КРАСНИТСКИЙ – АФСОНАИ БАЧАГИИ МО

Ибтидои солҳои шастум, вақте футболбози маъруф Геннадий Краснитский дар ҳайати «Пахтакор» тӯбронӣ мекард, мо кӯдак будем.

 Ақли худро шинохта ва аз телевизор дар қатори калонсолон «бозии миллионҳо»-ро тамошо карда, пай мебурдем, ки ҳаводорони футбол ба беҳтарин бозингарони «Пахтакор» Раҳматуллоев, Иброҳимов, Абдураҳимов, Краснитский ва дигарон чӣ қадар ихлос доранд. Хусусан, Краснитский мухлисони ашаддии зиёд дошт. Мегуфтанд, зарбаи ягон футболбоз мисли зарбаи ӯ пурқувват нест. Вобаста ба ҳамин нақлҳои афсонамонанд паҳн шуда буданд дар борааш. Мегуфтанд, амрикоиҳо ба маймуни чустучолоке тариқи дарвозабониро омӯзонда будаанд. Ба кунҷи болоии яке аз сутунҳои дарвоза баромада гирифта, ҳамин ки тӯб равона гашт, худро мепартофтааст маймун ва тӯбро дошта мегирифтааст. Он қадар дарвозабони зӯр будааст, ки имкон набудааст ба дарвозаи амрикоиён гол зада шавад. Краснитскии мо дар ҳайати командаи яккачини СССР ба Амрикои Ҷанубӣ меравад. Бозӣ сар мешавад. Дарвозабон – маймун. Зарбаи сахте равон мекунад Краснитский. Маймун мехоҳад бо ҷаҳише тӯбро дорад. Тӯб якҷо бо маймун ба тӯр бармехӯрад ва гол!
Бовар мекардем ба ин тавр афсонаҳо, фахр ҳам менамудем бо бомбардире чун Краснитский. 
***
Геннадий Краснитскийро Пелеи Ӯзбекистон низ меномиданд (қариб дар як вақт тӯбронӣ кардаанд ин ду футболбоз). Айни замон мегуфтанд «беҳтарин футболбози Ӯзбекистон дар садаи бистум» Краснитский ҳисоб меёфт.
***
У 27 августи соли  1940 таваллуд ёфтааст. Падараш дар фронт ҳалок мешавад. Писараки хурдсол бо ҳамроҳии модар душвориҳои давраиҷангӣ ва баъдиҷангиро аз сар мегузаронад. Дар кӯдакӣ ҳатто пойафзор надошт, пойи луч мегашт. Модар бо сад азоб барояш либос пайдо кунад, дере нагузашта он либос ба танаш тангӣ мекард – ба қавле, хеле «шуданӣ» буд Гена, зуд калон мешуд.
Аз давраи тифлӣ ба футбол, гандбол, волейбол ва баскетбол, баъдтар ба бозии шоҳмот машғул гашт. Дар ҳар як ин навъҳои варзиш маҳорати хуб дошт. Бештар вақти худро дар майдони футбол мегузаронд. Медиданд, тӯброниҳояш хеле дақиқ. Гуфтанд: «Аз ту бозингари хуб баромаданаш мумкин. Машқ кун!»
Соли 1956 ӯро ба ҳайати яккачини наврасони ҷумҳурӣ қа-бул карданд. Аз соли 1958 узви «Пахтакор» гашт. 13 мавсим дар ин даста тӯбронӣ намуд.
***
Геннадий бозии худро дар «Пахтакор» бо задани гол оғоз бахшид. Дар ду мавсими бозӣ паиҳам 12 тоӣ гол зад, беҳтарин «бомбардир»-и ҷамоа гашт. Аксарияти зарбаҳояш сахт буданд. 
                       ***
Қабл аз мавсими соли 1960 қарор гашт  ҳар ҷумҳурӣ дар лигаи олӣ бояд командаи худро дошта бошад. Адади ҷамоаҳо аз 12 ба 22 ҷаҳид. «Пахтакор» низ дар ин қатор ҷой гирифт.
«Пахтакор» аввалин бозиашро дар майдони худ бо «Торпедо» (Маскав) гузаронд. Бо ҳисоби 1:0 «Торпедо» ғалаба кард. Бозии такрорӣ дар «Лужники». «Торпедо» боз ба ҳисоби 3:1 бурд. Голи «Пахтакор»-ро Краснитский зад. 
Дар он мавсим Краснитский ҷамъ 19 гол зад. Барои баробар шудан ба беҳтарин «бомбардир» –  ҳуҷумчии «Динамо» (Тб) Заур Калоев як гол камӣ кард. Бо вуҷуди ҳамин барои ҷавони бистсола ин комёбии калон буд.
***
Соли дигараш Краснитский дарвозаи ҳарифро 20 маротиба (дар 24 бозӣ) забт кард. Аз ҳама пешсаф Геннадий Гусаров аз «Торпедо» ба шумор мерафт, ки 22 гол (29 бозӣ) зада буд.  
***
Краснитский қоматбаланд буд – 185 см., аммо андозаи пойафзораш – 39. Механдиданд ва мегуфтанд, агар андозаи поят 44 мебуд, зарбаи задаат ҳар касро аз пой меафтонд.
***
Вале баъдан омад аз вай рӯй тофт. Барои қоидаи бозиро вайрон карданаш (ва боз нӯшидану ҷанҷол карданаш) як сол аз ҳуқуқи ба майдон баромадан маҳрум карданд. Баъди соле вай такроран қоидаро вайрон намуд ва боз ҷазо гирифт. Мегуфт нисбаташ ноадолатӣ мекунанд. Сахт ранҷида буд...
***
Г. Краснитский моҳи майи соли 1970, вақте 29 сол дошт, охирин бор дар «Пахтакор» бозид ва ба дарвозаи «Спартак» (М) аз ҷаримаи 11 метра гол даровард.  Тавре мебинем, вай хеле барвақт футболро тарк кард, ки сабаби инро ҳар хел шарҳ медиҳанд. Бо вуҷуди ҳамин бо 112 гол ба клуби «бомбардир»-ҳо, ки номи Фетодовро дорад, қабул гашт. Миқдори умумии голҳояш, назар ба баъзе ҳисобу китобҳо – 142-то.
Тренери дуюми «Пахтакор», соли 1976 сармураббии ин даста таъин гашт.  Бинобар он ки команда ба лигаи олӣ баромада натавонист, Краснитскийро сабукдӯш карданд.
Дар миёнаи солҳои ҳаштодум боз ба тренерӣ баргашт. Мураббии «Звезда»-и Ҷиззах гардид. Баъдтар дар идораҳои ба варзиш алоқаманд фаъолияти худро давом дод. Маош қаноат намекунонд – ҳамагӣ 135 сӯм. Ба кори дурусттаре гузарам гӯяд, маълумоти олӣ надорад. Аз бачагӣ ба хондан вақт надошт, ба футбол бахшида буд ҳаёташро. 
Хоршуда мешумурд худро, азияти рӯҳӣ мекашид. Алами худро аз нӯшидан меситонд. Наздиконаш мегуфтанд: «Геннадий бисёр инсони хуб. Айбаш ҳамин, ки менӯшад».
***
Июни соли 1988 бо кори футбол ба шаҳри Қӯрғонтеппа парвоз кард. Пеш аз ба аэропорт рафтан ҳамсарашро гуфт: «Бори охирин маро гусел намо». Вале Зоя бемор буд, модараш ва духтарчааш Катя ӯро ба Тоҷикистон гуселонданд. Дар Қӯрғонтеппа футболбози номии тоҷик Владимир Ғуломҳайдаров ӯро истиқбол кард.
Чанд нафар дар яке аз ҳуҷраҳои меҳмонхонаи шаҳр «нишастанд». Краснитский бетанаффус сигор дуд мекард. Ҳамроҳонаш фаҳмида наметавонистанд, ки вай чаро ин қадар асабӣ ва дар изтироб. Баногоҳ аз ҷо хест ва «хайр!» гуфту...
Чӣ тавр яке аз беҳтарин футболбозони Ӯзбекистон аз тирезаи меҳмонхонаи бисёрошёна  худро ба поин афканд, нафаҳмида монданд. 
Ҳамагӣ 47 сол дошт – афсонаи давраи кӯдакию бачагии мо, ки агар зинда мебуд, ба синни 83 медаромад.

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: