳаштумро тамом кард. Баъди се сол мактабро хатм менамояд.
Икром хост дами занашро пасттар кунад:
– Санам, чӣ кунам, чанд соли умри модарам мондааст. Чӣ, вайро ба кӯча бароварда гӯям, ки чор тарафат қибла?! Ғайр аз ману ту кӣ дорад?
– Ба ман нигоҳ кунед, шумо ин гапҳоро ба ман чанд бор гуфтед. Бас, тоқатам тоқ шуд, ё ман ё модаратон. Агар ба гапи ман дароед, ба модаратон ҳам, ба шумо ҳам, ба ҳамаамон хуб мешавад, – аз зин фурояд ҳам, аз узангу пояшро намегирифт Санам.
– Хӯш, гӯшам ба ту. Чӣ чора ёфтӣ?
– Азизам, ба ман нигаред, модаратонро ба хонаи пирон мебарем. Дар баъзе давлатҳо пиронсолон бо хоҳиши худ ба он ҷо мераванд. Дар он ҷо бо ҳамсолонашон чақ-чақу ҳангома карда мегарданд, се маҳал хӯрок, телевизор ҳаст. Дар зери назорати тарбиятгарону духтурон ҳаёташон нағз мегузарад.
– Ин гапро чанд бор гуфтӣ. О, ман ба модарам чӣ хел мефаҳмонам? Вай магар ба ҷудоӣ аз ману набераҳои ширинаш тоқат карда метавонад? Ба болои ин гапу калочаи мардум одамро мехурад...
– Э, мардум чӣ намегӯяд! Ҳама ба шароиташ нигоҳ карда кор мекунад. Ин хел мекунем: ба модар нафаҳмонда мегӯем, ки мо шуморо ба духтури беҳтарин нишон доданӣ ҳастем. Ва бурда дар хонаи пирон мемонем. Ман бо як ходими хонаи пирон гапзанон кардам. Дугонаам ҳамин хел кардааст. Бо шавҳараш падарарӯси нобинояшро дар хонаи пирон мондаанду бо баҳонае аз он ҷо баромада ғайб задаанд. Мегӯяд, ки ҳоло дар он ҷо зиндагияш бад намегузарад, бо мӯйсафедони ҳамсолу ҳамтақдир гапаш қӯр мехӯрдааст.
Икром, ҳарчанд инро намехост, эътироз баён накард. Рӯзи дигар Санам аз хоб барвақт хеста дар дегча бо равғани зард атола пухт. Хушдоманашро бо забони ширин ба сари дастархон даъват кард:
– Модарҷон, ассалому алейкум, нағз хоб карда хестед? Биёед, ман барои шумо атола пухтам.
Икром ва фарзандонаш ҳам ба сари дастархон шистанд. Кампири Назокат аз муомилаи нарму ғайричашмдошти келинаш ба ҳайрат афтода буд. «Худо инсоф додааст-дия», аз дил гузаронд. Писараш низ беш аз ҳарвақта меҳрубон буд. Наберагон ба падару модар пайравӣ мекарданд. Сарвиноз, ки моморо, воқеан, дӯст медошт, ӯро ба оғӯш кашида гуфт: «Момоҷони ман, шумо барин момои хуб дар ягон ҷойи дунё нест». Кампири Назокат аз муомилаи наздикони худ хушҳол гардид. Икром, бо имою ишораи занаш, дар рафти нонушта гап кушод:
– Оча, вақтҳои охир каме саломатиатон хуб нашуд. Дар ин бора ба як ҷӯраи духтурам гуфтам. Гуфт, ки мошин дар тагат, як рӯз биёр, табобат мекунам. Шуморо имрӯз ба наздаш бурданиям. Баъди нонушта либосҳои тозаатонро пӯшед, келинатон ёрӣ медиҳад.
Модараш гуфт:
– Бачам, ташвиш чи лозим, ҳамааш гузашта меравад. Ҳар рӯз ҳамин хел муомила кунед, ман нағз шуда меравам. О, келин имрӯз ба хонаи падараш рафтанӣ буд?
Санам риштаи суханро ба даст гирифт:
– Модарҷон, шаб телефон карда пурсидам, ҳоли ҳамаашон хуб. Шуморо аввал ба духтур нишон диҳем, баъд меравам.
Баъди нонушта ба ҳолу ҷонаш намонда, писару келин ӯро ба мошин шинонданд. Баъди ду соат мошин дар назди биное қарор гирифт. Санам аз мошин зуд фуромада ба сӯйи бино роҳсипор шуд. Ба дарун даромада андак ҳаял кард. Баъд омада шавҳару хушдоманашро даъват кард. Холаи Назокат хабар надошт, ки онҳо ба хонаи пиронсолон омадаанд. Дар толор рӯйи нармкурсиҳо як муддат нишаста, гӯё касеро интизор шуданд. Баъди фурсате садои телефони Икром баланд шуд. Вай телефонро таги гӯш бурда чанд сухан гуфт ва «хуб шудааст, ҳозир, ҳозир» гӯён ба модараш рӯй овард:
– Модарҷон, шумо дар ин нармкурсӣ шишта истед, ман бо келинатон рафта духтурро гирифта меорем. Мошинаш вайрон шуда будааст.
Ин гуфтанду ҳар ду чолок баромада рафтанд. Аз байн ду соат гузашт, аммо аз писару келин дарак набуд. Кампири Назокат оромашро гум кард, дилаш ба сад кӯчаи гумон даромад. «Коре карда сарашон дар амон бошад», гуфт зери лаб.
Ин ҳангом зани хушлибосе дар толор пайдо шуду назди хола омад.
– Хуш омадед, модарҷон, шуморо кӣ ин ҷо овард? – пурсид ӯ.
Вақте хола ҳамаашро нақл кард, зан изҳор дошт:
– Фаҳмо. Шуморо партофта рафтаанд. Биёед, модарҷон, рӯз бегоҳ шуд, онҳо дигар намеоянд. Ин ҷо хонаи пиронсолон аст. Ман шуморо ба назди дугонаҳои наватон мебарам.
Кампир дар бораи хонаи пиронсолон шунида буд. Аммо ба гӯшаи хаёлаш наомада буд, ки рӯзе ба ин ҷо меояд. Ҳаёти гузаштаашро ба ёд овард...
Солҳои дароз дар талаби фарзанд остонаи табибу фолбинро ба қавле «охурча» кардану бар ивази шабзиндадориҳояш Аллоҳ ба ӯ Икромҷонро дода буд. Бо шавҳари дардмандаш кӯдаки нозпарварашро худ нахӯрдаву напӯшида ба воя расонданд. Шавҳараш хеле барвақт аз олам чашм пӯшид. Бо сари танҳо чӣ рӯзҳое дид, худаш медонаду Худо. Наход бар ивази ғамхориҳоям фарзандам чунин муносибат кунад, наход аз модари зораш ин қадар безор шуда бошад?...
Аз байн ду моҳ гузашт. Ҳарчанд шароити хонаи пирон бад набуд, дугонаҳои ҳамроз дошт, хола писараш, наберагони дӯстрӯякаш, хусусан, Сарвинози меҳрубонро ёд карда буд. Вай фаҳмид, ки ин ҳама кори Санам аст...
Баъди як моҳи дигар аҳволи хола вазнин шуд. Дилаш бештар хурӯҷ мекард. Ҳар бегоҳ сӯзандору мегирифт, кулчадору мехӯрд. Зани меҳрубон – ҳамхонааш Анастасия аз сари болинаш дур намешуд: хӯрок мехӯронд, об медод, бо рӯймолча оби чашмонашро пок мекард. Як шаб аҳволи кампир вазнин шуд. Ба Анастасия гуфт:
– Раҳмат, хоҳарам, барака ёбӣ, ба хидматат розӣ шав. Кош, Икроми ман ин ҳангом дар сари болинам мешуд. Ба вай гӯй, ки ман аз ӯ ҳазор бор розӣ. Ҳар куҷое, ки бошад, Офаридгор дар паноҳаш нигоҳ дорад!
Анастасия гуфт:
– Хола, шумо барои чӣ чунин як фарзанди ноқобилро дуои нек мекунед? Вай охир...
Ин ҳангом риштаи умри хола канда шуд. Сараш ба самти дар поин шуду чашмонаш боз монданд. Он чашмон гӯё фарзандро меҷустанд...
Икром ҳамон бегоҳ бо ҳамсар ва падарарӯсу хушдоманаш расида омад. Анастасия, ки дақиқаҳои охирини ҳаёти холаро ба телефонаш сабт намуда буд, дар ҳузури ҳама намоиш дод. Баъди шунидани ин суханони модар: «Худоё, дар ҳар куҷое, ки бошад Икромамро дар паноҳи худ нигоҳ дор!» Икром нолаи ҷонгудоз аз дил баровард, дастҳояшро ба девор зада пайваста: «Не-не! Худо бояд ҷони мани ноқобилро мегирифт» мегуфту ашк мерехт...
Саодат РӮЗИЕВА.