ТӮҲФАҲОИ АРЗАНДАИ ОМӮЗГОРОНИ ТОҶИК

Дар шаҳри Тирмиз дар арафаи Соли нав анҷумани аҳли маорифи вилояти Сурхондарё таҳти унвони «Устод – бунёдкори таълим» баргузор гардид, ки даҳҳо нафар намояндагони соҳаи таълимро аз шаҳру навоҳии минтақа гирдиҳам овард.

Дар он ҷонишини вазири таълими томактабӣ ва мактабии ҷумҳурӣ Усмон Шарифхоҷаев, ҳокими вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов ҳам ширкат варзиданд ва аз дастовардҳои аҳли маорифи вилоят дар соли 2023 ҳарф заданд. Усмон Шарифхоҷаев аз ҷумла гуфт:
– Омӯзгорон, бешак, бунёдкорони ҷомеаи мо дар Ӯзбекистони Нав ҳастанд, ки шукуфоияшро дар хидматҳои шоёни онҳо таҷассум мебинем. Дар соли гузашта, ки «Соли гиромидошти инсон ва таълими босифат» унвон дошт, аҳли маорифи Сурхондарё низ дар қатори ҳамтоёни дигари худ заҳмати фаровоне кашиданд, то натоиҷи матлуб ба даст оянд.
Ҷонишини вазир дар анҷуман ба 7 тан муаллими беҳтарини вилоят нишонҳои сарисинагии «Аълочии таълими халқ», ба як нафар «Фидоии таълими халқ» ва ба як нафари дигар «Ҳомии таълим»-ро супорид. Ҳамчунин ба панҷ тани дигар «Ифтихорнома» ва ба ҷамоаи омӯзгорони ду мактаби намунавии вилоят – дабистони рақами 1-уми ноҳияи Ангор ва мактаби рақами 2-юми ноҳияи Бойсун барои таъмини шаффофияти кори таълим «Ташаккурнома»-ҳои Вазорати таълими томактабӣ ва мактабии ҷумҳуриро супорид.  
Бояд таъкид кард, ки дар байни соҳибони мукофот номи ду тан ҳамзабони мо низ садо доданд, ки боиси ифтихор аст. Яке аз онҳо директори мактаби рақами 82-юми ноҳияи Сариосиё Саодат Сангинова буда, бо нишони сарисинагии «Фидоии таълими халқ» сарфароз шуд. Вазири таълими томактабӣ ва мактабии ҷумҳурӣ Ҳилола Умарова дар ин авохир шахсан ба таълимгоҳи мазкур ташриф овардаву бо фаъолияти он шинос ва аз кори роҳбараш дар иҷрои талабҳои ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори қаноатмандӣ карда буд. 
Ҳамзабони дигари мо Мамлакат Фаттоева, собиқ омӯзгори мактаби рақами 82-юми ноҳияи Сариосиё мебошад, ки барои сохта ба истифода додани китобхона ва Маркази дониш дар ин дабистон нишони сарисинагии «Ҳомии таълим»-ро соҳиб гардид. Ҳокими вилояти Сурхондарё аз ин иқдоми бонуи маърифатпарвар ба ваҷд омада, ӯро ба номинатсияи «Беҳтарин бонуи соҳибкор» низ муносиб донист. 
Ҳусниддин Муҳаммадиев, мудири шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Сурхондарё корнамоии  М. Фаттоеваро дар дабистони як деҳаи кӯҳистонӣ иқдоми беҳтарин хонд ва аз роҳбарони макотиби дигари шаҳру навоҳии вилоят дархост намуд, ки амали неки ӯро тарғиб ва ҳамагонӣ кунанд. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти СУРХОНДАРЁ.             

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: