СҶБ аз бурузи штаммҳои нави коронавирус ҳушдор дод

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, пандемия ҳанӯз ба нуқтаи охират нарасидааст

Тедрос Гебрейесус, роҳбари СҶБ гуфт, омикрон босуръат паҳн мешавад ва эҳтимол дорад, пас аз он штаммҳои нав пайдо шаванд. РБК аз қавли роҳбари СҶБ хабар медиҳад, ки пандемия ҳанӯз ба охир нарасидааст.

"Бо паҳншавии босуръати омикрон дар саросари ҷаҳон, эҳтимол дорад, навъҳои нав пайдо шаванд", - афзуд ӯ.

Раҳбари созмон афзуд, ҳарчанд ба ҳисоби миёна беморони гирифтори штамми омикрон онро осонтар таҳаммул мекунанд, набояд "хулосаи бардурӯғ баровард".

Ӯ гуфт, омикрон ба бистарӣ шудан ва ҳатто марг ҳам мунҷар мешавад.

Қаблан олимон низ ҳушдор дода буданд, ки штаммҳои нави коронавирус пас аз омикрон пайдо мешаванд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: