ТАЪЛИМИ ЭКОЛОГӢ – ТАЛАБИ РӮЗ

Яке аз вазифаҳои муҳиме, ки иҷрои он барои Вазорати таълими томактабии ҷумҳурӣ ногузир арзёбӣ гардид, ҷорӣ намудани таълим ва фарҳанги экологӣ барои кӯдакони хурдсол мебошад.

Яке аз вазифаҳои муҳиме, ки иҷрои он барои Вазорати таълими томактабии ҷумҳурӣ ногузир арзёбӣ гардид, ҷорӣ намудани таълим ва фарҳанги экологӣ барои кӯдакони хурдсол мебошад. Дар ин маврид татбиқи лоиҳаи озмоишӣ мадди назар гирифта шудааст. Перомуни ин ва масъалаҳои дигари марбут ба тарбияи экологӣ ва фарҳанги экологӣ тайи як нишасти матбуотӣ маълумоти муфассал дода шуд.
Ин нишаст аз тарафи Вазорати таълими томактабӣ ва дар ҳамкорӣ бо идораи ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Ширкати муттасил ривоҷёбии Британия –Ӯзбекистон – “SVB Advisoru” ва лоиҳаи иҷтимоии “Hashar Week” роҳандозӣ гардид.
– Таълими экологӣ барои кӯдакони синни томактабӣ низ хеле муҳим аст. Аммо агар падару модарон низ дар ин раванд ҳарчи бештар ҷалб шаванд, ба мақсад мувофиқ мебошад. Онҳо чизҳои дар кӯдакистон ёд гирифтаи фарзандашонро тақвият мебахшанд ва барои дар амал татбиқ гардидани ин лоиҳаи хос кӯмак мерасонанд. Гузашта аз ин, таълими экологӣ ҳурмати кӯдаконро нисбат ба табиат, ҳисси муносибати эҳтиёткорона ва масъулиятро тарбия менамояд, – гуфт вазири таълими томактабӣ Агрепина Шин.
Бино ба таъкиди ӯ ҷалби фаъолони маҳалла, ки дар кишвари мо он ба ниҳоди муҳими худидоракунӣ табдил ёфтааст, ба ин раванд низ аз аҳамият холӣ нест. Барои татбиқи лоиҳаи омӯзишӣ ва зудтар амалӣ шудани он ниҳоди маҳалла метавонад нақши муҳим бозад. Зеро фаъолони маҳалла барои ба тамоми қишри ҷомеаи кишварамон расонидани матлабу мароми таълиму тарбияи экологӣ нақши муҳим хоҳанд бозид.
Дарвоқеъ, Ӯзбекистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аввалин шуда дар ин маврид иқдоми ҷиддӣ гузоштааст. Бад шудани вазъи экологӣ тақозо менамояд, ки минбаъд барои пешгирӣ намудан аз муфлисии бештар қотеъона мубориза бурд.
Ба гуфтаи муаллиф ва раҳбари лоиҳаи иҷтимоии “Hashar Week” Суна Парк барои ҷорӣ кардани таълими экологӣ, пеш аз ҳама, ба кӯдакон ёд додани ҷараёни ҷудокунии партовҳо ва ба қуттиҳои алоҳида андохтани онҳо хеле муҳим мебошад. Партовҳо ба ду навъ ҷудо мешаванд: барои азнавкоркард мувофиқ ва номувофиқ.
– Чаро мо тасмим гирифтем, ки дар бобати татбиқи лоиҳаи озмоишӣ ва ҷорӣ намудани таълими экологӣ дар ташкилотҳои таълими томактабӣ саҳм гирем? Дар Ӯзбекистон тағйиротҳои куллӣ рух медиҳанд ва ҳамкории мо бо кишвари шумо беш аз пеш доман фарох менамояд. Ҳоло дар натиҷаи беаҳамиятӣ ва ба ҳар кунҷу канор ҳаво додани халтаҳои пластикӣ ва партовҳои дигар ифлосшавии оби ҷӯйборҳо мушоҳида мегардад. Агар пеши ин раванд бо дастаҷамъӣ гирифта нашавад, оқибатҳои нохушро  ба бор хоҳад овард, – гуфт ҳамоҳангсози лоиҳаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо Ҷон Макгрегор.
Вай афзуд, ки аз кӯдакӣ ёд додани муносибат ба партовҳо ба ҳамин далел аст, ки кӯдак чизи ёдгирифтаашро як умр фаромӯш намекунад.
Ногуфта намонад, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи омӯзишӣ ба 13 муассисаи томактабӣ беговелҳо-велосипедҳои бидуни педал тақдим карда мешаванд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири  “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: