ТАҶРИБАИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР СОҲАИ МУБОРИЗА БО МАВОДИ МУХАДДИР ДАР ҶАМЪОМАДИ КОМИССИЯИ СММ ДАР ВЕНА МУАРРИФӢ ШУД

Ҳайати Ӯзбекистон дар ҷамъомадҳои навбатии иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба маводи мухаддир иштирок кард.

Дар рафти чорабинӣ ва мулоқоти аъзои ҳайат бо шахсони расмии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ масъалаҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ, инчунин омилҳои ба рушди он таъсиркунанда, корҳое, ки дар ҷумҳурӣ тавассути хати трансмарзии ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаву барномаҳои байналмилалӣ гузаронда мешаванд, баррасӣ шуданд.
Дар доираи боздид аз иҷлосияи Комиссияи оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ таҳти унвони «Кӯшишҳои Ӯзбекистон оид ба таҳкими ҷаҳони аз маводи мухаддир озод. Дурнамои таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи мубориза бо маводи мухаддир» чорабиниҳои иловагӣ баргузор гардиданд.
Дар чорабинӣ, ки дар шакли гибридӣ ташкил карда шуд, беш аз 120 нафар намояндагони ҳайатҳои кишварҳои гуногун ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ширкат варзиданд.
Дар чорабинӣ нотиқон аҳамияти талошҳои муштараки Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Ӯзбекистонро дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳифзи сулҳ дар минтақаи Осиёи Марказӣ қайд карданд. Афзоиши мусодираи маводи мухаддир таъкид гардид, ки далели талошҳои муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар доираи барномаи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар соҳаи назорат ва мубориза бо маводи мухаддир мебошад.
Шахсони расмии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ба ҷониби Ӯзбекистон барои дастгирии Маркази нави пажӯҳишӣ оид ба мониторинги вазъи маводи мухаддир дар Афғонистон изҳори сипос намуда, ҳамкории давлат ва созмонҳои байналмилалиро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сектори хусусӣ барои ҳифзи амнияти минтақа таъкид намуданд.

АИ «Дунё»,
шаҳри ВЕНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: