БОЯД МЕХАНИЗМИ ТАЪЛИМИ ЗАБОН ТАҒЙИР ДОДА ШАВАД...

Забони шаҳдрези форсии тоҷикӣ, ки ситораҳои тобноки осмони адаб Рӯдакию Дақиқӣ, Синою Берунӣ, Фирдавсию Аттор, Низомию Умари Хайём, Носири Хусраву Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдию Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандию Хусрави Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомию Сайидои Насафӣ, Калими Кошонию Соиби Табрезӣ, Бедилу Иқболи Лоҳурӣ ва садҳо тани дигар бо он осори мондагор офаридаанд, яке аз забонҳои муқтадир ва пурзарфияти дунёст.

«Забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон забони ӯзбекӣ мебошад. Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба забон, урфу одат ва анъанаҳои қавм (миллат)-у халқиятҳое, ки дар ҳудуди он умр ба сар мебаранд, арҷ мегузорад ва ба рушди онҳо шароит фароҳам меоварад».
Моддаи 4-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, бино ба меъёрҳое, ки ҳуқуқи байналхалқӣ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътироф намудааст, кафолат дода мешавад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳар кас аз рӯзи таваллуд дахл дорад.
Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқу озодиҳои яксон доранд ва сарфи назар аз ҷинс, нажод, қавм (миллат), забон, дин, эътиқод, тааллуқот ва мавқеи иҷтимоияшон, дар назди қонун баробаранд.
Имтиёзҳо танҳо тибқи қонун, ки бояд ба принсипҳои адолати иҷтимоӣ мутобиқ бошанд, муайян карда мешавад.
Моддаи 19-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Забони шаҳдрези форсии тоҷикӣ, ки ситораҳои тобноки осмони адаб Рӯдакию Дақиқӣ, Синою Берунӣ, Фирдавсию Аттор, Низомию Умари Хайём, Носири Хусраву Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдию Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандию Хусрави Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомию Сайидои Насафӣ, Калими Кошонию Соиби Табрезӣ, Бедилу Иқболи Лоҳурӣ ва садҳо тани дигар бо он осори мондагор офаридаанд, яке аз забонҳои муқтадир ва пурзарфияти дунёст. Иқтидор, нафосат ва назокати ин забони ҳуриён ва нуриёнро танҳо касе амиқ дарк карда метавонад, ки таълифоти нобиғагони олами адаби форс-тоҷикро барои баҳрабардорӣ, лоақал, як бор хонда бошад.
Чу бо одамӣ ҷуфт гардад 
парӣ,
Нагӯяд парӣ ҷуз ба 
лафзи дарӣ.
Унсурии БАЛХӢ.
Сарчашмаҳои таърихӣ, илмиву адабӣ ва муаррихони саршиноси дунё бар онанд, ки забони форсии тоҷикӣ тӯли садсолаҳои зиёд дар қисмати бузурги Осиёи Марказӣ забони коргузорӣ ва илму адаб будааст. Яке аз нишонаҳои муқтадирии ин забони пурзарфият таъсири назарраси он ба дигар забонҳои минтақа мебошад, ки дар сари ҳар қадам ба мушоҳида мерасад...
Суоле табиӣ пайдо мешавад, ки чаро ин забон тӯли сад соли охир дар Тоҷикистону Ӯзбекистони кунунӣ ва дигар минтақаҳои шуравии собиқ, ки тоҷикон буду бош доранд, то ҷое иқтидору тавоноияшро аз даст дода, ба қавле, ба забони кӯчаву бозор табдил ёфт? 
Фикр мекунам, яке аз сабабҳо ин аст, ки дар ибтидои садаи ХХ, баъди тасаллути болшевикон бар аморату хонигариҳо, марзбандиҳои Осиёи Марказӣ ва ташкили ҷумҳуриҳои миллӣ, маъракаи содакунии забонҳо оғоз ёфт. Баҳона ин буд, ки бояд мардуми одӣ бо ғояҳои марксистию ленинӣ ҳар чӣ бештар мусаллаҳ бошанд. Бародарони ӯзбек забони зиндаи халқро, бо тағйироту иловаҳо, ба сифати забони меъёр қабул карданд. Дар ин раванди ғайритабиӣ забони меъёри пуробуранги форсии тоҷикӣ, ки дар тӯли садсолаҳо ташаккул ёфта буд, хеле ранг бохт... 
 Олимон ва зиёиёни тоҷик дар он аҳд ба масъалаи забон аз дидгоҳи худ қаробат меҷустанд. Гурӯҳе пешниҳод мекард, ки забони беш аз ҳазорсолаи классикони илму адаб ба сифати забони меъёр пазируфта шавад. Тӯдае ҷонибдори забони умумифорсӣ буд. Гурӯҳи дигар дар он андеша буд, ки барои оммаи васеи аҳолӣ забони классикони илму адаб гаронӣ мекунад. Устод Айнӣ ва пайравони ӯ мехостанд бо истифода аз дороии забони меъёри форсӣ ва забони зиндаи халқ забони адабии наве созанд...
Ба андешаи инҷониб сабаби дуюм ин аст, ки дар роҳи содакунии забон кор то ба ҷое расид, ки баъзе нависандагону зиёиёни тоҷик дар баёни матлаб ба қолабҳои забони меъёри бародарони ӯзбек такя намуданд. Яъне ибораҳою ифодаҳои ӯзбекиро таҳтуллафз ба тоҷикӣ баргардонда, мавриди истифода қарор доданд. Ин ҳолат имрӯз низ каму беш идома дорад. Агар асарҳои публитсистӣ ва насри бадеии нимаи аввали садаи бистро мавриди мутолиа қарор диҳем, ба ифодаву ибораҳои дар асл ӯзбекӣ, аз қабили «Коре карда зарараш нарасад шуд» («Ишқилиб зарари тегмаса бӯлди»)... ва ҳиссачаҳои тасдиқии «ҳа», «ҳо», ишоратии «ана», «мана», ҳиссачаи суолии «мӣ» ва калимаҳои модалии «канӣ», «майлаш» зиёд рӯ ба рӯ мешавем. Мисол: «Ҳа, дарвоқеъ духтарам, «будилникат»-ро тӯғрӣ карда мон,  худаш бедор мекунад». Ин қолаби ҷумласозии ӯзбекист, ки ба ӯзбекӣ тақрибан чунин сурат мегирад: «Ҳа, қизим, «будилникинг»-ни тӯғрилаб қӯйгин, ӯзи уйғотади»; «Ҳо, маълум мешавад, ки тайёрии кам дидаед — гуфт вай»; «Ана Назира, аз паси он Самадов ҳам фуромад»; «Аз ҳама душвортаринаш мана ин аст»; «Мана! — падарам хандида тешукнон ва қандро нишон дод. — Инҳо савғотии ганда-мӣ?», «Истамбой, як дам гирем-мӣ?»; «Канӣ, шумо гӯед-чӣ киҳо ба болшевикон ёрдам доданд?»; «Майлаш, ман бе дутор ашӯла мехонам»... 
Ин ҷумлаҳо аз ҳикоя, қисса ва романҳое, ки дар нимаи аввали садаи ХХ таълиф ёфтаанд, иқтибос шуданд. Вале ба чанд хотир аз овардани ному насаби муаллифон худдорӣ намудем.  
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки он солҳо тавассути матолиби тарҷумавӣ, хоссатан, тарҷумаи осори «классикон»-и марксизм-ленинизм ифода ва ибораҳои зиёди ғайритоҷикӣ вориди забон гардида, ба бегонагӣ ва дуруштиву дағалии он афзуданд. Чунин ба назар мерасад, ки тарҷумонҳо дар он аҳд ба ҷойи он, ки грамматикаи забони мавриди тарҷумаро тобеи грамматикаи забони форсии тоҷикӣ созанд, грамматикаи забони форсии тоҷикиро тобеи грамматикаи забони мавриди тарҷума қарор додаанд. Бигирем, ифодаи «Рӯзнома аз соли 1950 мебарояд»-ро. Он дар асл тарҷумаи таҳтуллафзии «Газета выходит с 1950 года» мебошад. Вожаи «мебарояд» маънои аз хона баромадан ё боло рафтанро дорад. Агар мо гӯем: «Рӯзнома аз соли 1950 нашр мешавад» ифода тоҷикитар хоҳад шуд. Ин гуна мисолҳо кам нестанд. Мо дар ин росто бояд аз тарҷумонҳои Эрон ва форсигӯёни Афғонистон гирумон омӯзем, ки осори адабӣ, илмӣ ва матолиби сиёсиро тавре тарҷума мекунанд, ки фикр мекунед, таълифоти худи онҳост...  
Баъди дастёбӣ ба истиқлол ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ба туфайли ғамхорӣ ва эътибори доимии роҳбари Тоҷикистон дар кишвари ҳамсоя сатҳи забондонии аҳолӣ то ҷое боло рафт. Инҷониб бар онам, ки агар механизми таълими забони форсии тоҷикӣ тағйир дода шавад, тоҷикони минтақа дар муддати кӯтоҳ ба ҳамзабонони хориҷии худ расидагӣ мекунанд. 
Солҳои инқилоб дар бастагӣ ба номи ҷумҳуриҳои навтаъсис — Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон тағйири ном кардани забонҳо низ то ҷое сабаби дур шудани қавмҳои минтақа аз асолати миллӣ гардид. Вожаи тоҷик ба сифати номи қавм дар бисёр сарчашмаҳои қадимии илмиву адабӣ ба чашм мерасад, вале дар  маъхазҳо то ибтидои садаи ХХ забон ва адабиёти тоҷик форсӣ номида шудааст, на тоҷикӣ. Ибораҳои «забони қазоқӣ», «забони ӯзбекӣ», «забони туркманӣ», «забони қирғизӣ» низ дар матбуоти шуравӣ шурӯъ аз солҳои бистуму сиюми қарни сипаригардида мавриди истифода қарор гирифтаанд. 
Дар он солҳои пурошӯб, ки бояд масъалаи забони тоҷикон ҳаллу фасл мегардид, фарзанди бузурги халқи тоҷик – аллома Садриддин Айнӣ бо таълифоти пурарзиши хеш ба майдон баромад. Мақолаҳои пурмуҳтавои ӯ «Масъалаи маориф ва китоб», «Дар роҳи барҳам додани бесаводӣ», «Қавми тоҷик ва рӯзнома», «Забони тоҷикӣ», «Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ», «Матбуоти тоҷик», «Намунаи адабиёти тоҷик» ва ҳоказо, ки дар ин солҳо навишта шудаанд, далели ин гуфтаанд.
Аз таълифоти устоди сухан пай бурдан душвор нест, ки ибораи таҳмилии «забони тоҷикӣ» барои ӯ ғайричашмдошт будааст. Зеро дар матолибаш нисбат ба ибораҳои «забони тоҷикӣ» ва «адабиёти тоҷик» ибораҳои «забони форсӣ» ва «адабиёти форсӣ» бештар мавриди истифода қарор гирифтаанд. Чунин ба назар мерасад, ки дар сурати ихтиёр ба устод будан, ӯ мисли салафон (пешинагон)-и сухантирози хеш ба ҷойи ибораи «забони тоҷикӣ» ибораи «забони форсӣ» ва «адабиёти форсӣ»-ро истифода мекард. Инак, чанд иқтибос аз таълифоти ӯ:
«Пас аз дусад соли истилои араб дар Хуросон ва Мовароуннаҳр дубора шеъри форсӣ зинда шуд ва шеъри форсӣ дар Хуросон ва Мовароуннаҳр дар аҳди Сомониён ба камол расид. Дақиқӣ, ки дар шоҳноманависӣ салафи Фирдавсӣ аст, ба ривояте аз Самарқанд буда, тарбияёфтаи давраи Сомониён аст, Устод Абулҳасан Рӯдакӣ, ки дар адабиёти форсии ҷадиди Эрон номи устодӣ ва сардафтариро бардоштааст, аз Самарқанд буда, тарбияёфтаи он давра аст». («Муносибати адабияи Осиёи Миёна ва Эрон»).
«Аз бозе, ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳр ва Туркистон, чунонки як қавми муаззам ба номи тоҷик истиқомат дорад, ҳамчунон забон ва адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфтааст... Чунончи мо мебинем, ки адабиёти тоҷик дар ин сарзамин, ки ирқан форсизабон ҳастанд, чӣ қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингиз, Шайбонӣ, Темур, Аштархонӣ ва Манғит, ки ирқан муғул, турк ва ӯзбак ҳастанд, ҳамон қадар ривоҷ ёфтааст». (Аз сарсухани «Намунаи адабиёти тоҷик»).
«Забони тоҷикон будани форсии ҷадидро ин ҳам исбот мекунад, ки шоирони Эрон ва Озарбойҷон баъзе луғатҳои забони адабиро аз тоҷикон пурсида меомӯхтанд». (Иқтибос аз «Нома ба Камол Айнӣ»)...
Фикр мекунам, Айнии бузургвор дар он аҳд сиёсати болшевиконро хеле амиқ дарк карда будааст. Вагарна ба ҷойи ибораи «забони форсӣ» ибораи таҳмилии «забони тоҷикӣ»-ро истифода намекард. 
Чунин ба назар мерасад, ки имрӯз дар Осиёи Марказӣ соҳибони забон ба озодии мутлақ расидаанд. Биноан, фикр мекунам,  вақти он расидааст, ки ҳақиқати таърихиро аз нав рӯйи об бароварда, ба  забонашон номи пешинаашро диҳанд. Баргаштан ба алифбои ниёгон низ арвоҳи гузаштагонро шод хоҳад кард...
Оё забони форсии тоҷикӣ дар Ӯзбекистону Тоҷикистони кунунӣ ва дигар манотиқе, ки тоҷикон будубош доранд, иқтидору тавоноии пештараашро ба даст оварда метавонад? Метавонад, аз нигоҳи инҷониб ба чанд шарт: 
1. Оила давлати кӯчак аст. Биноан, дар оилаи ҳар як тоҷик, забони модарӣ бояд мав2еи балнд дошта бошад. Дареғ, баъзе падару модарони ҳуввиятбохта, ба ин ҷиҳати масъала эътибор намедиҳанд. Ба мушоҳида мерасад, ки дар хона бо забоне махлут ба тоҷикию русию ӯзбекӣ ҳарф мезананд...
2. Қоидаҳои сарфу наҳв ва имлои забони ҳар як қавм дар мамлакати муайян навишта мешаванд ва намояндагони ин қавм, сарфи назар аз он ки дар кадом гӯшаи дунё ба сар мебарад, бояд дар навишт ба қоидаҳои он забон риоя кунад. Мисол, қоидаҳои сарфу наҳв ва имлои забони русӣ дар Русия навишта мешаванд. Вале русҳо, сарфи назар аз он, ки дар кадом кишвари дунё ба сар мебаранд, бояд ба қоидаҳои забони русӣ риоя намоянд. Мисли ҳамин тоҷикон низ, сарфи назар аз он ки дар кадом гӯшаи дунё ба сар мебаранд, бояд ба қоидаҳои забоне, ки дар Тоҷикистон рӯйи кор меоянд, риоя кунанд, пешниҳодҳояшонро доир ба беҳбуди таълими он ба миён гузоранд... 
Камина ба сифати филолог ва омӯзгоре, ки дар мактабҳои таълими ҳамагонии Ӯзбекистон аз забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтаам, дар ин андешаам, ки бояд механизми таълими забон дар муассисаҳои таълими ҳамагонӣ ва олӣ куллан тағйир дода шавад. Яъне, дигар намешавад бо таълими қоидаҳое, ки дар асоси қоидаҳои грамматикаи забони русӣ навишта шудаанд, сатҳи забондонии насли ҷавонро боло бардошт. Ба ҷойи ин бояд ба корҳои амалӣ даст зад. Бигирем, мактаб 11-сола аст, бигузор, толибилмон дар соли охир — синфи ХI бо қоидаҳои забон ва таҳлили грамматикии ҷумлаҳо сарукор дошта бошанд. Суоле табиӣ пайдо мешавад, ки хонандагон аз синфи I то синфи X бояд бо чӣ машғул шаванд? Фикр мекунам, бо такя ба таҷрибаи пешинагон, ки шеърҳоро дар синни хурдсолию наврасӣ қориазёд мекарданд, агар толибилмон аз синфи I то синфи X бо ҳифзи беҳтарин пораҳои насрӣ  [бадеӣ, илмӣ ва публитсистӣ (аз сода ба мураккаб)] ва шарҳу дарки вожаҳои душворҳазм машғул шаванд, сатҳи забондониашон хеле боло меравад. Дар мадди назар бояд дошт, ки пораҳои насрӣ моҳияти тарбиявӣ доштанашон лозим.
 Аҳамияти аз ёд кардани пораҳои насрӣ дар он аст, ки дар зеҳни насли ҷавон қолабҳои гуногуни ҷумласозиро ташаккул медиҳад. Пӯшида нест, ки насли ҷавони 10-сола дар гузаштаҳои дуру наздик Қуръони маҷидро ҳифз намуда, ҳамчун ҳофизи Қуръон эътироф мешуд. Бигирем, бо ин усул агар толибилмон аз синфи I то синфи X камаш ду ҳазор пораи насриро ҳифз намоянд, таркиби луғавиашон хеле ғанӣ мегардад ва бе кумаки касе бо забони меъёр тарҷумаи ҳол, ариза, нақли хаттӣ ва иншо навишта метавонанд.
Дар синфи XI толибилмон метавонанд дар асоси ду ҳазор пораи насрии ҳифзнамудаашон, бе ишкол, қоидаи забон омӯзанд ва  бо таҳлили фонетикию грамматикӣ машғул шаванд. Имкон нест, ки дар як навишта ба шарҳи ҷузъиёти усули мавриди назар пардозем. Вале мо бар онем, ки ин усул усули самарабахштарини таълими забон мебошад... 
Умед аст, ки Кумитаи забон ва Вазорати таълими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъалаи хеле муҳим – роҳандозии механизми нави таълими забони форсии тоҷикӣ дар муассисаҳои таълими томактабӣ, мактабӣ ва олӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

А. СУБҲОНОВ.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: