ЛОИҲАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ «BIOECUZ» – ДАР АМАЛ

Дар Ӯзбекистон барои солҳои 2019-2030 бино ба гузаштан ба «иқтисодиёти сабз» стратегияи давлатӣ мавриди коркард қарор гирифта, қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳо доир ба афзудани самарадории ислоҳоте, ки то соли 2030 ба иқтисодиёти «сабз» гузаштани Ӯзбекистон нигаронда шудааст», аз 02.12.2022, қабул гардид.

Бино ба ин ҳуҷҷат барномаи гузаштани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба «иқтисодиёти сабз» то соли 2030 ва таъмини рушди «сабз» тасдиқ гардид. Нируи интеллектуалии «Иқтисодиёти сабз» кадрҳои малаканоканд. Дар замоне, ки омода кардани чунин мутахассисон вазифаи долузарби Ӯзбекистон аст, лоиҳаи барномаи Erasmus + барномаи нави такмили магистратура оиди биоиқтисодиёти барқарор дар Ӯзбекистон ба амал тадбиқ мегардад. 
Барои зудтар гузаштан ба «иқтисодиёти сабз» бояд илму фан ва инноватсияҳоро ривоҷ дод. Ба ин муносибат 19 май – 3 июни соли равон профессор-омӯзгорони муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон – Донишгоҳи давлатии Бухоро, Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд, Институти муҳандисони механизатсиякунонии ирригатсия ва хоҷагии қишлоқи Тошканд, Донишгоҳи тадқиқоти миллӣ, шуъбаи самарқандии Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд дар доираи лоиҳаи Барномаи Erasmus + « New Master`s Degree Curricula for Sustainable Bioeconomy in Uzbekistan» (BioEcUz) роҳи Донишгоҳи фанҳои амалии  JAMK (Финландия) ва Донишгоҳи фанҳои табиӣ ва технологияи Латвияро пеш гирифтанд.
Иштирокдорони лоиҳа бо фаъолияти таълимӣ ва илми ин муассисаҳои таълими олӣ ошно гардида, имкониятҳои дар шароити Ӯзбекистон ба кор бурдани таҷриба ва тадқиқоти илмии онҳоро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар доираи сафар мутахассисони соҳа ба ғояҳои нави инноватсионӣ ва татбиқи онҳо табодули афкор намуданд.
Сафари хидматии ҳамватанон аз 5 то 11 июн дар Литва идома ёфт. 

Фирӯза РАҲМАТУЛЛОЕВА, 
дотсенти кафедраи иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Бухоро.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: