«МАН ТАРИҚИ ЗИНДАГИРО АЗ ПАДАР ОМӮХТАМ...»

Падарам Ӯзбекбой ном дошт.

Чунин ном гирифтани қиблагоҳам таърихе дорад. Солҳои 30-уми асри гузашта. Зиндагии мардум сангин. Нодорӣ, норасоӣ, камбағалӣ одамонро азият медод. Аз ин рӯ, аксарияти аҳолӣ оилаашро гирифта барои ёфтани қути лоямут деҳаро тарк мекарданд. Бобоям низ бо аҳли оилааш ба деҳаи Галаҷин, ки дар қисми ҷанубии Сиёҳкӯҳи қаторкӯҳи Нурато ҷойгир аст, рахти сафар мебандад. Падарам дар ҳамон деҳа ба дунё меояд. Аксарияти аҳолии деҳаи Галаҷин ӯзбекон буданд. Аз ин рӯ, «дар байни ӯзбекон ба дунё омад» гуфта, номашро Ӯзбекбой мегузоранд. Ӯ ҷонфидои миллату забони тоҷикӣ буд ва то охири ҳаёташ ба пойдориву рушду ривоҷи забони модариаш ҳисса гузошт.
Падарам 20-уми сентябри соли 1933 ба дунё омадааст. Дар хурдсолӣ аз падар ятим мемонад. Модараш момои Шодмонгул ӯро ба таъбире «гурбавор газида» ба воя мерасонад. Модаркалонам зани дорои саводи куҳна буд ва нақлу ривоятҳои пандомез, суруду таронаҳои дилангезро гуфта, писари ягонаи худро дар руҳи хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарбия намудааст, ки минбаъд ба падарам ҳамчун дарси ҳаёт хидмат кардаанд.
Дар солҳои қаҳтиву гуруснагӣ ба ояндаи дурахшони зиндагӣ бовар карда, ба ҳама душвориву сахтиҳо тоб оварда, писарашро хононд, соҳиби касбу кор, обрӯву эътибор гардонд.
Падарам, ки аз навозишу меҳрубониҳои падар барвақт маҳрум гашта буд, дар симои модараш зани муқаддас, зани меҳрубону меҳнатиро дидааст. Аз модараш як умр розӣ буда, то дами вопасин хидматашро кардааст...
Падарам хотираҳои солҳои донишҷӯияшро гоҳ-гоҳе ба ёд оварда чунин мегуфт: «Солҳои таҳсил роҳи Самарқанду деҳаро гоҳ пиёдаву савора, гуруснаву ташна тавассути ағбаҳои кӯҳӣ тай мекардем. Баъди чанд рӯз ба шаҳр мерасидем, таги поямон обила мешуд, ҳатто чанд рӯз бистарӣ мешудем. Рӯзе бо як рафиқам ҳангоми ба деҳа рафтан, дар сояи харсанге хостем каме дам гирифта гуруснагию ташнагии роҳро рафъ созем. Хобамон бурдааст. Чашм кушоям, аз ман каме дуртар чизи лӯндаяки заб-зард меистод. Наздиктар рафта бинам нони «буханка» санг барин сахт шуда мондааст. Ҳамон лаҳза аз хурсандӣ дар чашмонам ашк ҳалқа зад. Нонро бо санг майда карда, ба халтаҳоямон андохтем ва кам-кам ба даҳон андохта то деҳа расидем. Он рӯзгор сарватҳои табиии ҳам кӯҳу ҳам саҳроҳои моро бегонагон азони худ карда буданд. Як муддат геологҳо дар кӯҳҳои мо корҳои тадқиқотӣ мебурданд ва он «буханка»-и сахт, ки ману рафиқамро аз гуруснагӣ наҷот дода буд, пасмондаи онҳо буд». 
Фаъолияти директории падарам ба солҳои ташкилёбии мактабҳои нав рост меояд. Барои овардани масолеҳи сохтмон ба бинои мактаби нав, дастрас намудани маоши муаллимон ё дигар ашёҳои хониш ҳафтаҳо вақти пурқимати худро дар роҳ сарф мекард. Деҳаи мо аз ноҳия фарсахҳо дур аст. Он рӯзгор техника ниҳоят кам, нақлиёти мардум хару асп буд. Воқеаеро, ки падарам нақл карда буд, ба хотир биёрам, дилам озурда мегардад. Фасли зимистон. Падарам барои овардани маоши муаллимон ба маркази ноҳия меравад. Бозгашт ягон мошин намеёбад ва маҷбур мешавад тавассути ағба роҳро убур карда ба роҳ барояд. Аёси сарди зимистон гӯшу даҳону биниашро месӯзонд, атроф сап-сафед барф, ҷонзоде наменамуд. Баъди роҳи тӯлонӣ, хушбахтона, ба бошишгоҳи чӯпоне дучор меояд. Чӯпон ӯро хуш қабул мекунад, нону хӯроки гарм медиҳад. Падарам шабро дар кулбаи чӯпон рӯз мекунад. 
Рӯзи дигар чӯпон ба падарам як ҷомаи куҳна ва як чоруқ (пойафзор аз пӯсти ҳайвонҳо) мепӯшонаду роҳи сафед металабад ва падарам дар даст асо, дар китф борхалтаи пул – маоши муаллимон ба деҳа мефарояд. Дар роҳ ба чӣ мушкилиҳое дучор мегардад, худаш медонаду Худо...
Ёд дорам, бача будам, аспакиҳо ба хонаамон меҳмон мешуданд ва падарам ба мо – фарзандон «амаки Тошназарат, ошнои болои кӯҳ» гуфта онҳоро муаррифӣ мекард. Гӯсфанд ё бузеро сар зада ҳамсояҳо, хешон, муаллимонро ба назди меҳмон даъват мекард, аз хурсандӣ ҷойи нишаст намеёфт.
Касе, к-ӯ бо ту некӣ кард 
як бор, 
Ҳамеша он накӯӣ ёд 
медор,
 – мегуфт ӯ...
Имрӯз низ дӯстии падарамро бо «ошноҳои болои кӯҳ» идома медиҳем, дар тӯю маъракаҳо якдигарро суроғ мекунем.   
Падарам дар давоми фаъолияти зиёда аз чиҳилсолаи кориаш садҳо шогирдонро ба воя расонидааст, ки имрӯз ӯро бо некӣ ёд карда, бо муҳаббати беандоза ба забон мегиранд.
Меҳнати пуршараф, хизмати пурсамари падарам дар таълиму тарбияи насли наврас, дар ривоҷу пешравии диёрамон қадр ёфтааст. Соҳиби унвони Аълочии маорифи халқ, медали «Барои шуҷоати меҳнатӣ» ва дар даврони Истиқлол медали «Шуҳрат» гардидааст.
Яке аз машъалони маориф, нависанда Худойбердӣ Саидзодаи самарқандӣ, ки бо падарам дӯсти ҷонӣ буд, дар китоби ёддоштиаш «Кӣ будам, кӣ шудам»  (нашриёти «Зарафшон», Самарқанд, 2008) менависад: «...Ӯзбекбойи Рӯзӣ бо ман ҳамеша ҳамроҳ, ҳамкор буд. Марди хоксор, камтарин, ҳақгӯй, ростқавл, хушгуфтор буд. Симои ӯ ҳамеша пеши назарам меистад. Вай дӯсти беғараз, дӯсти меҳрубон, дӯсти ҷонӣ буд».
Имрӯз мо – фарзандон фахр мекунем, ки фарзанди марди, ба гуфтаи амаки Худойбердӣ, «хоксору камтарин, ҳақгӯй, ростқавлу поквиҷдон« мебошем. Фарзандону набераҳои Ӯзбекбой Рӯзиев шаш нафарамон касби пуршарафи қиблагоҳам – омӯзгориро пешаи худ кардаем. Ифтихор дорем, ки аз қафои касби падариву бобоӣ зиндагиамонро ба пеш мебарем, хизмати халқу диёрамонро мекунем.
Падарам дар синни 66 аз олам гузашт. Агар имрӯз ҳаёт мебуд, ба синни мубораки 90 мерасид.
Бо як ифтихору мамнуният аз забони шоир мегӯям:
Ман тариқи зиндагиро аз 
падар омӯхтам,
Одаму одамгариро аз 
падар омӯхтам.
Як нишоне аз ману аз 
манманӣ дар ӯ нест,
Хоксорӣ, камтариро аз 
падар омӯхтам...
Орзуям бар падар монанд 
бошам доимо,
Шеваи ибратгириро аз
 падар омӯхтам.

Элмурод РӮЗИЕВ,
омӯзгори тоифаи олӣ,
Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: