Аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сурхон Агро мажмуаси» дар ноҳияи Музрабод барои ду ҳазор сар чорвои калони шохдор маҷмӯи чорвопарварӣ бунёд мегардад.
Маҷмӯи замонавӣ тақрибан ҳазор гектарро дарбар мегирад. Лоиҳае, ки арзишаш 110 миллиард сӯм мебошад, дар худ маҷмӯи чорвопарварӣ, корхонаи коркарди шир, анборхонаи гунҷоишаш 1200 тонна, бино барои парвариш кардан ва нигоҳ доштани озуқавориро гунҷондааст. Ҳоли ҳозир дар ин ҷо чорвои зотдор парвариш карда мешавад, 110 ҷойҳои доимии корӣ ташкил карда шудаанд.
Ҳокими вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов аз маҷмӯи мазкур боздид ба амал оварда, бо кори он шинос шуд. Сарвари минтақа таклифҳоро шунид, аз мушкилоти соҳибкорон хабардор шуд. Ба шахсони масъул бобати кумакрасонӣ ба ҳаллу фасли мушкилоти вобаста ба таъминоти барқу об дар маҷмӯъ супоришҳои дахлдор дода шуданд, зарурияти минбаъд вусъат додани лоиҳа, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолот ва миқдори ҷойҳои корӣ таъкид гардид.
Худи ҳамон рӯз ҳокими вилоят аз маҳаллаи «Халқ йӯли» боздид ба амал овард ва бо ҷараёни коре, ки дар асоси таҷрибаи Сайҳунобод татбиқ мегардад, ошно шуд. Ӯ дар хонадони Санобар Қурбонова кӯдакистони хонагиро аз назар гузаронд, бо фаъолияти Хайрулло Холиев бинобар занбӯриасалпарварӣ, чорвопарварӣ, асппарварӣ, ниҳолпарварӣ, бо кори Ӯктам Сафаров бобати тайёр кардани маҳсулоти миллии бофандагӣ ва хонакорӣ шинос гардид. Роҳбари вилоят вобаста ба оммавӣ гардондани таҷрибаи онҳо, дар як хонадон ҷорӣ кардани лоиҳаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ самарабахш, бинобар якчанд самтҳо зиёд кардани даромади оилаҳо аз ҳисоби истифодаи самарабахши қитъаҳои наздиҳавлигӣ, таъмин намудани шуғли аҳолӣ таклиф ва тавсияҳо дод.
Холмуъмин МАМАДРАИМОВ,
хабарнигори ӮзА.