БИНОИ НАВИ МАКТАБ СУПУРДА ШУД

29-солагии қабул гардидани парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Тошканд васеъ ҷашн гирифта шуд.

29-солагии қабул гардидани парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Тошканд васеъ ҷашн гирифта шуд.
Мактаби таълими умумии рақами 23-юми ноҳияи Оққӯрғон аз таъмири пурра бароварда, ба истифода супурда шуд.
Мактаб мувофиқи талаби замон тармиму таҷдид гардида, дар он барои таълими босифат гирифтани хонандагон ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст. Барои ин аз буҷаи давлат 3 млрд. 721 млн. сӯм харҷ гардид. Туфайли саъю ҳаракати зиёд бинои мактаб намуди нав гирифта, низоми коммуналӣ ва гармидиҳии он нав карда шуд.
Ба хусус, кабинетҳои технологияҳои иттилоотӣ, кимиё, биология, физика, забонҳои хориҷӣ бо ускунаҳои замонавӣ муҷаҳҳаз шудааст. Иштирокдорони чорабинӣ бо шароити фароҳам овардашуда шинос шуданд. Дар ҷараёни суҳбат ба омӯзгорону хонандагон таъкид гардид, ки шароити кунунии барои ҷавонон фароҳам овардашуда, ба хусус, дар мисоли парчами ватанамон фахру ифтихорамон, мақсадҳои олӣ, осоиштагӣ ва истиқлолияти халқамон акси худро ёфтааст.
Баробари ин, бинои изофавии мактаби таълими умумии рақами 14-уми маҳаллаи Чангтеппаи ноҳияи Ӯртачирчиқ, ки барои 120 нафар пешбинӣ шудааст, ба истифода супурда шуд.
– Мактаби мо соли 1966 сохта шуда, ҳоло 334 нафар хонанда таълим мегиранд. Аз сохта шудани бинои изофавӣ ва толори варзишии замонавӣ хонандагон, падару модарон ва ҷамоаамон хурсанд гардиданд, – гуфт директори мактаб Сардор Туропов. – Сохта шудани чунин объекти зеборо дар маскани дурдасти ноҳияамон як намунаи ғамхории давлатамон мешуморам. Ин барои хонандагон туҳфаи муносиб мебошад. Аз имконият истифода бурда, ҷараёни хонишро дар асоси талаботи карантин идома медиҳем.
Дар ин ҷо низ ба муносибати ҷашн таҳти шиори «Ӯзбекистони нав – ҷаҳонбинии нав» чорабинӣ баргузор шуд.

Абдулазиз МУСОЕВ,
мухбири ӮзА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: