ДАР ЗИЁД ГАРДИДАНИ ДАРОМАДИ АҲОЛӢ НАҚШИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ МЕАФЗОЯД

Солҳои охир нақши хоҷагии қишлоқ бобати ташкил намудани ҷойҳои нави фоидаовари кор, афзудани даромади аҳолӣ зиёд мегардад.

Ин боиси қабул шудани бисёр ҳуҷҷатҳои вобаста ба соҳаи мазкур, фароҳам овардани тамоми шароитҳои зарурӣ гардид.
Аз ҷумла, ҷараёнҳои бозсозӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ аз ҷумлаи воситаҳои муҳими иқтисодиёт дар дурнамои стратегӣ мегардад, ки аз ҷониби давлат пеш бурда мешавад ва некӯҳолии халқро дар Ӯзбекистон таъмин менамояд.
Бо технологияҳои замонавӣ таъмин сохтани хоҷагии қишлоқ бо суръати баланд идома дорад. Умуман давлат тӯли солҳои охир ба куллан тағйир додани сектори аграрӣ ва мувофиқшавии он ба шароитҳои бозаргонӣ эътибори махсус медиҳад.
Рушди стратегии кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2020-2030 такмил додани низоми идораи давлатӣ, коркард ва татбиқ намудани сиёсати давлат бинобар амнияти хӯрокворӣ, ҷорӣ кардани барномаҳои рушди минтақаҳои деҳотиро пешбинӣ менамояд, ки кӯмакрасонӣ ба рушди муътадил ва муттасили деҳотро дар назар дорад.
Ғайр аз ин, ҳангоми парвариши зироатҳои кишоварзӣ эътибори асосӣ ба ҳосилнокӣ, содиротӣ будани онҳо, ба роҳ мондани низоми кластерӣ ё худ кооператсия нигаронида мешавад, ки коркард, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти истеҳсолшударо дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ дарбар мегирад.
Бидуни шубҳа, дар ҷараёни мазкур деҳқон ва фермероне, ки барои ба сатҳи баланд бардоштани хоҷагии қишлоқи мамлакат саҳми муносиб мегузоранд, нақши муҳим мебозанд, бинобар ҳамин ҳам ҳар сол якшанбеи дуюми декабр ҳамчун Рӯзи кормандони хоҷагии қишлоқ васеъ таҷлил карда мешавад.
Соли равон ҳам чун ҳамеша меҳнати фидокоронаи деҳқонон ва кормандони соҳа ба дараҷаи баланд эътироф гардид. Шубҳае нест, ки ин эътибор нирӯи онҳоро меафзояд ва барои беш аз пеш фидокорона меҳнат кардан илҳом мебахшад.
Бинобар маълумоти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Милали Муттаҳид (ФАО) беш аз нисфи сокинони гуруснаи сайёра дар қитъаи Осиё зисту зиндагӣ доранд. Аҷибаш он аст, ки маҳз кишварҳои Осиё ҳамзамон истеҳсолгарони асосии маҳсулоти хӯроквории ҷаҳон ба шумор мераванд.
Бешубҳа, дар шароити рушди норасоии озуқаворӣ, пурзӯр шудани равандҳои саҳрошавии ҳудудҳо қабул кардани чораҳои бетаъхир бобати ислоҳсозии соҳа тақозо мегардад. Ба мақсади инкишоф додани хоҷагиҳои деҳқонӣ соли равон майдонҳои пахта ва ғалла 100 ҳазор гектар кам карда шуданд, ки баъдтар дар байни аҳолӣ аз тариқи музоядаи кушоди электронӣ тақсим гардиданд. Дар натиҷа зиёда аз 420 ҳазор хоҷагиҳои нав, беш аз 1 миллиону 200 ҳазор ҷойҳои доимӣ ва мавсимии кор ташкил шуданд.
Баробари ин кор бобати коркарди лоиҳаҳои бузург дар соҳаи бозсозии инфрасохтори хоҷагии об, беҳтар кардани таъминоти об дар хоҷагии қишлоқ оғоз ёфт. Дар ҷараёни вохӯриҳо ва мулоқоти байналхалқӣ роҳбари давлат бинобар фароҳам овардани низоми устувори истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, ташаккул додани силсилаи мутаносиби кашондани он, мувофиқсозии регламентҳои техникӣ барои рушди савдои дохилиминтақавӣ, ҷорӣ намудани низоми ягонаи мониторинги амнияти озуқаворӣ дар Осиё ташаббусҳоро пеш мегузорад.
Аз ҷумла, дар ҳамоиши VI-и Ҷамъомади ҳамкории тарафайн ва чораҳои эътимод дар Осиё, ки тирамоҳи соли равон дар Остона баргузор шуд, роҳбари давлати мо пешниҳод кард, ки масъалаҳои парвариши маҳсулоти босифат ва арзони хӯрокворӣ барои сокинони минтақа дар конфронси байналхалқӣ таҳти васояти ФАО, ки соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд, баррасӣ шаванд.
Умуман татбиқ сохтани барномаи махсуси давлатӣ бобати на камтар аз ду баробар баланд бардоштани даромади деҳқонон ва фермерон, то ба 5 фоиз расондани рушди солонаи хоҷагии қишлоқ, куллан ислоҳсозии низоми идораи захираҳои об ва сарфаи об ба нақша гирифта шудаанд.
Бо дарназардошти равандҳои мазкури геосиёсӣ ҳамаи ин ба муттасил бо маҳсулоти озуқаворӣ таъмин кардани аҳолии мамлакат ва ҳамаҷониба татбиқ намудани стратегияи давлатӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ хидмат хоҳад кард.

Музаффара АБДИЕВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: