ИХТИРОИ ДОНИШҶӮЁНИ ӮЗБЕКИСТОНӢ

Гурӯҳе аз донишҷӯёни Донишгоҳи Инхаи шаҳри Тошканд низоми биниши сунъии нодир «C-Vision»-ро офариданд.

Он бо назардошти эҳсосу ҳолатҳои равонӣ ахборро то куҷо қабул кардани инсон, ба кадом тараф нигаристан, ҳатто ҳаракатҳои минбаъдаи ӯро муайян менамояд.
Дар ҷараёни коркарди технологияе, ки таҳти кӯшиши профессори Донишгоҳи Инхаи шаҳри Тошканд Фрэнсис Тай Но офарида шудааст, донишҷӯёни курси чорум Абдуллоҳ Асқаров, Шаҳобуддин Ӯрмонов, Сардор Иброҳимов, Бедилбек Ҳамидов, Элдор Абдуҳамидов ва Шерзод Ниёзовҳо иштирок намуданд.
– Барномаи мо самти нигоҳи инсонро муайян менамояд, эҳсоси ӯро дарк намуда, бо дигар маълумотҳо, мисолан, бо дараҷаи қабули маърӯза аз ҷониби шунаванда, муқоиса менамояд, – мегӯяд донишҷӯ А. Асқаров. – Дар айни ҳол хидмати мазкур дараҷаи шунавандаро дар ҳар як сония ба қайд мегирад.
Бино ба фикри офарандагони дастгоҳ, аз ин барномаи бисёрфунксионалӣ метавон дар ҳама соҳаҳо истифода кард. Мисолан, ба мақсади таъмини бехатарӣ дар тӯли чорабиниҳои бузург, метавон аз низоми C- Vision истифода бурд. Он ҳамагӣ дар тӯли чанд сония эҳсосу ҳолати равонии ҳазорон одамонро дар майдони варзишӣ ва толори консертӣ муайян ва таҳлил менамояд. Низоми мазкур, дар баробари ин, эҳсоси манфии одамонро низ ба қайд мегирад ва онҳоро ба кластери алоҳида ворид месозад. Ин кори ходимони бехатариро то ҷое осон месозад.
Дастгоҳи мазкурро дар соҳаи таълим низ метавон ба кор бурд. Зеро он барои  шунавандагон то куҷо ҷолибият доштан ё надоштани дарс ва маърӯзаҳоро муайян менамояд. 
Барномасозон қайд намуданд, ки профессор Фрэнсис Тай Но – мутахассиси интеллекти сунъӣ онҳоро барои офаридани технологияҳои нав илҳом мебахшад. Онҳо ҳангоми омода кардани кори курсӣ ният доштанд, ки дар кӯчаҳои шаҳр хидмати видеоназоратро ба роҳ монанд. Аммо дар ҷараёни кор маълум гардид, ки онро дар ҳама соҳаҳо метавон ба кор бурд. Ҳоло онро дар агентии реклама низ истифода баранд мешавад, ки ба истеъмолгарон то куҷо таъсир расондани рекламаро муайян менамояд.
Бояд ёдрас намуд, ки донишҷӯён бо ин ихтирои худ дар финали озмуни байналхалқии Microsoft Thenext AI Guardians – 2019, ки дар шаҳри Варшава баргузор шуда буд, соҳиби ҷоиза гардиданд.

Роман БОНДАРЧУК,
хабарнигори ӮзА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: