«ӮЗБЕКИСТОН – ҶОМЕАИ СОЛИМ ВА БОМАЪРИФАТ»

Дар Тошканд таҳти ҳамин ном конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар конфронс, ки дар доираи Ҳафтаи ташаббусҳои байналмилалии шарикӣ ва дар мавзӯи «Ӯзбекистони Нав: рушд, инноватсия ва маориф» баргузор шуд, намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ ва ходимони соҳаи таълими халқи кишварҳои хориҷӣ ширкат карданд.
Ҳадафи аслии ин чорабинӣ баррасии вижагиҳо ва нақши маориф ва илм дар ташаккул ва рушди сармояи инсонӣ дар Ӯзбекистони Нав, табодули афкор доир ба тамоюлҳои имрӯзаи ислоҳоти низоми маориф буд. 
Зимни суханрониҳо дар мавзӯъҳои «Таълими босифат – заминаи мустаҳками Ӯзбекистони Нав», «Сармояи инсонӣ: мушкилоти ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои рушд» мазмуни ислоҳоти соҳаи таълими томактабӣ ва мактабӣ дар солҳои охир ва таҳлили дигаргуниҳои бузурге, ки дар ин соҳа ба вуқӯъ пайвастаанд, ҳаматарафа муҳокима карда шуданд.
Пӯшида нест, ки дар солҳои охир дар соҳаи таълими томактабӣ ва мактабии ҷумҳурии мо хеле дигаргуниҳо ба амал омаданд. То имрӯз фарогирии кӯдакони синни томактабӣ ба муассисаҳои таълими томактабӣ аз 27,7 дарсади соли 2017 то ба 72,3 дарсад афзоиш ёфт. 
Эътироф гардид, ки барои ноил шудан ба ин нишондодҳои баланд дар панҷ соли охир шумораи муассисаҳои таълимии томактабӣ аз 5 ҳазору 211 ба 29 ҳазору 420  расонида шуд. Аз ҷумла, 6 ҳазору 598 муассисаи таълимии томактабии давлатӣ, 833 хусусӣ, 1 ҳазору 313 муассисаи таълимии томактабии ғайридавлатӣ дар асоси шарикии давлативу хусусӣ ва дар 20 ҳазору 676 оила муассисаҳои таълимии томактабии ғайридавлатӣ кушода шуданд.
Гузашта аз ин, дар натиҷаи ба итмом расидани сохтмони 438 кӯдакистони нави давлатӣ барои фаро гирифтани 60 ҳазору 335 нафар, дар натиҷаи реконструксия намудани беш 2 ҳазор кӯдакистон барои ҷалби 13 ҳазору 980 кӯдак имкон фароҳам оварда шуд. Дар ин миён 785 муассисаи давлатии томактабӣ пурра аз таъмир баромад.
Тавре ки дар конфронс қайд шуд, барои кӯдакони оилаҳои ба ҳимояи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд намудҳои алтернативии таълими томактабии бепул ҷорӣ гардидаанд. Дар доираи лоиҳаи «Ақлвой» дар 142 маҳаллаи ҷумҳурӣ, ки дар он ҷо муассисаҳои томактабӣ мавҷуд нестанд, 387 гурӯҳи сайёр ташкил карда шуда, ба он ҳудуд 7 ҳазор кӯдак ба таълиму тарбия фаро хонда шуданд.
Маълум шуд, ки то кунун дар натиҷаи ҷалби васеи сармояи хориҷӣ ба соҳаи таълими томактабӣ дар ҳаҷми 141 миллион доллари ИМА созишномаҳои байналмилалӣ ба даст оварда шудаанд. Дар ҳамин ҳол дар 22 муассисаи таълими олии давлатӣ барои системаи таълими томактабӣ омӯзгорон тайёр карда мешаванд. 
Дар конфронс ба он нукта ишора карда шуд, ки шумораи омӯзгорони системаи таълими томактабӣ аз 58 ҳазору 400 нафари соли 2017 ба 151 ҳазору 746 нафар расидааст. Ҳиссаи муаллимони дорои маълумоти олӣ низ аз 21,6 фоиз ба 34 фоиз афзоиш ёфтааст.
Шаклу тарзҳои таълими инклюзив ва дастгирии кӯдакони маълӯлу ногирон ҷорӣ карда шуд ва он дар шаҳрҳои Нуқус, Қаршӣ ва ноҳияи Қибрай ба фаъолият идома медиҳад. Дар ин таълимгоҳҳои таҳти номи «Имкон» корҳои реабилитатсионӣ ба амал бароварда мешаванд.
Навигарии дигаре, ки дар конфронс қайд гардид, якҷоя бо мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо мақсади таъмини кӯдакон бо хӯроки хубу серкаллории солим таҳияи китоби ретсептҳо мебошад, ки дар муассисаҳои томактабӣ истифода мешавад. Дар натиҷаи эътирофи байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ дар Ӯзбекистон соли 2022 дар шаҳри Тошканд конфронси ҷаҳонии ЮНЕСКО оид ба таълиму тарбияи томактабӣ баргузор гардид, ки дар он Эъломияи Тошканд қабул гардид ва он самтҳои афзалиятноки тарбияи томактабиро барои 10 соли оянда муайян менамояд. 
Бар асоси фармони марбутаи Президент дар ҷумҳурӣ «Консепсияи то соли 2030 ривоҷ додани сохтори таълими халқ» ба тасвиб расид ва он стратегияи 10-соларо муқаррар намуд.
Дар давоми ҳафт соли охир 5 ҳазору 137 мактаб таъмир гардида, аз ҳисоби грант ва сармоягузории созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва буҷети давлатӣ 6 ҳазору 251 синфи муосири компутерӣ бунёд карда шуданд. Аз ҳисоби бахши хусусӣ шумораи ташкилотҳои таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ ба 364 адад расид, ки нисбат ба соли 2017 қариб 6 маротиба зиёд мебошад. Дар доираи барномаҳои PIRLS 2021, TIMSS 2023 таҷрибаи баҳодиҳии саводнокии омӯзгорону хонандагони мактабҳо аз як қатор фан роҳандозӣ гардид.
Аз соли нави таҳсил ҷорӣ намудани системаи бо хӯроки бепул таъмин намудани талабагони синфҳои ибтидоӣ, ки дар минтақаи Арал воқеъ гаштаанд, таъмин гардид ва минбаъд барои мактабҳои миёнаи тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ он ҷорӣ карда мешавад.
Дар олимпиадаҳои байналмилалӣ хонандагони мактабҳои президентӣ, эҷодӣ, тахассусӣ ва мактаб-интернатҳо 37 медал ба даст оварданд, ки ин боиси ифтихори мардуми мо мебошад. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: