Сафири Русия Олег Малгинов имрӯз, 2 феврал нишони “Барои саҳм дар ҳамкориҳои байналмилалӣ”-ро ба муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Владимир Норов супурд.
Бо нишони сарисинагӣ шаҳрвандони Русия, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои кори фаъолонаи муштарак бо Вазорати корҳои хориҷии Русия оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба, саҳм дар густариши забон ва фарҳанги рус ва дигар хизматҳои хоса мукофотонида мешаванд.
Сафири Русия зимни супоридани нишони сарисинагӣ ба фаъолияти Владимир Норов дар мақоми Дабири кулли СҲШ дар солҳои 2019-2021 ва саъю талоши ӯ барои рушди муносибатҳои Русияву Ӯзбекистон баҳои баланд дод, хабар медиҳад АИ “Дунё”.
Владимир Норов бо изҳори сипос ба Вазорати корҳои хориҷии Русия қайд кард, ки ҳамкории наздики шарикии вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар минбаъд низ дар рушд ва амиқсозии муносибатҳои дуҷониба саҳми арзанда хоҳад дошт.