БОЗОМӮЗИИ КАДРҲОИ ҲУҚУҚШИНОС — ТАЛАБИ ДАВР

Мо дар давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва миллӣ ба сар мебарем.

Мо дар давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва миллӣ ба сар мебарем. Дар чунин давлат ба поймол гардидани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон набояд роҳ дода шавад. Ба мақсади бозомӯзии кадрҳои ҳуқуқшинос ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон чанд сол аст, ки дар назди Вазорати адлияи ҷумҳурӣ маркази бозомӯзӣ ва такмили малакаи кадрҳои ҳуқуқшинос кору фаъолият дорад. Мо тасмим гирифтем, ки доир ба фаъолияти он бо мудири кафедраи Маркази такмили малакаи кадрҳои ҳуқуқшинос, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Бобоқул ТОШЕВ суҳбате дошта бошем. Инак, фишурдаи он.
— Акои Бобоқул, беш аз чоряк аср аст, ки халқи мо давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва миллӣ месозад. Ин маънои онро дорад, ки қонун барои шоҳу гадо баробар аст, ҳар як шаҳрванд бояд маърифати ҳуқуқӣ дошта бошад, ҳуқуқшиносон дар баробари ба дониши ҳуқуқии худ афзудан, дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳмгузор бошанд. 
— Бале, мо дар ҷодаи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва миллӣ тӯли солҳои сипаригардида як андак таҷриба андӯхтем. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки ҷамъият ба кадрҳои ҳуқуқшинос ниёз дорад, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мо бояд корҳои зиёдеро  анҷом диҳем. Мисолан, баъзе шаҳрвандон танҳо вақте ба Конститутсия ва кодексҳои ҳуқуқӣ муроҷиат мекунанд, ки аз ҷониби онҳо ва наздиконашон  қонуншикание рӯй дода бошад. Ҳол он ки талаби замон ин аст, ки барои тавсеа бахшидани доираи дониши ҳуқуқиашон, дар баробари адабиёти бадеӣ, бояд кодексҳо ва адабиёти ҳуқуқиро низ пайваста мутолиа намоянд.
Ба мақсади таъмини мақомоти идора ва ҳокимияти давлатӣ бо мутахассисони баландмалакаи ҳуқуқшинос, дар асоси донишҳои замонавӣ куллан беҳ сохтани омодагирии касбии кадрҳои ҳуқуқшинос ва бозомӯзии онҳо бино ба фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи беҳсозии  тарбияи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани дараҷаи ҳуқуқии аҳолӣ, такмил додани низоми омодакунии кадрҳои ҳуқуқшинос ва хуб гардондани кори омӯзиши афкори умум», аз 25 июни соли 1997 ва қарори Девони Вазирон дар назди Вазорати адлия Маркази такмили малакаи ҳуқуқшиносон созмон дода шуд. Дар давраи сипаригардида беш аз 20 ҳазор ҳуқуқшинос ба бозомӯзӣ ҷалб карда шуданд. Мо дар омади гап ё барои ҳисобот ин гуна рақамҳоро  метавонем бисёр оварем. Вале давр сифати корро тақозо дорад. Зеро дониши амиқи ҳуқуқии ҳуқуқшиносон ба густариши донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Дар мамлакатамон баланд бардоштани сатҳи дониш ва маданияти ҳуқуқии аҳолӣ, аз нигоҳи ҳуқуқӣ таъмин намудани ислоҳот, ба вуҷуд овардани асосҳои ҳуқуқии қонуниятҳои иқтисодиёти бозорӣ, ташаккул додани муҳити инвеститсионӣ, таъмини дахлнопазирии мулки хусусӣ ва ҳифзи боэътимоди он, таҳким бахшидани давлатдории миллӣ ва низоми ҳуқуқӣ ба кадрҳои ҳуқуқшиноси тафаккурашон нав ва мустақиландеш бастагӣ дорад.
— Перомуни қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳо доир ба пешбарии  номзадҳо ба вазифаи судягӣ, бозомӯзии судяҳо ва ходимони идораҳои суд, куллан такмил додани низоми такмили малака» сухане чанд мегуфтед. 
— Ба корҳои амалӣ сафарбар намудани ҳуқуқшиносон, табдил додани онҳо ба мутахассисони доираи танг (ихтисосонидани онҳо), хусусан, сафарбар намудани онҳо ба рушди соҳаҳои муҳим: иқтисодиёт, технологияи иттилоотӣ, тиб, таълим ва иҷтимоиёт аз вазифаҳои умдаи роҳбари давлату ҳукумат маҳсуб меёбад. Ба ин хотир, моҳи январи соли сипаригардида қарори зикршуда доир гардид.
Дар қарор омодакунии номзадҳо ба вазифаи судягӣ, ташкили бозомӯзии судяҳо ва ходимони идораҳои судӣ, созмон додани низоми ягонаи такмили малакаи онҳо, вусъат бахшидани доираи дониши назарии номзадҳо ба судягӣ, дар онҳо ҳосил намудани этикаи касбӣ, омӯхтани кор бо технологияи нав, таҷрибаи шарҳ дода тавонистани меъёрҳои ҳуқуқӣ, ташкили низоми сифатан нави таҷрибаҳосилкунӣ барои номзадҳо ба вазифаи судягӣ, аз ҷумла, таъмини вобастагии узвии фаъолияти илмию тадқиқотӣ бо ҷараёни таълимӣ, корбарӣ ва таҳлили танқидӣ, қабул кардани қарорҳо бо истифода аз технологияҳои инноватсионии педагогӣ ва ахбору коммуникатсионӣ, ҷорӣ намудани усули хониши интерфаъол дар ҷараёни таълим, ошно намудани номзадҳо бо навгониҳои қонунгузории худӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии кишварҳои хориҷӣ аз вазифаҳои асосӣ қаламдод шудааст.
Тибқи қарори ҳукумат ба зиммаи марказ вазифаҳои нав гузошта шуд, ки он аз самтҳои зерин: демократикунонии соҳаи сохтмони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ташкили бозомӯзии кадрҳои ҳуқуқшинос ва такмили малакаи онҳо, дар асоси шартнома ташкили хонишҳо доир ба афзудани дониши ҳуқуқии мутахассисони соҳаҳои дигар, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо созмонҳои байналхалқӣ, муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ доир ба масоили бозомӯзӣ ва такмили малакаи кадрҳои ҳуқуқшинос иборат аст.
— Марказ дар ин росто бо кадом созмонҳои байналхалқӣ ва муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад?
— Мо бобати бозомӯзӣ ва такмили малакаи кадрҳои ҳуқуқшинос бо созмонҳои байналхалқӣ ва муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ ҳамкории хуб дорем. Марказ бо Барномаи рушди СММ,  намояндагии минтақаи осиёимиёнагии СММ доир ба мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил, ЮНИСЕФ, мутобиқгари лоиҳаҳои ӯзбекистонии САҲА, USAID-и ИМА дар Ӯзбекистон, созмони байналхалқии ғайридавлатии «Мулоқоти минтақавӣ» (Словения) ва дигар созмонҳо ҳамкориро ба роҳ мондааст. 
Бо кӯмаки марказ барои профессор-омӯзгорон семинар ва курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат ташкил карда мешаванд. Марказ бо муассисаҳои таълимии ҳаммонанди ИМА, Хитой, Олмон, Фаронса, Венгрия, Словакия. Шветсия, Полша, Испания, Португалия, Руминия ва дигар кишварҳо робитаҳои дуҷонибаро роҳандозӣ кардааст.
— То ҷое огоҳем, дар марказ бо истифода аз технологияи навтарин бозомӯзӣ ва такмили малакаи ҳуқуқшиносон ва мутахассисони соҳаҳои дигар сурат мегирад. Таълими фосилавӣ низ натиҷаи матлуб мебахшад. Мутахассисони соҳа ва аҳолӣ ба адабиёти ҳуқуқӣ ниёз доранд. Марказ ин эҳтиёҷро то куҷо қонеъ мегардонад?
— Марказ бо нашри адабиёти ҳуқуқӣ сарукор дорад. Тӯли се соли охир аз ҷониби профессор-омӯзгорони марказ адабиёти зерин таҳти номҳои «Ҳуқуқи инсон», «Меъёрҳои ҳуқуқии миллӣ ва байналхалқӣ доир ба мубориза алайҳи савдои одам», «Асноди СММ доир ба таълими ҳуқуқи инсон», «Андозаҳои байналхалқии фаъолияти адвокатӣ», «Судебная система и подготовка судей в зарубежных странах», «Ҳуқуқи конститутсионӣ», «Тадбиқи технологияҳои ахбору коммуникатсионии муосир дар фаъолияти суд ва мушкилоти рушди қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳа», «Масоили рӯзмарраи ҳифзи ҳуқуқи мулки интеллектуалӣ», «Формирование международной и национальных систем противодействия коррупсии», «Қонунгузории оилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Дар таъмини ҳуқуқи бача нақши институти қабул ба фарзандӣ», «Низоми стандартҳои байналхалқие, ки ҷавобгарии шахсони ҳуқуқиро барои қонуншикании коррупсионӣ ба тартиб меандозад», «Маҷмӯи созишномаҳои байналхалқӣ доир ба расондани кӯмаки ҳуқуқӣ», «Асосҳои кӯмаки ҳуқуқии байналхалқӣ доир ба корҳои иқтисодӣ», «Ҷиҳатҳои асосии ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва ҳоказо рӯйи чопро диданд.
— Хонандагони рӯзномаро бо нақшаҳои дарпешистодаи марказ ошно мекардед.
— Ба дасти чоп супурдани китобҳои дарсие, ки тибқи технологияи пешқадами педагогӣ ва ахбору коммуникатсионӣ таълиф шудаанд, китобҳои дарсии электронӣ доир ба методикаи таълим аз он ҷумлаанд. Ҳамчунин, дар марказ омода кардани медиаторҳо, ташкили аудиторияи намоишӣ, хонаи мултимедиа, таҷдиди Маркази ахбору захираи муосир ва рушди фонди адабиёт пешбинӣ шудааст. Ташкили курсҳои таълимии сайёр идома хоҳад ёфт.
— Барои суҳбати пурмуҳтавоятон ташаккур.
— Саломат бошед.

Мусоҳиб 
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: