ӮЗБЕКИСТОН ҲАМКОРИРО БО ЯКЕ АЗ ОСОРХОНАҲОИ БУЗУРГ – «МЕТРОПОЛИТАН» БА РОҲ МЕМОНАД

Сафири Ӯзбекистон дар ИМА Ҷавлон Ваҳобов бо муовини директори «Метрополитан – музей»-и Амрико Куинси Хоутон мулоқот кард.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо пешомади дар майдони осорхона ташкил кардани намоишгоҳ бо ашёҳои санъат аз Ӯзбекистон, масъалаҳои барқарор кардани муносибатҳои шарикӣ бо осорхонаҳои ватанӣ, муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии мо, ки дар соҳаҳои фарҳанг ва санъат кор мекунанд, ҳамчунин таҳкими робитаҳои қарини Олмон ва коршиносони ду мамлакат бинобар осорхонашиносӣ муҳокима шуданд.
Дар доираи вохӯрӣ ба ҷониби амрикоӣ аз хусуси чорабинӣ ва саъю кӯшишҳои ҷумҳурӣ бобати омӯхтан, ҳифз кардан ва оммавӣ намудани мероси мадании Ӯзбекистон таърих, фарҳанг ва санъати халқҳои кишвари мо маълумот дода шуд. 
Дар навбати худ Куинси Хоутон таъкид намуд, ки «Метрополитан – музей» тайёр аст пешомади ҳамкориҳоро бо осорхонаҳои Ӯзбекистон омӯзад, зеро ин мамлакат ба шарофати таърихи бисёрасринаи худ ва мавқеаш дар маркази Шоҳроҳи абрешим дорои мероси ғановатманд, маводи бебаҳои маданияти моддӣ ва ғайримоддӣ мебошад. Вай нисбати омӯзиши муҳтавои ду намоишгоҳи ашёи санъат ва маданияти нодири Ӯзбекистон дар Лувр ва Пажӯҳишгоҳи олами Араб дар Париж, ки дар байни бинандагон хеле маъруфият пайдо кардаанд, рағбат зоҳир намуд. 
Намояндагони «Метрополитан – музей» ҳамчунин изҳор доштанд, ки барои ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамкорӣ бо осорхонаҳо ва муассисаҳои илмиву тадқиқотии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои рақамикунонӣ ва номнавискунии мавод, нигоҳдории онҳо, ба роҳ мондани корҳои намоишгоҳӣ, тайёр кардани коргузорон, баргузор намудани пажӯҳишҳои муштарак, ташкил кардани барномаҳои таълимиву тадқиқотӣ ва ғайра омода ҳастанд. 
Мувофиқи маълумоти Сафоратхонаи Ӯзбекистон «Метрополитан – музей» (Metropolitan Museum) соли 1870 ташкил шудааст ва бинобар зоиронаш дар байни осорхонаҳои бадеии ҷаҳон дар мақоми чаҳорум қарор дорад. Осори доимии музей ба 17 бахш тақсим шудааст. Нигористони санъати исломӣ беш аз 15 ҳазор асар (минётураҳо, гилемҳои абрешимӣ, маснуоти шишагӣ, филизотӣ ва кулолӣ, анҷомҳои ҳарбӣ, намунаҳои ҷудогонаи дастнависҳои Қуръон) дорад, ки ба асрҳои VII то XIX муталлиқанд. Дар толори алоҳидаи нигорхона, ки ба санъати Осиёи Марказӣ бахшида шудааст, намунаҳо ва минётураҳо аз «Шоҳнома» ва асарҳои дигари даврони Тимуриҳо гузошта шудаанд. Ҳамчунин саҳифаҳои Қуръони кӯфии Усмон таҳти унвони «Қуръони Тошканд» нигаҳдорӣ мешавад.
Осорхонаро ҳар сол тақрибан 7 миллион нафар аз тамоми кишварҳои ҷаҳон зиёрат мекунанд.

АИ «Дунё», 
шаҳри ВАШИНГТОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: