ШАХСОНИ НОГИРО АЗ ХИДМАТҲОИ ДАВЛАТӢ ЧӢ ГУНА ИСТИФОДА МЕБАРАНД?

Дар Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав ба шахсони ногиро эътибори алоҳида дода шудааст.

Барои дар амал таъмин намудани ин ба маъюбон қариб 50 хидмати давлатию иҷтимоӣ ҷорӣ карда шудааст.
Онҳо аз ин хидматҳо чӣ гуна истифода мебаранд? Ба ин савол сардори раёсати Вазорати адлия Улуғбек АБДУЛЛОЕВ посух дод.
– Ба маъюбон имконият дода мешавад, ки дар таълим, шуғл, соҳаҳои иҷтимоӣ ва дигар пурра иштирок намоянд. Ба онҳо ба мақсади фароҳам овардани қулайиҳои баландтарин дар расондани хидматҳои давлатӣ дар марказҳои хидматҳои давлатии низоми Вазорати адлия шароити зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. 
 Дар ин бобат як қатор имтиёзҳо низ муайян шудаанд, ки ба таъмини имкониятҳои баробар, дастгирии иҷтимоӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагӣ нигаронда шудаанд.
Бо фармони дахлдори раҳбари давлатамон аз 1 ноябри соли 2021 ба шахсоне, ки дар низоми ахбори «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ» ба рӯйхат гирифта шудаанд, инчунин ба ногироҳои гурӯҳи I ва II ба воситаи марказҳои хидматҳои давлатӣ ё портали ягонаи хидматҳои интерактивии давлатӣ дар расондани хидматҳои давлатӣ бинобар боҷҳои давлатӣ, хироҷҳо ва дигар ҳар гуна пардохтҳо 50 фоиз тахфиф муайян шудааст. 
Бо мақсади зиёд намудани имкониятҳои истифодабарии хидматҳои давлатӣ тартиби ба маҳалҳо баромада расондани хидмати давлатӣ муқаррар шудааст. Аз ҳама муҳимаш, муқаррар карда шуд, ки аз пиронсолоне, ки ба кумаки дигарон эҳтиёҷ доранд, бинобар вазъи саломатиашон аз қобилияти мустақилона ҳаракат кардан маҳдуданд, инчунин маъюбони гурӯҳи I ва II барои хидматрасонии давлатӣ маблағ ситонида намешавад. Хидматрасониҳои давлатӣ, аз қабили пӯшонидани хароҷоти шахси маъюб ва оилаи дорои маъюб вобаста ба хариди қитъаи замин тавассути савдои музоядаи электронӣ, пӯшонидани хароҷоти таҳсил, зист ва нақлиёт ва ҷудо намудани субсидияҳо барои харидани таҷҳизот ва асбобҳои меҳнатӣ ба роҳ монда шудааст. 
Тезонидани равандҳои рақамӣ хидматрасониҳои давлатиро барои ҳамаи тоифаҳои шаҳрвандон, аз ҷумла барои шахсони маъюб дастрас месозад. 
Ба ғайр аз ин, дар раванди рушди технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва рақамисозии маълумотҳо чораҳои бе дархости онҳо (хидматҳои проактивӣ) расондани хидмати давлатӣ  ба маъюбон андешида мешаванд.  
Масалан, ёрдампулие, ки ба кӯдаки маъюби то 18-сола ва ба намояндаи конунии кӯдаки маъюби то 18-сола дода мешавад, аз ҷумлаи онҳост. 
Кор дар бобати зиёд кардани шумораи чунин хидматҳои давлатӣ давом дорад. Аз ҷумла, Вазорати адлия якҷоя бо Агентии ҳифзи иҷтимоӣ бобати ҷорӣ намудани тартиби маҷмӯии тамоми хидматрасониҳои давлатии вобаста ба маъюбон дар вақти муайян кардани маъюбӣ кор пеш мебарад.
Марказҳои хидматрасонии давлатӣ барои фароҳам овардани муҳити фарогир барои маъюбон мутобиқ карда шудаанд. Биноҳои замонавии МХД бо пандусҳо, ҷойҳои махсуси интизорӣ, планшетҳо барои тарҷумонҳои сурдо ва дигар шароитҳои махсуси хидматрасонӣ барои маъюбон муҷаҳҳаз мебошанд. 
Хидматрасонии давлатӣ ба маъюбон, пиронсолон ва занони ҳомила дар марказҳои хидматҳои давлатӣ бидуни навбат сурат мегирад. 
Ҳамаи ин ба бунёди ҷомеаи фарогиртар нигаронида шудааст, ки дар он ҳар як шаҳрванд сарфи назар аз хусусиятҳои ҷисмонӣ ва равонӣ имкониятҳои баробар дошта, дар ҳаёти ҷомеа пурра иштирок мекунад.

Норгул АБДУРАИМОВА, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: