Мушаки SpaceX моҳвораи радифи сунъии Индонезияро ба мадор баровард

Рӯзи сешанбе мушаки Falcon 9-и Амрико моҳвораи пуриқтидори телекоммуникатсионӣ Merah Putih 2 (HTS-113BT) Индонезияро бомуваффақият ба мадор баровард.

Моҳвора аз майдони парвози 40-и пойгоҳи неруҳои кайҳонии ИМА дар ҳудуди Канаверали иёлоти Флорида дар соати 15:11 дақиқаи вақти шарқӣ сар дода шуд. Баъди тақрибан 34 дақиқа моҳвора ба мадори таъиншуда бароварда шуд.

Дастгоҳи чортоннагии PT Telkom Satelit Indonesia (Telkomsat) барои расондани хадамоти алоқа, пахши рақамӣ, пайвасти баландсуръати интернет, инчунин интиқоли маълумот дар диапазонҳои С ва Ku дар Индонезия пешбинӣ шудааст, ки интиқоли 32 гигабайтро дар як сония таъмин мекунад.

Ин робитаро бо ҳазорон ҷазираҳои Архипелаги Индонезия беҳтар мекунад, хабар медиҳад report.az.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: