«МОДАР-ТАБИАТ ДАР ҶИЛОИ РАНГҲО»

Чунин ном дорад намоиши асарҳои 56 нафар мусаввирони кишвар, ки бо ташаббуси Вазорати экология, ҳифзи муҳити атроф ва Академияи рассомони Ӯзбекистон дар галереяи Тошканд тантанавор кушода шуд.

Расмҳои Муниса Исроилова, Аслиддин Исоев, Болта Илёсов ва дигарон ҷолиби диққат аст. 
– Намоиши асарҳои ҳамкасбони ман ба мухлисон завқу шавқ бахшид, – иброз дошт академик – мусаввир Аслиддин Исоев, – дар оянда рассомон ба вилояти Самарқанд ташриф оварда, бо деҳаҳои Оҳалик, Оқсой, Боғи миллии Зарафшон, қаторкӯҳҳои Ургут шинос шаванд, албатта чашмаи илҳоми эшон ҷӯш хоҳад зад.

Зоҳир 
ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: