Дар мамлакати мо бо ташаббуси сарвари давлат барои ҳамаи намудҳои варзиш шароит фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ ҷавонон қуллаҳои баландро фатҳ менамоянд.
Дар мамлакати мо бо ташаббуси сарвари давлат барои ҳамаи намудҳои варзиш шароит фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ ҷавонон қуллаҳои баландро фатҳ менамоянд.
Шоҳрух зодаи деҳаи Навободи ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд мебошад. Ӯ соли 1996 дар ҳамин деҳа ба дунё омада, мактаби миёнаи зодгоҳашро хатм намуд. Хонандаи фаъол буд. Ба варзиш меҳри хосса дошт. Дар мусобиқаҳои мактабӣ оид ба дастгардонӣ ва сангбардорӣ пайваста дастболо мешуд.
Соли 2012 синфи 9-умро хатм намуду ба коллеҷи касбии хоҷагии қишлоқ ҳуҷҷат супурд. Онро соли 2015 бо сарбаландӣ хатм кард. Дар шаҳри Хабаровски Русия муҳоҷири меҳнатӣ буд. Чун дар дил меҳри беандозаи варзиш дошт, дар он ҷо низ машқро идома дод. Шуғли пайваста ва эътимод ба худ боиси он гардид, ки дар озмунҳо ширкат варзад. Дар варзиши намуди дастгардонӣ иштирок кард ва соҳиби ҷойҳои намоёну туҳфаҳо низ гардид. Ин комёбиҳо меҳри ӯро нисбат ба ин хели варзиш бештар кард.
Пас аз бозгашт ба Ватан бо варзиш ҷиддӣ машғул гардид. Дар назди худ мақсад гузошт, ки шаъну шарафи диёрро ҳимоя мекунад. Ӯ дар таҳхонаи ҳавлиашон барои худ шароити мусоид фароҳам овард. Ҷиҳозҳои заруриро бо дастони худ сохт.
Сабр, тамкин, меҳнатро ихтиёр намуд. Ба дасту бозуяш бовар дошт. Бо меҳнату машаққат ду сол сипарӣ гашт. Ба оянда бо чашми умед нигарист. Ва Худованд ба ӯ мадад кард.
Соли гузашта ду нафар шогирдаш дар озмуни вилоятӣ ширкат варзиданду оид ба варзиши дастгардонӣ ҷойи дуюмро соҳиб гаштанд. Имсол охири октябр дар шаҳри Андиҷон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ доир ба дастгардонӣ баргузор шуд. Шоҳрух дар зинаи ниҳоӣ бо ҳарифи худ, ки аз Бухоро буд, қувваозмоӣ кард ва ғолибиятро ба даст овард. Шоҳрухро бо медали дараҷаи тиллоӣ ва диплому гулдастаҳо қадрдонӣ намуданд. Аз ҷониби ҳокими ноҳияи Бӯка бо телевизори ранга ва дигар туҳфаҳои моливу пулӣ сарфароз гардид. Ба ин муносибат бо чемпион дар мактаби рақами 9 вохурӣ барпо гашт, ки ба ҷавонон таассуроти хубе боқӣ гузошт.
Шоҳрух ният дорад, ки дар маркази ноҳия мактаби варзишӣ кушояд ва қувваи бозуи худро дар арсаи байналмилалӣ нишон дода, парчами Ӯзбекистонро баланд бардорад. Дар воқеъ, мегӯянд, ки дар асри 15 шоири маъруф Зайниддин Маҳмуди Восифӣ дасту панҷаи бақувват дошту дар Ҳирот ва гирду атрофи он касе дар сабқати дастгардонӣ ба ӯ баробар шуда наметавонист.
Шоҳрух вориси муносиби адиби бузург аст. Офарин Шоҳрух!
Сулаймонбек СОДИҚОВ,
омӯзгори мактаби рақами 9-уми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд.