ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ШУДАНД

Тӯли панҷ соли охир дар ин сохтор мавқеи раиси маҳалла, ходимони фаъоли бонувон, сарвари ҷавонон, ёрдамчии ҳоким ва нозири профилактика баланд бардошта шуд ва ҳар яки онҳо вазифаҳои худро дар ҷамоати шаҳрвандони маҳалла иҷро мекунанд.

Соли гузашта дар асоси супоришоти Президент ва ҳукумат ба «панҷгонаи маҳалла» ходимони соҳаи иҷтимоӣ ва нозири андоз ҷорӣ карда шуданд, ки имрӯз дар тамоми маҳаллаи кишвар онро «Ҳафтгонаи маҳалла» ном мебаранд. 21 декабри соли 2023 Фармони Президент «Дар бораи чораву тадбирҳои аз нав баланд бардоштани нақши институти маҳалла дар ҷамъият ва таъмини кори он ба сифати зинаи якумин дар ҳаллу фасл намудани муаммои аҳолӣ» қабул гардид, ки дар ин фармон вазифаҳои муҳими ҳафтгонаи маҳалла, яъне раис, фаъоли бонувон, сарвари ҷавонон, ёрдамчии ҳоким, нозири профилактика, ходими иҷтимоӣ ва нозири андоз муайян карда шуданд. Мувофиқи Қарори Президент «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ доир ба такмил додани сохтори идоракунӣ дар маҳаллаҳо ва ба роҳ мондани фаъолияти Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон»  қабул шуд, ки тибқи он дар миқёси ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳру ноҳияҳо роҳбарон ва шуъбаву садоратҳои Иттиҳоди маҳаллаҳо таъсис ёфтанд. 
Имрӯз бо мақсади баланд бардоштан ва иҷрои вазифаҳои Ҳафтгонаи маҳаллаҳо корҳои омӯзиши, фаҳмондадиҳӣ, аз сидқи дил иҷро кардани вазифаи ходимон дар ҷамоати шаҳрвандони маҳалла бурда мешаванд. Ҳафтаи гузашта дар ҳамин бобат дар техникуми агросаноати ноҳияи Бӯка бо супориши раиси Иттиҳодияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон, роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳурӣ Қаҳрамон Қуронбоев семинари омӯзиши ходимони 44-ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳия ташкил гардид, ки дар кори мутахассисони ҷумҳурӣ ва вилояти Тошканд ширкат варзида,  доири вазифа ва маҷбурияти ҳафтгонаи маҳаллаҳо маърӯза карданд. Пас аз кор семинари омӯзишӣ бо мақсади то кадом андоз азбар кардани маърӯзаҳо аз ходимони маҳалла тест гирифта шуд. 
– Азбаски солҳои зиёд дар сохтори ҳокимият кор мекунам, аҳамияти ислоҳотеро, ки дар сохтори маҳалла амалӣ мешаванд, хуб дарк мекунам. Мувофиқи қарор ва фармони Президент вазифа ва маҷбуриятҳои ходимони маҳалла худ нишон дода шудаанд, – гуфт дар ҷамоати семинари омӯзишӣ ҳокими ноҳияи Бӯка Б.Бегматов. – Воқеан сохтори «Ҳафтгонаи маҳалла» имрӯз ба ҷамоаи пурқувват табдил ёфтааст. Вазифаи мо дастгирии онҳо ва ҳал кардани мушкилоти аҳолӣ дар ҳамкорӣ аст. Ба наздикӣ мо ба роҳбарии шуъбаи ноҳияи бӯкагии Иттиҳодияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон номзади Зоҳидҷон Обидовро тасдиқ кардем ва дар ин бобат ҳамкориҳоро пеш мебарем.
Бинобар гуфти раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Навобод»-и ноҳияи Бӯка Саидвалӣ Аҳмадов,  семинари мазкур барои ходимони маҳалла саривақтӣ буд ва  аз  он мо оида вазифа ва маҷбуриятҳои «Ҳафтгонаи маҳалла» дониши худро афзудем. 
     
Меҳровар ҚОДИРЗОДА.
Вилояти ТОШКАНД.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: