ШУКРОНАИ ЗИНДАГИИ ЧУН ҚАНД КУНЕМ...

Дар асоси Қарори сарвари давлат «Дар бораи тайёрии баргузор намудани ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар вилояти Самарқанд низ корҳои лоиқи таҳсин оғоз ёфтанд.

Ҳоло дар арафаи истиқбол аз ҷашни 32-юмин солгарди истиқлоли давлатӣ ҳар як сокини худогоҳу меҳанпараст бо нишони шукргузорӣ аз ҳаёту фаъолияти гуногунҷабҳаи худ дар ин давраи худсозиву ватансозиҳо натиҷагирӣ мекунад. 
Даврони истиқлоли кишвар ба мардуми саодатёри Самарқанди куҳану ҳамешаҷавон шароит фароҳам овард, ки дар бунёди Ӯзбекистони Нав саҳмгузор бошанд. Таҷрибаи даврони соҳибистиқлол ба мо шинохти арзишҳои олии Ватану ватандорӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллату давлатдорӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯхт. Маҳз ба шарофати истиқлол имрӯзҳо бо саҳми мақомоти маҳаллӣ, тадбиркорони ватандӯст ва дигар шаҳрвандони саховатпеша аз марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо то дурдасттарин рустоҳои вилояти Самарқанд ободонию дигаргуниҳои азим мушоҳида мешавад. Дар доираи дастуру супоришҳои сарвари давлат ҳар сол иншооти гуногуни замонавӣ, роҳу пулҳо, боғу гулгаштҳо, мактабу муассисаҳои табобатӣ, манзилҳои истиқоматӣ бунёд мегарданд. 
Танҳо соли равон Президенти мамлакат се маротиба ба Самарқанди бостонӣ ташриф оварда, ба навсозӣ ва гулгулшукуфии он саҳм гузошт. Далели раднопазири ин гуфтаҳо бунёди маҷмӯаи «Шаҳри абадӣ», фурудгоҳи байналхалқӣ, боғи дӯстӣ дар тали Чӯпонато ва ғайра мебошанд. 
Ҳоло шаҳраки зебо ва дилнишине дар назди маҷмӯаи Имом Бухорӣ қад афрохта, ба зиёратгоҳи мусалмонони олам табдил меёбад. 
Бо ташаббус ва ҷонибдории сарвари давлат дар соҳили рӯди Зарафшон шаҳраке бо номи Ширин бунёд хоҳад шуд.
– Мо кӯшиш намудем,ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои сокинони ҳар як гузару деҳа шароите муҳаё созем, то ки онҳо эҳтиёҷи хешро аз маҳалла набаромада қонеъ гардонанд, – гуфт ҳокими ноҳияи Самарқанд Сироҷиддин Усмонов. – Дар 97  ҷамоати шаҳрвандони ноҳия бунгоҳҳои тиббӣ, мактабу кӯдакистон, нозирони корҳои дохилӣ ва аз ҳама муҳимаш, мағозаҳо арзи вуҷуд карданд. Роҳҳои дохилии маҳаллаҳо пурра мумфарш ва таъмир шуданд. Симчӯбҳои барқи гузару маҳаллаҳо ба бетонӣ иваз, трансформаторҳои пуриқтидор насб мешаванд.  
– Синни ман ба як аср наздик шуд, – бо шодмонӣ лаб ба сухан кушод ягона иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳон Аҳадбобо Очилов, ки умре дар зодгоҳаш — деҳаи Арабхонаи ноҳияи Самарқанд ба насли наврас аз забони модарӣ ва адабиёт сабақ додааст. – Ҳар гоҳ чун табъам болида мегардад, беихтиёр ин байтро замзама мекунам:
Шукри ҳама неъмати 
Худованд кунем, 
Шукронаи зиндагии 
чун қанд кунем...

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқан
д.

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: