БОНУЕ ПУРТАЛОШ

(Очерк)

Занон мардона гоҳо ишқ 
варзанд,
Заифиҳои мардонро чӣ гӯям?!

Лоиқ ШЕРАЛӢ
Тӯли фаъолияти хабарнигорӣ бо як зумра занҳои маърифатпарвару пешоҳанг низ ҳамсуҳбат шудаам, ки ҳар кадоме донишу ҷаҳонбинӣ ва тинату хислатҳои гуногун доранд. Яке аз онҳо Амина Шарофиддинова аст, ки ҳикояти ман аз рӯзгори пурбаракат ва пургиреҳу ибратбахши ӯ муште аз хирвор асту халос.
Бо талабу талоши равшанфикрон мисли Амина рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» ва як саҳифаи рӯзномаи «Шарқ тонги» (ҳоло «Гулобод тонги») ба тоҷикӣ интишор ёфт.   
Чанд тадбири фарҳангӣ, ки дар Самарқанд ба вуқӯъ пайвастааст, ташкилкунандааш ӯ буд. Дар мактабҳо вориди синфхонаҳо гашта, дарсҳои  ӯро мушоҳида намуда, хостам аз боби таҷрибаи пешқадамаш нависам, аммо муяссарам намешуд. Зеро шояд аз хоксорӣ «лозим нест» мегуфт. Одате дорад, ки касе комёбиҳояшро зикр кунад, нороҳат мешавад. 
Соли 2017 чанд воқеоти ғайричашмдошт рух дода, бароям таконе бахшиду ба зиндагиномааш назар афканда, ба хулоса омадам, ки чӣ бойгонии ғанӣ ва меҳнати фидокорона, ҷоннисорӣ ба хотири рушди забону фарҳанги аҷдодӣ, маърифату маънавияти мардум дорад ӯ. 
Амина зодаи хонадони аҳли фазлу зиёи деҳаи Қалъабоғи ноҳияи Самарқанд аст. 
Чун модараш мехост, вай ниҳоят барвақт ба сӯзану ресмон часпида, аллакай як ҷойнамозро дӯхта буд, ки ба баҳои 40 ё 45 сӯм модараш фурӯхт. Инчунин дар ҷиҳак (қоҳма)-дӯзӣ низ маҳорати баланде дошт.
Бобояш Исмат Неъматов, ки деҳқони асил буд, қитъаи зиёди корам ва токзору боғҳое дошту наберааш – Амина дар ҳар кори кишоварзӣ яке аз ёрдамчиёни беминнату пурғайрати ӯ буд. 
Бо вуҷуди шӯху беқарорӣ дар донишандӯзӣ намунаи ибрат буд ва дар мутолиаи осори нависандагон завқи баланде дошт. Аз хурдӣ китобхониро дӯст медошт. «Мартин Иден»-и Ҷек Лондон, «Дар ба дар»-и Малик Хаимов, «Кӯчаи писари хурдӣ»-и Лев Кассил, «Чаманоро»-и Рашод Гунтегин, «Дон Кихот»-и Мигел де-Сервантес ва даҳҳои дигарро маҳз дар айёми мактабхонӣ бо завқ мутолиа кардааст. Нисфишабҳо модараш бедор шуда, ӯро дар сари коғазу қалам дида, маҷбур мекард, ки каме хобида истироҳат кунад ва ба ин хотир чароғро хомӯш мекард. 
Дар корҳои ҷамоатии мактаб хеле фаъол буд. Ин буд, ки ҳар сол сазовори ифтихорномаю нишонҳои сарисинагӣ мегашту аксаш дар тахтаи фаъолони мактаб ҷой дошт. Мактаби миёнаи рақами 95-уми ба номи Мирзо Турсунзодаи деҳаи Хаймарро бо медали тилло хатм намуд. 
Бо як имтиҳон шомили Донишкадаи омӯзгории ба номи Садриддин Айнии Самарқанд гардид. 
Рӯзе, ки диплом дар даст ба хона омад, падар ба сифати шукрона соати дастиеро барояш ҳадя карду ишора кард, ки  ҳар лаҳзаи ҳаётатро бояд аз рӯи ин соат нақшагирӣ намоӣ, ки ягон дақиқааш зоеъ нагардад. 
Баъд аз ду соли омӯзгорӣ ба вазифаи услубшиноси шуъбаи таълими халқӣ ба кор пазируфта шуд. Дертар ба Донишкадаи такмили ихтисоси ходимони педагогии вилоят ба кор даъват карданд. Бар зиммааш вазифаи равоншиноси забон ва адабиёти тоҷикро гузоштанд. 
Ҳар сол дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ чӣ аз забону адабиёт ва чӣ забони форсӣ шогирдонаш иштирок намуда, ҷойҳои фахрӣ насибашон мегашт. Соли 1997-ро аз хотир наметавон фаромӯш кард, ки 12 нафар духтару писарони мактаб бахшида ба 850-солагии Фаридуддини Аттор ва 790-солагии Ҷалолиддини Балхӣ чӣ навъ Аттору Шайхи Санъонро зинда гардонида, рӯи саҳна оварданд ва бо маҳорати суханрониву шеъргӯӣ, сурудхониву саҳнаороӣ мухлисони каломи бадеъро мафтун гардониданд. Чунин муваффақиятҳоро дар озмунҳои «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ», «Шоҳномахонӣ» низ ба даст овардаанд.
Зиёрати осорхонаи Рӯдакӣ, Шингу Ҳафткӯл дар Панҷакент, хона-музеи устод Айнӣ, қабри Пайрав ва дигар алломаҳо дар Самарқанд як умр дар хотири шогирдон аст. 
Хушбахтона, бо ташаббуси ӯ ва чанд нафари дигару дастгирии Вазорати таълими халқ дар қатори фанҳои дигари озмунҳои фаннии мактабиён озмуни забон ва адабиёти тоҷик низ ба амал ҷорӣ карда шуду соли 1989 ғолибони озмунҳои вилоятӣ ҳуқуқи дар миқёси ҷумҳурӣ қувваозмоӣ карданро ба даст дароварданд. Он ду сол паи ҳам дар Самарқанд гузаронида шуд.
Ӯ соли 1990 бо унвони «Аълочии маорифи халқ» сарфароз гардид. 
Баҳри кушодани синфҳои тоҷикӣ дар мактаби рақами 9, ки воқеъ дар маҳаллаи Арабхонаи ноҳия, тақрибан панҷоҳ хонадонро дар ба дар гашта, бо волидайн суҳбат ороста, хоҳиши онҳоро дар ин бора омӯхтааст. Дар мактабҳои рақами 2 ва 23 низ синфҳои нахустини тоҷикӣ кушода шудаанд. 
Ин ҷо бояд ёдрас шуд, ки китобҳои «Забони модарӣ» барои синфҳои 7, «Воҳидҳои фразеологии осори Айнӣ», ки ба тозагӣ аз нашр баромадааст, ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Вай муаллифи қариб сад мақолаи илмию оммавӣ, услубӣ ва публисистӣ, муҳаррири даҳҳо китобҳои дарсӣ ва дастурҳои илмӣ-омӯзишӣ мебошад.  
Гарчанде худ ниҳоят китобҳои зиёдеро дар бойгониаш дорад, бо вуҷуди он ҳарчи бештар ӯро ташнаи асарҳои тозанашр мебинӣ. Зуд-зуд ба китобхонаҳо рафта, соатҳои тӯлонӣ сари мутолиа менишинад. Ҳоло ҷои дӯстдоштааш маҷмӯаи «Олами китоб»-и Самарқанд аст.  
Аз модаркалонаш Ёдгора Неъматова, падараш Сироҷиддин ва модараш Ҳалима, инчунин муаллимаи дӯстдоштааш Рашида Шайкамоловна  сипосгузор аст, ки меҳри беандоза ба мутолиа ва ҳадя кардани асарҳои адибонро аз эшон ба мерос гирифтааст. 
 – Истиқлолият моро имконияти ҳастӣ дод, ҳастии миллии бошарафона ва пур аз ифтихор, – бо ҳисси шодмонӣ мегӯяд ӯ. – Ҳоло шароит фароҳам омада, ки барои шинохти асолати таърихӣ, мақому мартабаву ҷойгоҳи худ бо ҳисси масъулиятшиносӣ саъй намоем. 
Соли 2021 муаллима ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шуда, дар Душанбе китоби навбатияш бо номи «Дар ҳасрати фаҳми дуруст» аз чоп баромад.
Вай бақои умри худро ҳам дар илму ҳам дар оила ёфтааст. Ба назари ӯ оила маконе мебошад, ки дар он ҷисму равони кас таскину оромиш меёбад. Аз рӯйи нақлаш дар тарбияи Ҷавлону Комрону Ҷовидон ниҳоят сахтгир будааст, зеро ҳамсар муддати тӯлонӣ бо вай набуд ва бо дасттанҳоӣ ҷигаргӯшаҳоро ба по кардааст. Имрӯзҳо вай соҳиби се арӯсу чаҳор набераи ширин мебошад. 
– ... Ҳар бор Душанбешаҳрро бинам, беш аз пеш ободтару зебо ва дилнишин меёбам. Кишвар чунон гулпӯш аст, ки аз тамошои лолаҳои рангорангу дарахтони манзаравии он дилҳо ба завқ меояд. Бунёди биноҳои азим касро мафтун месозанд. Шаҳр ба сони кишвари худамон ғарқи бунёдкорист. Сайру зиёрати боғҳои Рӯдакӣ, Ирам, Айнӣ, қабристони Лучоб, баҳрабардорӣ аз Китобхонаи миллӣ, музею театрҳо, муассисаҳои илмию таълимӣ, суҳбатҳо бо бузургон басо муфид асту ҳаловатбахш... 
Мо ба ин мусофири роҳи маърифату ҳақиқат, ки рӯзҳои наздик 60-сола мешаваду дар сар нақшаҳои бузургу орзуҳо дар дили пурэҳсосаш зиёданд, комёбӣ ва дуои пирони рӯзгордидаро  таманно дорем.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: