ОМОДАГӢ БА ФЕСТИВАЛ

Дар шаҳри Бухоро гузаронидани ҷашнвораи байналхалқии «Абрешим ва зиравор» ранги одатро гирифтааст.

 Шаҳри куҳна ба тадбири навбатӣ, ки 16-18 июн баргузор мегардад, тайёрии ҳаматарафа мебинад. 
Мувофиқи барнома дар ин ҷо тадбирҳои гуногун ба амал меоянд. Маросими тантанавии кушодашавии фестивал дар маҷмӯи «Пойи Калон» сурат мегирад. Тадбирҳои маданӣ, намоиши маҳсули дастони ҳунармандон, барномаҳои рангини консертии дастаҳои ҳунарӣ, бешубҳа, ҷозибаи ҷашнвораро меафзояд. Майдони Арк бошад, ба маскани дӯстдоштаи тамошобинон табдил меёбад. Дар ин ҷо бозиҳои гуногуни миллӣ, ҳунарнамоиҳои ширинкорон, рақсу сурудҳои дилнавози ҷамоаҳои фолклорӣ ба амал омада, садои рӯҳбахши карнаю сурнай танин меандозанд. Баромадҳои доиразанон ба гирду атроф ҳусни идона мебахшад. Шубҳае нест, ки ҷашнвораи пешистода ҳамчун иди дӯстию ҳунармандӣ баҳри пос доштани мероси мадании мардум нақши муҳим мебозад.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: