САМТИ МУҲИМИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ

Кишоварзӣ шабакаи стратегии иқтисодиёти ҳар як давлат ба ҳисоб меравад.

Ин соҳа дар истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар маҳсулоти вобаста ба сатҳи зиндагӣ ва саломатии аҳолии кишвар, инчунин дар таъмини шуғли аҳолӣ дар соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим дорад.
Панҷ-шаш сол пеш аз ин доир ба аҳолӣ ҷудо карда додани замин, то ки даромад гираду ба оилааш фоида расонад, фикр ҳам накарда буданд. Аз январи соли 2021 бо ташаббуси Президент ба ҷавонҳо аз майдонҳои кишт ҷудо кардани замин натиҷаи хуб дод. 
Барои бо деҳқонӣ шуғл варзидани аҳолии бекор тартиби ба иҷора додани заминҳои хоҷагӣ ҷорӣ карда шуд. Дар натиҷа, дар тӯли солҳои сипаришуда  дар 200 ҳазор гектар замине, ки барои деҳқонӣ ҷудо карда шуда буд,  маҳсулоти хӯрокворӣ парвариш ёфт ва натиҷаҳои хуб ба даст омаданд. 
Бахусус, 700 ҳазор нафар аҳолӣ бо шуғли доимӣ ва 1 миллиону 300 ҳазор нафар бо шуғли мавсимӣ таъмин гардиданд. Даромади 605 ҳазор нафар деҳқон зиёд шуд. Сафи ноҳияҳое, ки бо картошка, пиёз, сабзӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ худро таъмин менамоянд, афзуд. Президент Шавкат Мирзиёев дар давоми ташрифи худ ба вилояти Бухоро 10-11 августи соли ҷорӣ қайд намуд, ки мӯҳлати иҷораи 73 ҳазор гектар майдон, ки дар марҳилаи аввал барои 10 сол ҷудо карда шудаанд, то 30 сол дароз карда мешаванд. Ин бошад, аҳолиро хурсанд кард, ба фаъолнокӣ даъват намуд. 
Аз ҳама муҳимаш, бо мақсади боз ҳам давом додани ислоҳоти ин соҳа, яъне майдонҳои пахта ва ғалларо кӯтоҳ карда, барои ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ ба аҳолӣ ҷудо карда додани 70 ҳазор гектар замин нишон дода шуд. Инчунин, ба чорводорон иҷозат дода мешавад, ки аз 100 ҳазор гектар чарогоҳи холӣ камаш 10 гектарӣ ба муддати 10 сол метавонанд иҷора гиранд. Аҳолии эҳтиёҷманд, ки ба «Реестри ҳифзи иҷтимоӣ» дохил карда шудаанд, акнун аз ҳамаи пардохтҳои замин озод карда мешаванд. Ин бошад, ба афзудани даромади аҳолӣ дар ин самт хизмат мекунад. 
Дар давоми ҷамъомад доир ба истифодаи самаранок аз канори майдонҳо низ вазифаҳои муҳим муайян карда шуданд. Аз оғози соли ҷорӣ барномаи доир ба дар канори 60 ҳазор гектар майдонҳои холии хоҷагиҳои фермерӣ ангур, каду, тарбуз, харбуза ва сабзавот кишт карда, бар илова парвариши 220 ҳазор тонна маҳсулот, 600 ҳазор сар парранда ва 300 ҳазор дона оилаи занбӯри асал кор карда шуда буд.                    
Дар асоси ин вазифаҳо ба масъалаҳои сари вақт иҷро намудани нақшаҳо, дастгирӣ намудани ташаббуси аҳолӣ, инчунин баланд бардоштани масъулият бобати самаранок истифода бурдан аз канори майдонҳо алоҳида истода гузашт, ки ин ба масъулиятнок шудани шахсони масъул хизмат мекунад. 
Ҳангоми ташриф масъалаҳои ташкил намудани гармхонаҳо, ки самти муҳими соҳаи аграрӣ ба шумор меравад ва аз тарафи давлат дастгирӣ намудани ин самт низ аз эътибор дур намонд. Дар мамлакатамон солҳои охир майдони гармхонаҳо 3 баробар афзуда, ҳаҷми маҳсулоти парваришёфта аз 90 ҳазор тонна ба 300 ҳазор тонна зиёд шудааст. Имрӯз дар ин ҷабҳа 150 ҳазор аҳолӣ бо кори сердаромад таъмин мебошад. 
Роҳбари давлатамон бо мақсади боз ҳам ривоҷ додани чунин натиҷаҳои эҷобӣ доир ба гармхонаҳо пайваста расонда додани маҳсулоти сӯзишворӣ алоҳида супоришҳо дод ва ин таваҷҷуҳи аҳолиро, ки дар ин самт фаъоланд, ба густариши минбаъдаи ин соҳа меафзояд.
Инсон кай худро хушбахт ҳис мекунад? Ҳамон вақт, ки ба манбаи даромади барқарор ва касби дӯст-дошта соҳиб шуда, худ ва аҳли оилаашро таъмин намояд. Ташаббусҳои пешниҳодкардаи Раисҷумҳур барои беш аз пеш беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми Бухоро аҳамияти муҳим дорад.
Додани супоришҳо бобати дар мавсими тирамоҳу зимистон ба гармхонаҳо пайваста расонда додани маҳсулоти сӯзишворӣ, зарур бошад, барои хариди онҳо ҷудо кардани кредит ба деҳқонони вилоятамон имкон медиҳад, ки бе мушкиливу талафот ба комёбиҳо муваффақ гарданд. 
Дар хотима бояд гуфт, ки ташаббусҳое, ки Президент пешниҳод намуданд, на фақат баҳри таъмини бехатарии хӯрокворӣ, балки тавассути густариш ва васеъ намудани парвариши маҳсулоти кишоварзӣ баланд бардоштани даромади аҳолӣ, таъмини шуғли онҳо, дигар шудани муносибати онҳо ба замин ва на фақат ба талаботи таъмини бозори дохилӣ,  балки ба зиёд шудани салоҳияти экспорт низ хизмат мекунад. 
Ба мо, депутатҳо, дар навбати худ, зарур аст, ки дар таъмини иҷрои ин вазифаҳо бо мутасаддиён ҳамкории мунтазам ба роҳ монем, бо пешниҳоду тавсияҳои худ ба онҳо кумак расонем. Инчунин, мо бояд ислоҳоти соҳаро ба аҳолӣ расонем, дар сатҳи парлумонӣ масъалаҳои марбути таваҷҷуҳи онҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳем, дар такмили қонунгузорӣ оид ба рушди соҳаи аграрӣ фаъол бошем.

Равшан МАМУТОВ,
раиси Кумитаи масъалаҳои аграрӣ ва хоҷагии оби 
Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.            

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: