«МОҲОНАИ ВАТАНПАРВАРӢ» ИДОМА ДОРАД

Алҳол дар кишвари мо, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд ба муносибати 32-юмин солгарди ташкилёбии Нерӯҳои Мусаллаҳ «Моҳонаи ватанпарварӣ», ки 18-уми декабри соли гузашта оғоз ёфта буд, муташаккилона идома дорад.

Дар чаҳорчӯбаи «Барои ҳаёти нав, барои Ӯзбекистони Нав» тадбирҳои «Вохӯрии се авлод» баргузор мешаванд, ки ниҳоят хотирмон мегузаранд. 
Тавре рӯзнома иттилоъ дода буд, дар маҳаллаи Арабхонаи ноҳияи Самарқанд ягона иштирокчии ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Аҳадбобо Очилови қариб 100 сола зиндагӣ дорад. Дар арафаи Рӯзи муҳофизони Ватан як гурӯҳ хидматчиёни ҳарбӣ ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии рақамҳои 3-юм ва 9-ум барои зиёрати мӯйсафеди барнодил омаданд. 
Хотираҳои Аҳадбобо Очилов барои ҳозирон хеле шавқангез буданд. Ӯ ҳамчун танкист барои ҳифзу озод кардани Русия, Украина, Белорус ва ғайра саҳми арзанда гузоштааст, баъди ғалаба бо фаъолияти педагогӣ машғул шуд. 
– Ман аз сарвари давлатамон барои меҳрубонӣ ва ғамхориҳои беандоза сипосгузор ҳастам, – иброз дошт ӯ. – Дар арафаи Рӯзи  хотира ва қадр се маротиба бо Президент Шавкат Мирзиёев суҳбат оростем, ки аз хотир фаромӯш нахоҳад шуд. 
Ҳамчун собиқ омӯзгори фанҳои забони модарӣ ва адабиёти тоҷик ва пири хирадманд байти зеринро қироат намуд:
Бародарон, ба модари 
Ватан вафо кунем,
Агар сар талаб кунад, ба 
вай фидо кунем!
***
Дар ноҳияи Пойариқ ҳам зери шиори «Артиши Ӯзбекистони Нав – қудрати мамлакат ва тимсоли садоқат» тадбири бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он сарбозони гарнизони ҳарбии шаҳри Самарқанд иштирок намуда, ба ҷавонон аслиҳа ва техникаи ҳарбиро намоиш доданд, доир ба хидмати ҳарбӣ нақл карданд, ҳатто бо шавлаи саҳроӣ зиёфат оростанд. 
Дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии вилоят низ бо собиқадорони Нирӯҳои Мусаллаҳ ва сарбозони самарқандӣ вохӯриву мулоқот баргузор намуданд.

Баҳодури ЗОҲИР, 
вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: