ЗАБОНИ ПАДАРИАМ ТОҶИКИСТ!

МЕГУФТ МАЛИКАИ САНЪАТИ БАЛЕТ

Нимаи дувуми қарни бистум санъати рақси тоҷик ду малика дошт: Малика Қаландарова ва Малика Собирова. Ин ду маликаи ҳунар тӯли даҳсолаҳо дар саҳнаҳои бонуфузи дунё ба чи қодир будани эъҷози рақси моро намоиш карданд. Вале мегӯянд дар асл ҳарду тоҷик набуданд: М. Қаландарова яҳудӣ буду М. Собирова...
Бо вуҷуди ҳамин санъати тоҷик дар авҷи баҳори ҳунарнамоии ин ду гул-гул шукуфт. Дар санъати волои ин ду чеҳраи намоёни ҳунар рақси милливу замонавии тоҷик дар ақсои олам болу пар кушод, бинандаро мафтун кард, ба тарзи ба худ хос ном, маданият ва ҳунари тоҷикро ба ҷаҳон муаррифӣ сохт.
Зодаи шаҳри Душанбе Маликаи Собир, ситораи санъати балети шӯравӣ, мутаассифона, умри дароз надид. Дар авҷи камолоти эҷодӣ ба дарди бедаво (саратон) печид. Дар беморхонаи Кремл табобат гирифт. Вале табибон ноилоҷ буданд. Маликаи ҳунар дар синни 39 хазон гашт (29 феврали соли 1982). Ба Душанбе оварданд, дар боғи Лучоб, ки оромгоҳи инсонҳои маъруф аст, ба хок супурданд. «Нимурупоӣ» буд русуми дафн. Падари ҷигархунаш чӣ қадар мехост бо русуми бобоӣ кафанпеч кунанд, вале илтиҷояш ба зимомдорони давр таъсир накард.
Ба чӣ монанд мекарданд Маликаи Собирро? Ба ахтари пурдурахш, ба офтоби тобон, ба дурдонаи Шарқ. Рамзи балети Машриқзамин низ меномиданд ситораи балети тоҷикро...
М. Собирова номвартарин МАЛИКА дар солҳои шаст, ҳафтод ва ҳаштод буду бо ӯ Душанбе фахр мекард. Санъати тоҷик низ. Устоди санъати балети рус Галина Уланова Маликаро духтар хонда ва мегуфт дар Маскаву Ленинград «духтараки баҳунари ман беҳамтост». 
Вақте ин балеринаи бузург Маликаи моро «духтарам» (духтари худам) мегуфт, дар Русия ба «оча-бачагӣ»-и онҳо бовар мекарданд. Ба ҳам мемонданд (то андозае русмонанд буд Малика бо андоми нозук). Ӯзбекон мегуфтанд Малика ӯзбек аст, осетинҳо даъво доштанд вай ҳамхуни мо. Душанбе «духтари ман» гӯяд, хуҷандиҳо мегуфтанд асли баромадаш Хуҷанд.
*** 
Ба омӯзишгоҳи хореографии Ленинград ба номи А.Ваганова моҳи июни соли 1952 аз Тоҷикистон як гурӯҳ бачаҳоро оварданд, ки боистеъдод буданд. Дар байни «гулҳои ҳаёт», ки ба рақс шавқу ҳаваси зиёд доштанд, Маликаи нӯҳсола ҳам буд.  Интизоми қатъӣ риоя мегашт. Хонандагон ҷуз таълими анъанавӣ аз асрору нозукиҳои санъати рақси урупоӣ огоҳ мешуданд, вақти зиёдашон дар толор бо машқ мегузашт.
Дар шаҳри соҳили Нева анъанае буд: театри опера ва балети шаҳр ҳамеша  фаъолияти омӯзишгоҳи хореографиро таҳти назорат қарор медод. Хурдтаракони қобилиятнок ба саҳнаи калон даъват мешуданд, иштироки онҳо дар спектаклҳо таъсири асарҳои саҳнавиро меафзуд. Ҷуз ин хореография дар театр консертҳои ҳисоботӣ медод, раққосони наврас аз имтиҳони тамошобинон низ сари вақт мегузаштанд. Маликаи мо, дар навбати худ, ҷозибаи дигар мебахшид ба спектаклҳо, ба ҳунари баланди ӯ толор бо чапакзаниҳои пурмавҷ баҳои муносиб медод. 
Соли 1961 Малика омӯзишгоҳро бомуваффақият хатм кард, ба Душанбе баргашт. Дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба фаъолият пардохт.
Соли 1964 ӯ ва Музаффар Бурҳоновро, ки ҳамроҳ рақс мекарданд, ба Маскав даъват намуданд (баъдтар онҳо оила барпо карданд). Барои иштирок дар аввалин озмуни байналхалқии артистони балет дар Варна беҳтаринҳо ҷудо карда шуданд. Дар азназаргузаронии ҷаҳонӣ ба Малика мукофоти дараҷаи дувум насиб кард.
Соли 1965 дар чорабиниҳое, ки дар Британияи Кабир ва Ирландия ба вуқӯъ омад, ҳамроҳ бо Владимир Василев, Борис Хохлов ва Владимир Тихонов ба саҳна баромад, тамошобинонро бо ҳунари воло лол гузошт. Вале дӯстдорони балет дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба ҳунарварии «ҷуфти муносиб» – Маликаю Музаффар бештар мафтун шудаанд. Ҳарду дар саҳнаҳои бонуфузи Фаронса, Туркия, Чехословакия, Эрон, Миср, Норвегия, Венгрия ва дигар давлатҳои дунё назокату малоҳати санъати балети тоҷикро намоиш намуданд. Дар қатори тамошобинони оддӣ ҳунари Маликаро дар Ҳинд, Ҷопон, Австралия ва кишварҳои Амрикои Лотинӣ арбобони давлатӣ ва шахсиятҳои маъруф низ ба ҳаяҷон тамошо ва кафкӯбиҳо кардаанд.
Июни соли 1969 чорабинии байналхалқӣ марбут ба балет дар Маскав рӯйи кор омад. Малика бемор буд, бо вуҷуди ҳамин дар озмун иштирок кард. Ҳарораташ баланд... вале саъй мекард аз бемориаш касе пай набарад. Дар ин озмун вай ба медали тилло сазовор шуд.
Соли 1980 Собирова дар филм-балети «Рубоии Хайём» нақш бозид. 
Солҳои 1962–1963 дар Театри калони СССР низ кор карда ва Маскав, айни замон, барояш бисёр азиз буд. Касе ба гӯшаи хотир намеовард ин охирин сафари ҳунарии ӯ ба пойтахти давлат.
Ҳассос буд Малика, дили нарм дошт, саҳл ба ҳаяҷон ояд оби дидааш тайёр... Вале образҳое, ки эҷод мекард, мукаммалу серпаҳлу буданд. Партияҳои асосие, ки дар «Жизел», «Шурале», «Ромео ва Ҷулетта», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Темурмалик» ва дигар балетҳои романтикӣ офарид, воқеан хотирмон ва ҳаяҷонбахш буданд. Ӯ дар саҳна – гоҳ Одеттаи фидокору азиятдида, гоҳ Одиллияи таннозу дилфиреб, гоҳ Лизаи ишвагар ва фориғбол. 
М. Собирова ба осори адибони тоҷик низ рӯй овард ва партияҳои драматикию лирикиро бомуваффақият иҷро кард. Чун Заррина (аз «Қиссаи кӯҳсор») ва Саодат («Писари Ватан») дилҳоро ба ваҷд овард, ба зеҳнҳо нишаст. 
Ҳунарпешаи мардумии шӯравӣ, дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ М. Собирова дар «1002 шаб», «Малика», «Адажио», «Қиссаи шарқӣ» барин як қатор филмҳои бадеию ҳуҷҷатӣ низ нақшҳои ҷолиб бозида ва собит кардааст воқеан «маликаи ҳафт шаҳри ҳунар» аст.
Барҳақ меӯянд Малика намояндаи барҷастаи  мактаби русии рақси (балети) классикӣ ба шумор мерафт. Чаро «мактаби тоҷикии рақси балет» не? Воқеан, ба кадом миллат мансуб буд? 
Дар «оилаи интернатсионалистҳо» ба дунё омада буд Малика. Падараш Абдураҳим Собиров дар Филармонияи Тоҷикистон ва оркестри Театри опера ва балети ба номи  Айнӣ мусиқор буд. Модараш Мадина Георгиевна осетинзан буду дар поликлиника кор мекард. Бо вуҷуди ҳамин Малика ба оламиён худро «тоҷикдухтар» муаррифӣ месохт.
Падарам ҳарчанд ӯзбек аст, тоҷикиро асосан аз ӯ омӯхтаам, мегуфт вай, «забони падариам тоҷикист». 
Номи Малика Собирова дар таърихи балети тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Шоири маъруфи тоҷик Мӯъмин Қаноат шеъри олие бахшидааст ба вай: «Нарав, қуи сафеди ман!»
Навоҳо об мегардад,
Ба рӯи саҳна мерезад,
Садо аз мавҷҳои реза мехезад... 
Малика Собирова, тавре устод Қаноат дар шеъри худ қайд карда, ҳақиқатан «қуи афсунгар»-ро мемонд аснои рақс, хоссатан иҷрои нақши Одетта-Одиллия аз «Кӯли қувон»-и П. Чайковский.

Муҳаммадҷон ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: