БО ЗАБОНИ РАНГҲО

Толори намоишгоҳи маҳсули дастони муъҷизаофари Муҳаммадӣ Чоршанбиев – узви Академияи рассомони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иттиҳодияи ҳунармандони вилояти Қашқадарё дар як гӯшаи хонаи падариаш, ки воқеъ дар деҳаи Ғелони ноҳияи Шаҳрисабз аст, ташкил ёфтааст.

Ин толорро ҳамасола аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар меҳмонони зиёде тамошо мекунанд ва аз ҳунари худододи мусаввир завқ мебаранд. 
Тоблуҳои андозаашон гуногун, ки аз маҳсули мӯқалами сеҳрофарини Муҳаммадии рассом мураттаб гардидаанд, рӯйи девор бо низом чида шудаанд. Онҳо аз манзараҳои нотакрори деҳаи Ғелон, таърихи мозиву имрӯзи он бо забони рангҳо ҳикоят мекунанд. Нигоҳи чашмони ман аз як тасвир ба тасвири дигар мелағжад. Ниҳоят як тасвирнигора ҳуши маро рабуд... 
Оби зулоли рӯди шӯхе гарданкашон ва бо шитоби ҳарчи бештар ба ҷониби ҳамвориҳо ҷорӣ мегардад. Уштурҳои ҳомили бор чашмони ба ҳарос моилашонро гоҳ ба талотуми об, гоҳе ба тахтапули ларзон дӯхта, чида-чида қадам мегузоранд. Садои нолиши болору вассаҳои пул ваҳме дар дили онҳо андохтааст. Уштурҳо аз ғулғули дарёи хурӯшон қадре тарсида, ногузир гӯшҳои худро сих кардаанд ва ин ваҳм онҳоро водор сохта буд, ки рагу пайи тани худро дарҳам кашанд ва дар эҳтиёти тамом ба самти муқобили рӯдхона роҳ гиранд. Боз дар ин мусаввара кӯҳҳои осмонталошро мебинам, ки гӯё намои бехатои азалан сарбаланд ва бовиқор будани  тоҷикони кӯҳистонро илқо мекунад. Дар оғӯши он сангистонҳои мазбут пора-пора барфхонаҳо мавҷуданд, ки бабри дар каминро дар зеҳни кас зинда месозанд. Абри дар баландии он кӯҳҳои азим лангарандохта-чӣ? – амомаи мӯйсафедони баори ин деҳаанд гӯё... 
– Ин як гӯшаи биҳиштосои деҳаи Ғелон аст, – аз нигоҳи пурсишҷӯи ман маънӣ чида, шарҳ медиҳад рассом, – дарёи Сафед ва туғёни он ба тасвир омадааст. Кӯҳи Сиёмро мебинед...
– Ин манзараро тасодуфӣ интихоб кардаед, ё..?
– На, бародар! Дар кори мо ба тасодуф роҳ масдуд аст. Ин хуб нест, ки ҳарчи пеш омад, сепояи худро рост бикунӣ ва дар тасвири он манзара оғоз. Дар интихоби манзара рассом набояд иштибоҳ кунад. Ҳамон гӯшае, ки вай мехоҳад ба тасвир кашад, аввал бояд худи мусаввирро такон диҳад, ба таҳрик оварад. Яъне бо дунёи ботинии ӯ ҷӯр гашта, садое аз қаъри замираш бархоставу ба ин шуғли латиф водор созад. Инро шояд ангезаи илҳом мегӯянд.
Аммо ба гуфтаи Муҳаммадӣ он чӣ рассом дар муҳити пуршӯри ҳаёт мебинад, шояд ба чашми каси одӣ намудор нагардад. Мусаввирон ба ҳар як шайъи атроф бо чашми дил назар партофта, аз он маънии наву бикр ва комилан ниҳонро берун мекашанд. 
Унвони ин асари безаволро ман «Ҳаёт» гузоштам. Аммо дар толори намоишгоҳи мусаввир мусавварае нест, ки бо зиндагӣ, ҳаёти пуршӯри мардуми деҳа, табиати зебою дилфиреби кӯҳистони он тавъам набошад. Ба дунёи зебои мусаввир фурӯ рафтаву ин афкор дар зеҳни ман менишинанд: Дарёи хурӯшони кӯҳӣ, пули чӯбини ларзон, уштурҳои гаронбору соҳибони аз пешомади кори дунё бехабар... Ин ҷо дақиқан фалсафаи ҳаёт ниҳон аст! Дарё чист? – Ҳаёт, зиндагии мураккаби инсоният, ки дар талотум ҷорист. Пули ларзон чӣ маънӣ дорад? – як воситаест, ки инсон аз як соҳил ба соҳили дигар убур мекунад, ба гумони ғолиб, ҳамон пули Сироти маъруф аст! Аз гузаштани ин пул уштурҳо тарсе дар дил гирифтаанд, аммо фарзанди Одам ҳанӯз беғам аст...  
Албатта, ин суратнигораро ҳар кас ба таври худ шарҳ медиҳад. Муҳим, асари санъат бояд бинандаи худро такон диҳад. Ба қалби ӯ чанг задаву водор созад, ки лаҳзаяке ба андеша равад. Мусаввири зӯр табиатро он тавр тасвир мекунад, ки бинанда натанҳо аз диданаш лаззат мебарад, балки хаёлан накҳати гулгаштҳои ба тасвиромадаро ҳис мекунад.
Агар амиқ андеша варзем, ифода намудани бӯй ва садо дар асари санъати тасвирӣ амрест муҳол ва дар чаҳорчӯби тасаввур намеғунҷад. Аммо аз тамошои асарҳои ин рассоми чирадаст кас ба ҳамон муҳити зинда меафтад ва ғулғули дарёи кӯҳӣ, хониши мурғони ҳаво, гуфтугузори одамон ба гӯшаш менишинанд, ҳатто вазидани бод ҳис шуда, бӯйи гулҳои худрӯ ба машомаш меоянд. 
– Пас, ба мақсад расидаам, – аз андешаи ман чаманвор шукуфта фарох ханда мезанад мусоҳиби ман Муҳаммадӣ. 
– Оё шумо дар ҳаёт фарди хушбахтед? – аз нишоти ӯ ба завқ омада пурсидам ман. 
– Ба тасвираш сухан намеёбам – хеле хушбахтам! Ҳарчанд аз ғамҳо орӣ нест, як зиндагии шоистае дорам, ки тавъам ба шодиву сурур аст ва пояаш аз нони ҳалол рост шудааст. Нони ҳалол хӯрданро тасаввур кунед! Ин барои як ҳаёти беғубор хеле муҳим аст. Шогирдони ба ҷон баробаре дорам, ки имрӯз дар ҷодаи санъати тасвирӣ аз ман пешгомтаранд, пешрафтҳои беназири онҳо боиси таҳайюри мани устод шудаанд. 
Бале, рассом шогирдони зиёде дорад. Вақте дар мактаби рақами 58-уми деҳа чун раҳбари маҳфили рассомон ва ҳаваскорон кор мекард, меҳри ин санъати баландро дар дили даҳҳо нафар аз хонандагон ҷой дод. Бисёранд шумораи онҳо... Аммо зиёдтар аз бист нафар шогирдони муваффақ дорад, ки имрӯз нозукиҳои ин пешаро омӯхтаву дар ҷодаи мусаввирӣ пайгирона заҳмат мекашанд. Шамсиддин Шерназаров, Суннатуллоҳ Садриқулов, Камолиддин Абдувалиев, Шариф Султонов, Улуғбеки Ғелонӣ, Илҳоми Абдувалӣ, Шариф Шанбиев аз зумраи мусаввироне мебошанд, ки тарбиятдидагони мактаби рассомии Муҳаммадӣ ҳастанд ва имрӯз Ғелонро берун аз он муаррифӣ мекунанд. Аксари онҳо Донишкадаи дизайн ва рассомии ба номи Камолиддини Беҳзодро хатм кардаанд. Аз ҷумла, Шариф Шанбиев пас аз хатми мактаби олӣ дар шаҳри Рязани Русия зиндагӣ дорад. Он ҷо ба касби мусаввирӣ машғул буда, чандин маротиба намоиши асарҳои худро дар толорҳои ин шаҳр доир намудааст, ки мардуми зиёде аз он баҳраманд ва  мафтуни ҳунари рассомии ӯ гаштаанд. Шамсиддин Шерназаров рассом ва кулоли маъруф аст ва дар ин ҷода хеле пеш рафтаву узви Академияи рассомони кишвар шудааст. Вай дар Тошканд соҳиби мактаби худ аст ва дар соҳаи рассомию кулолӣ аз мутахассисони ангуштнамое ба ҳисоб меравад. Фарзандони фарзонаи Муҳаммадӣ низ аз роҳи падар гом бардошта, дар санъати тасвирӣ хеле рушд кардаанд. Духтараш Ҳанифабону нозукиҳои мусаввириро омӯхтаву асарҳои хеле дилнишин эҷод мекунад. Писари калониаш Ҷамшед Донишкадаи дизайн ва рассомии ба номи Беҳзодро хатм карда, ҳоло фаъолияти эҷодии худро дар пойтахт идома медиҳад ва ӯ узви Академияи рассомон маҳсуб меёбад. Айюб писари хурдии хонадон аст, ки мактаби рассомии Самарқандро фаро гирифта, дар ҷодаи санъати тасвирӣ хеле тавфиқ ёфтааст ва умедворем, ки яке аз рассомони номӣ хоҳад шуд. 
Муҳаммадӣ як нафар аз фарзандони некноми деҳа аст, ки бо худомӯзӣ дар пешаи рассомӣ муваффақ гаштааст ва бо асарҳои мондагораш дар таърихи рассомии кишвар номи худро бо ҳарфҳои заррин навиштааст. Вай аз камназир ҳунармандоне аст, ки чун гули худрӯйи кӯҳистон сар ба боло кашида, истеъдоди худододаро бо заҳматҳои инфиродӣ сайқал додаву дар ҷодаи санъати тасвирӣ муваффақ гаштааст. Ин рассоми беунвон соли 1963 дар оилаи ҳунарманди маҳаллӣ – Усто Ниёз ба дунё омадааст. Падараш ба ҷуз хонасозӣ бо тарошидани қошуқу чумча, косаву табақ ва дигар асбобҳои рӯзгор, сохтани дутору думбура низ машғул буд. Ин хонавода қабат-қабат ҳама ҳунармандони асиле ҳастанд, ки Муҳаммадӣ насли сеюми сулола маҳсуб меёбад. Ба ҷуз рассомӣ, ки пешаи хеле дӯстдоштааш аст, касби аҷдоди бошарафи худро низ идома медиҳад ва хоса дар сохтани асбобҳои мусиқӣ, ҳунари кандакорӣ ва нақшофарӣ дасти баланде дорад. Дар давраҳои дӯстони ҳамдил кам-кам хиргоҳӣ карда, табъи ҳозиронро низ хуш мекунад. Аммо рассомӣ ҷону дили ӯст ва инро аз айёми хурдсолӣ фаро гирифтааст. Вай роиҷ тан гирифт, ки апааш Навбаҳор дар ҷодаи рассомӣ нахустустодаш мебошад. 
– Навбаҳор мактабхон буд ва гуна-гуна расми гул, манзараи табиатро мекашид, ки устодони дабистон аз фанни саъати тасвирӣ ба аҳли синф чун вазифаи хонагӣ месупориданд. Дар тасвири гулҳо маҳорати тамом дошт. Вақте апаам гулҳоро тасвир мекард, ба назари мани он вақтҳо хурдсол ҳатто бӯйи хуши онҳо ба димоғам менишастанд. Мани чорсола мафтуни санъати ӯ шуда, соатҳо аз мусаввараҳои кашидааш чашм намекандам. Он олами зебо дунёи мани ҳануз кӯдакро забт карда буд, – дар ҳаяҷон зикр мекунад рассом. 
Аммо қисмат буд, ки ӯ дар ягон мактаби олӣ таҳсил надид, ташвишҳои зиндагии мураккаб орзуҳои ӯро фурӯ бурданд. Аммо вай дилмонда нагашт, мусаввириро ба таври худомӯз идома дода, асарҳои ҷолибе офарид ва чун дар намоишгоҳҳои мӯътабар ба маърази тамошо гузошт, мусаввирони номӣ дидаву ангушти ҳайрат газиданд. Ин рассоми худрӯро соли 2010 ба узвияти Академияи рассомони ҷумҳурӣ пазируфтанд. Вай солҳои 2009 ва 2016 бо  писараш Ҷамшед дар Тошканд намоишгоҳи осори худро ташкил намуд, ки дар байни рассомони кишвар шӯре ангехт.  
Имрӯз ӯро барҳақ асосгузори «Мактаби рассомии Ғелон» меҳисобанд. Мо дар байни асарҳои ӯ  портретҳои зиёдеро мебинем, ки ба осиёбон, дуредгар, хуллас ба ҳунармандони ин деҳа мансуб мебошанд. Чеҳраҳои ин мардони дар пешаи худ нодир басо табиӣ ва дилнишин ба тасвир омадаанд. Аммо рассом солҳои охир аз чеҳранигорӣ канор рафтаву ба тасвири олами табиат рӯй овардааст ва дар ин самт хеле пешрафт карда, кунун ба яке аз мусаввирони манзаранигори муваффақе мубаддал гаштааст. Вай мегӯяд, рассом бояд ошиқи рангҳо бошад, онҳоро чун торҳои рубоб ҷӯр созад. Бояд ҳис кунад, ки рангҳо ҳам «гарм» мешаванду «сард» ва ғолибона забон доранд, як вуҷуди зинда буда, зиндагиро ба хости мусаввир ҷилои дигар мебахшанд.
 
Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҚАШҚАДАРЁ.   

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: