ОБ МУЪҶИЗАИ ХУДОВАНДИСТ!

Замоне ба пешгӯиҳои олимон бобати дар сайёраи Замин торафт кам шудани оби ошомиданӣ ва ба як мушкилоти хеле сангин табдил ёфтани норасоии он шубҳа доштем.

Агар сухан аз ин боб равад, дар сарамон фавран фикри «наход ҳамин неъмати худодод ба тухми анқо мубаддал гашта, рӯзгори одамизодро ба мушкилиҳо мувоҷеҳ созад?» меомад. Ҳоло ба чашми сар мебинем, обе, ки аз пеши хонаҳоямон шабону рӯзон якмаром ҷорӣ шуда, кулли мавҷуди рӯйи заминро шодоб мегардонд ва мо ҳам аз он бе ҳеҷ андеша, бо хости дил истифода мекардем, воқеан доман барчида, баъзан моро ба овози сурурангезаш зор мекунад. Табиист, ҳар чиз, ки камёфт шуд, азизтар мегардад ва инсон ҳам пайи дарёфти он ҳаристар мешавад. 
Ман дар ноҳияи Бойсун зиндагӣ дорам, ки аз навоҳии кӯҳистонии вилояти Сурхондарёст. Ин ноҳия, ҳарчанд кӯҳҳои баланди овозадор дорад, чун дигар ноҳияҳои кӯҳистонӣ нест, яъне  аз азал камоб буда, мардумаш алоқадри ҳол ба қадри ин неъмати худовандӣ мерасанд. 
Чаро Бойсун камоб аст? Зеро деворкӯҳи баланди он, ки тоҷикон Фарҳод меноманду мардуми ӯзбектабори минтақа Катманчоптӣ, рӯ ба чашми офтоб қарор дорад ва барфҳои бағалаш ҳанӯз тобистон нарасида об мешаванд. Баъдан, ҳамон девори яклухти он, ки тақрибан 400-500 метр баландӣ дорад, рост ба само сар кашидаасту, мутаассифона, дар он барф қарор намегирад. Барф дар пастӣ ва соягоҳи дараҳои тангаш баъди муддате зуд об мегардад. Ду дарёи сероб аз ду бари Бойсун ҷорӣ шаванд ҳам, аз онҳо ба мардуми ноҳия нафъе намерасад. Яке аз онҳо аз деҳаҳои Дуобаву Назарӣ гузашта, ба самти Олтинсой ҷорӣ мешавад, дигаре дарёи Дарбанд аст, ки ба самти ноҳияи Шеробод ҷорӣ шуда, мардуми он қаламравро шодоб месозад. Дарёчаи Оҳангарон, ки аз болотари деҳаи Авлод оғоз ёфта, Бойсунро ба ду ҳисса ҷудо мекунад, фасли баҳорон сероб, аммо баъдан тамоман беоб мемонад. Як санг-ду санг оби чашмаҳоро мардуми болооби дарё ба ҳотаҳои худ рост мекунанд ва дар натиҷа дарёи Оҳангарон боқии фаслҳои сол чун як аждаҳои беҷон «хоб» меравад.
Солҳои охир боришот ҳам мисли пешин нест – наборидани барф ва дар кӯҳҳо захира нагаштани он ба ҳаҷми оби ошомиданӣ ва обёрӣ таъсири нохуш расонда, чашмаҳои ҳамеша сероб хушк мешаванд. Ин аст, ки мардуми мо бештар аз камобӣ азоб мекашанд ва заминҳои замоне корам аз беобӣ чӯлистонро мемонанд. Дидани ин ҳол барои насли мо хеле риққатовар аст. Як замон дар ноҳия дарахтони себу зардолу, нок, олую олуболу ва боз чандин навъи дигар хуб нумӯъ доштанд ва ҳосили ширинашон дар тамоми вилояти Сурхондарё машҳур буд. Хоса, дар деҳаҳои атрофи Бойсун, чун Кӯшкак, Пасурхӣ, Бибиширин, Авлод, Сариосиё, Чорчинор, Шаҳидон... як навъи себ парвариш мешавад, ки аз қадим маълуму машҳур аст ва мардуми таҳҷоӣ онро себи тирамоҳӣ меноманд. Пӯсташ нафис, таъмаш ширин ва хеле сероб буда, бӯйи хушаш касро маст мекунад ва назирашро дар дигар ҷойҳо пайдо карда наметавонед. Ин навъи себ, ки дар бозорҳои навоҳии дигар бо номи «себи Бойсун» маъруф аст, чун нони Самарқанд махсуси ҳамин маҳал мебошад. Ниҳоли онро ба ҷуз аз ду самти дарёи Оҳангарон ҷойи дигар нишонед, асло нумӯъ намекунад ва ҳосили дилхоҳ низ намедиҳад. Дар обу ҳавои танҳо ҳамин обрав меваи ширин медиҳад ва то ҳанӯз намедонанд, ки дар он чӣ асрорест? Инак, бинобар беобиҳо ва комилан тағйир ёфтани иқлим ин себи нодир, ки ифтихори бойсуниҳост, низ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   
Кӯҳистони мо арчазори васеъ ва анбӯҳ дошт, чандин даҳсола онҳоро  мардум бебаркаш буриданд ва акнун ин мавҷуди ҳамешасабзро дар дуриҳо мебинем. Хуб аст, ки солҳои охир ҳукумат арчазорро таҳти ҳимоят гирифтааст, вагарна, инсоният, барои нафси бади худро қонеъ сохтан, аз ягон харобкорӣ даст барнамедорад. Назар ба гуфтаи олимон, маҳз ҳамин арчазор манбаи оби тоза ба шумор мераванд ва онҳо дар пояҳои худ  оби зиёдеро захира карда, ин неъматро ба василаи чашмасор ба инсоният мерасонанд. Алҳол азбаски арчазори кӯҳҳои Бойсун анбӯҳ нестанд, наметавонанд ба қадри кофӣ оби борону барфҳои боридаро захира созанд. Ин аст, ки боронҳои фасли баҳор зуд ба сел мубаддал гашта, сарозер ба ҳамвориҳо мешитобанд ва ҷуз харобӣ боре намедиҳанд. 
Маълум аст, ки дар саросари олам иқлим ба таври ҳисшаванда тағйир ёфтааст ва бинобар он, ки дар пай хушксолиҳои харобиовар дорад, зуд-зуд хабарҳои нохуш паҳн мегарданд. Роҳбари давлати мо низ аз оқибатҳои нигаронкунандаи тағйироти иқлимӣ мардуми кишварамонро огоҳ сохт ва даъват кард, ки ба қадри об беш аз пеш бирасем, аз ҳар қатраи он  мувофиқи мақсад истифода барем. Ҳоло тарҳҳои алоҳидае амалӣ мешаванд, ки имкон медиҳанд, об сарфа гардад. Яке аз ин усулҳо обёрии қатравӣ аст, ки мардуми дигар давлатҳо аз он босамар истифода мекунанд ва ба об, ки манбаи зиндагии хуррам мебошад, арҷ мегузоранд.  
Бояд таъкид кард, ки дини ислом ҳам ҷонибдори сарфакорона истифода бурдани ҳар як қатраи ин неъмат аст ва беҳудаву бесамар ба кор бурдани онҳоро макрӯҳ эълом кардааст. Ҳатто, ҳангоми вузӯъ ҳам дар истифодаи об ба зиёдаравӣ роҳ доданро манъ мекунад ва онро як амали нораво мешуморад. Гузаштагони бомаърифати мо оби ҷӯйбору рӯдхонаҳоро ҳаргиз ифлос намекарданд ва ҳатто ба рӯйи оби равон туф карданро гуноҳи азиме хонда, ба ин муъҷизаи худовандӣ арҷ мегузоштанд. Аммо мо нисбати об ноинсофӣ мекунем ва ба ин манбаи ҳаёт бо чашми кам менигарем. Имрӯз фурсат расидааст, ки аз ин хусус дурусттар биандешем ва пайи ислоҳи хатоҳои худ бошему ба қадри ин муъҷизаи худовандӣ бирасем. 

Абдумӯъмин ҲАКИМОВ,
омӯзгори нафақахӯр аз деҳаи Кӯшкаки 
ноҳияи Бойсун.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: