Оператори бузурги туристии Чин ба бозори Ўзбекистон ворид мешавад

Дар доираи муаррифии сайёҳии «Ӯзбекистон – гавҳари Роҳи абрешим» дар Шанхай мулоқоти роҳбари Кумитаи сайёҳӣ У. Шодиев ва роҳбари гурӯҳи «China Comform Tourism» Чж. Нан баргузор гардид.

Дар ҷаласа яке аз ширкатҳои сайёҳии пешбари Чин оид ба туризми берунӣ "CCT" эълон кард, ки дар соли ҷорӣ 50 ҳазор сайёҳи чиниро ба Ӯзбекистон мефиристад. Барои ноил шудан ба ин нишондодҳо чорабиниҳои зарурӣ ва корҳои тарғиботӣ муайян карда шуданд.

Барои маълумот: гурӯҳи сайёҳии «ССТ», ки соли 1984 таъсис ёфтааст, дар Чин 300 филиал ва беш аз 3000 нуқтаи фурӯш дорад. Даромади солона 1,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: